Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роғун-ишооти сарнавиштсоз ва сохтмони бузурги асар

Роғун-ишооти сарнавиштсоз ва сохтмони бузурги асар

13-01-2020, 09:42
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Роғун-ишооти сарнавиштсоз ва сохтмони  бузурги асар
Халқи тоҷик аз қадимулайём халқи бунёдкору созанда аст. Дар бунёд кардану сохтмони даҳҳо иншоотҳои муҳими асар маҳорату кордониӣ нишон дода ,бо меҳнати ҳалолу мносибати дилсӯзона иншоотҳои азими энергетикиро сохта ба истифода дод. Сохтмон ва ба истифода додани нерӯгогоҳи оби барқии РОҒУН аз чунин иншоотҳои азими асар мебошад, ки халқи тоҷик баҳри ба истифода дода шудани он муташаккилона меҳнат карда истодааст .
Баҳри пешрафти кор, таъмин намудани шароити кор дар нерӯгоҳ тамоми шаҳрвандони кишварамон саҳмгузоранд. Зеро дар мавриди ба истифода дода шудани ин нерӯгоҳ ҳам кишварамон Тоҷикистон аз нерӯи барқ таъмин мешаванд ва ҳам дигар кишварҳои минтақа, аз он истифода хоҳад бурд .
Аз ин лиҳоз сохтмони нерӯгоҳи оби барқи РОҒУН барои кишвари мо яке аз масъалаҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зеро бе бунёди ин нерӯгоҳ таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимои мамлакат ва баланд бардоштани сатиҳу сифати зиндагии мардум ғаримкон аст.
Сохтмони нерӯгоҳи оби барқии РОҒУН талаби замон , шарти асосии рушду тараққиёти давлат ва ҷомеаи мост. Инро ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд. Бо дарназардошти ҳамин нуқта сохтмони нерӯгоҳи барқи обии РОҒУН майдони кору меҳнати созанда ва ҷабҳаи зарбдори ободии Ватан мебошад.
Бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони иншоот илова ба маблағҳои буҷетӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, ташкилоту муасиссаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин,ҳамватони бурунмарзиамон тавассути харидорӣ кардани саҳмияҳои нерӯгоҳ ҳиссаи арзишманд гузоштаанд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба мносибати оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии РОҒУН Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд. «Оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии РОҒУН барои тамоми сокинони Тоҷикистон соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда варӯзи таърихӣ мебошад,ки мо онро солҳои дароз интизор будем ва барои расидан ба ин нияти некамон шабу рӯз заҳмат кашидаем».
Вобаста ба ин суханони Певои миллат имрӯз ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат, ҳар як колективи идораю муасисса бари давом додани корҳо дар нерӯгоҳ аз ҳар ҷиҳат саҳм ва ҳиссагузоранд. Аз тарафи дигар мох еле фараҳманд ҳастем,ки имрӯз беш аз 128 нафар зодагони Бадахшон барои дар сохтмони азими аср ширкат доштан ва бо меҳнати ҳалоли худ намунаи ибратро нишон додан ,озими сафари нерӯгоҳи барқи обии РОҒУН намуданд.Роғун-ишооти сарнавиштсоз ва сохтмони  бузурги асар
Меҳнати пурсамари ин гуна мутахассисони варзидаи вилояти мо, албатта дар оянда самараи нек ба бор оварда, иншооллҳ мутобиқи реҷаи корӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обӣ соли 2019 ба кор андохта мешавад ва масъалаи таъмини нерӯи барқ дар кишвари мо Тоҷикистон ба пурагӣ ҳал хоҳад шуд.
Дар фарҷом мехоҳам бо суханони Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам эмомали Раҳмон, ки дар ҷамъомади тантанавӣ ба мносибати оғози кори агрегати якуми неругоҳи барқи обии РОГУН намудаанд, фикрамро хотима бахшам….РОҒУН- манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалбиҳар як фарди Ватан, сарчашмаи қболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолату рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад
Сайёра Саидраҳматуллоева,
омӯзгори Муассисаи таҳсилоти
Миёнаи умумии рақами №92-и
ноҳияи Сино ш. Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: