15 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оғози расмӣ бахшиданд.
Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии марҳилаи аввали иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор нафарро қонеъ мекард.
Акнун бо ифтитоҳи марҳилаи дуюми иншоот иқтидори истеҳсоли оби тоза дар як шабонарӯз зиёд ва сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки обполакҳо бо истифода аз навтарин технологияи соҳа сохта шудаанд ва ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Иншооти мазкур аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполоӣ иборат мебошад. Инфрасохтори истгоҳи обполоӣ бо бартариҳои зиёд аз дигар лоиҳаҳо тафовут дорад. Он дар масоҳати ками замин ҷойгир шуда, оби нӯшокиро бо сифати баланд коркард менамояд, ки ин бартарии асосии лоиҳаи мазкур мебошад.
Зимни боздид аз истгоҳи обполоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба баланд бардоштани сифати об ва таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ҷалб намуданд.
Ба андешаи Пешвои миллат Тоҷикистон кишвари сероб аст ва дар шароити имрӯза бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда, бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обӣ оқилона истифода гардад.
Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши обтозакунӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ оғоз гардида буд.
Лоиҳакаш ва паймонкори истгоҳи обполоӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Ширкати муштараки олмонию итолиёвии Людвиг Пффайфер — Эмит (“Ludwig Pfeiffer — Emit”) буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ҳамин ширкатҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтаззами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тоза ҳавзҳои танзими шабонарӯзии Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” аҳамияти калон доранд.
Он аз се ҳавзи ҷудогонаи обтакшинкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад.
Дар коркарду безараргардонии оби нӯшокии барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад.
Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи гипохлориди натрий — маҳлул барои безараргардонии оби нӯшокӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар коргоҳ се хатти истеҳсолӣ васлу насб гардидааст ва маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла, омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои кимиёвӣ тайёр мешавад.
Аз руи ҳисоби мутахассисон баҳри иқтидори солонаи иншоот ва коркарди пурраи оби нӯшокӣ барои сокинони шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.
Илова ба корҳои анҷомдодашуда дар ин иншоот ҳамчунин сохтмони бинои маъмурӣ, бинои истгоҳи трансформаторӣ, коргоҳи автоматикии коагулятсия ва флокулятсия, бунёди амбори пойгоҳ ва кашонидани хатти қубури қутраш аз 1000 то 1600 миллиметр дар масофаи 1,1 километр иҷро гардидааст.
Иншооти мазкур дар идомаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо мақсади таъмин намудани сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардид.