Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Давлати дунявӣ ва имконоти фарҳангӣ

Давлати дунявӣ ва имконоти фарҳангӣ

14-01-2020, 16:50
Хабарро хонданд: 413 нафар
Назарҳо: 0
Давлати дунявӣ ва имконоти фарҳангӣ
Дунявият (секулоризм), ки маҳсули зеҳни пӯё, дирояту фарҳанги тавоно ва тафаккури зиндаи инсонӣ мебошад, зиёда аз сад соли ахир ба унвони модели асосии ҷомеасозӣ ва давлатмадорӣ шинохта шудааст ва нухбагони сиёсии кишвару миллатҳои гуногуни сайёра ба ин тарзи мудирияти сиёсӣ алоқаманданд. Иллати эътимоду бовармандӣ ба ин тарзи мудирияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, қабл аз ҳама, дар озод ва боз будани фаъолиятҳои инсонӣ дар муҳиту фазои иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Дар зимн, элитаи маданию сиёсии ѓарбӣ дар заминаи давлатсозии дунявӣ ва сохтмони ҳукумати фарҳангӣ ҳанўз аз садаи ҳаждаҳум ибтикороти ҷиддӣ рўйи даст гирифтанд. Ин буд, ки сохтани низоми давлатсозии миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дунёгаройӣ дар низоми сиёсӣ дар фарҳанги аврупоӣ ҷойгоҳи вежа касб кард.
Мусалламан, ҷараёни дунёмадорӣ дар Аврупо аз асри ҳаждаҳ шурўъ шуда, барои ба вуҷуд овардани муҳит ва фазои солими сиёсию маданӣ як зумра равшангарони бузурги аврупоӣ, аз ҷумла Дидро, Руссо, Волтер, Монтескиё ва дигарон саъю талоши фаровон карданд. Ниҳодҳои мадании ѓарбӣ дар симои маорифпарварони франсавӣ рисолати худро бар мабнои хирад ва андешаи созандаи башарӣ анҷом дода, дар боло бурдани сатҳи бедории иҷтимоӣ ва фикрии ҷомеа саҳми сазовор гирифтанд. Онҳо бо такя ба донишҳои илмӣ ва биниши фалсафӣ ба мушкилоти сиёсӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, динӣ-мазҳабӣ ва маданӣ бархӯрд карда, тадриҷан тафаккури интиқодиро дар миёни табақоти иҷтимоӣ тасаллут бахшиданд. Маорифпарварони вақти Фаронса бар мабнои донишҳои илмӣ ва дар чаҳорчӯби арзишҳои инсонӣ як навъ барномарезиҳои сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ ва маданӣ ҷур карда, ба ин васила роҳро барои раҳоӣ аз бунбастҳои фикрӣ, ахлоқӣ, динӣ-мазҳабӣ ва идеологӣ ҳамвор сохтанд. Аммо дар масири таҳаввулу тараққӣ мушкилот хеле зиёд буд.
Муқовимат ва муборизаи равшангарони замон бо мутаассибини давр, ки аз кудрати азими сиёсӣ ва динӣ бархўрдор буданд, аз тариқи силоҳи ақлу мантиқ ва хираду донишҳои дунявӣ сурат мегирифт. Махсусан, бо неруи тавонои калисо ва рӯҳонияти мутаассиби масеҳӣ рӯ дар рӯ набард кардан кори саҳлу осон набуд. Калисоиюн ва меҳробиён, ки дар паноҳи давлат ва калисо аз имтиёзоти фаровоне бархўрдор буданд, ҳаргиз намехостанд, мардум ба таҷаддуд ва навгаройӣ бипардозанд ва ин шеваи кору фаъолиятро, чи дар қаламрави нуфузи диёнати исломӣ ва чи дар сарзаминҳои аврупоӣ аҳли калисо ва тақво, ба ҳеҷ ваҷҳ, қабул надоштанд.
Ба ин тартиб, дунявият ё секуляризм намунаи беҳтарини давлатдорӣ ва ҷомеасолорист, чаро ки он ба илму хирад ва донишу фазилати инсонӣ такя мекунад. Афзун бар ин, дунявият ва низоми зиндагии дунявӣ ба шарофати фидокориҳои олимону равшангарони ѓарбӣ, ки болотар аз онҳо ёдовар шудем, иттифоқ афтодааст.
Давлати Тоҷикистон ҳам, мутобиқи санади олии қонунгузорӣ –Конститутсия тайи зиёда аз бисту панҷ сол аст, ки дар пайи сохтани давлати дунявӣ гомҳои устувор бардошта, тавассути роҳандозӣ намудани барномаҳои мушаххаси сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар татбиқи сиёсати секулорӣ аз тамоми имконот истифода мекунад. Барои сохтани давлати миллӣ бар мабнои низоми сиёсии дунявӣ мо замина, таҷриба ва собиқаи тўлонии таърихӣ дорем. Ҳанўз дар қадимтарин бовару эътиқодоти форсӣ-тоҷикӣ, ки дар қолаби афсонаю асотири миллӣ-мардумӣ бофта ва пардохта шудаанд, сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ таҷассум ёфтаанд (дар қолаби асотири бостонии Ҷамшеду Фаридун, Рустаму Сиёвуш барномарезиҳои давлати дунявӣ ва ҳукумати фарҳангӣ мунсаҷим шудаанд).
Бояд тазаккур дод, ки давлати дунявӣ, қабл аз ҳама, имконоти фарҳангиро фароҳам меоварад. Имконоти фарҳангӣ шароити мусоидро барои таҳкиму тақвият ёфтани раванди бедории фикрӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меоварад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта шурӯъ карда, тасмимоти давлат ва Ҳукумати ҷавони Тоҷикистон бештар сари фарҳангикунонии ҷомеа аз тариқи таҷлили солрўзи бузургтарин чеҳраҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ қарор гирифта, дар заминаи омўзиш ва таҳқиқи осори гузашта солгардҳои шоирону мутафаккирон ва давлатмардони бузурги миллӣ, аз қабили Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Умари Хайём, амир Исмоили Сомонӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ ва дигарон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ доир гардид. Соли тамаддуни ориёӣ ба унвони тадбири сиёсӣ ва фарҳангӣ (ниг.:Тамаддуни ориёӣ ва худшиносии миллӣ. //Маҷмўаи мақолаҳо. –Душанбе: «Деваштич», 2008. -С.3), ки таҷлили саросарии он дар соли 2006 иттифоқ афтода буд, гардиши куллиеро дар самти шинохт ва муаррифии Давлати дунявӣ ва имконоти фарҳангӣмероси арзишманди тамаддуни ориёӣ дар марҳилаи давлатсозии миллӣ ба вуҷуд овард. Илова бар ин, дар замони таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории суботу амнияти иҷтимоӣ таҷлили вусъатноки ҷашну маросими бостонии миллӣ, назири Наврўз, Меҳргон ва Сада аз авлавиятҳои давлатӣ шинохта шуд. Бавижа, таҷлили ҷашни бостонии Наврўз дар саросари кишвар ва ба ҷашни байналмилалӣ бадал шудани он ҳодисаи нави таърихӣ дар масири фарҳанггустарӣ ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Таҷлили ҷашнҳои бостонии Наврўз, Сада, Меҳргон, Тиргон, Ялдо ва амсоли инҳо, ки дар хотираи таърихии миллати мо ҳифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд (ниг.:Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. –Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17), тақозои замон мебошад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бозбинӣ ва ба сатҳи миллию фаромиллӣ расонидани иду маросимоти мардумӣ аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Дар баробари таҷлили саросарии ҷашну маросимоти миллӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ба масъалаи умдаи сиёсати давлати миллӣ табдил ёфта, дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ба ин самти муҳим аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Ҳанўз баъд аз он ки соли 2003 Конвенсия (Муоҳада)-и ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ѓайримоддӣ (маънавӣ)» қабул гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба узвияти ин Муоҳада пазируфта шуд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти масъала, Ҳукумати Тоҷикистон 31 майи соли 2012, таҳти №263 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ѓайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он мушаххасоти таълиму тадвин, тарѓибу ташвиқ, таҳияву интишор ва ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ матраҳ гардидааст (ниг.:Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Ҷилди 1.–Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. -С.6). Бар мабнои он, таваҷҷуҳ ба мероси гузаштаи фарҳангӣ ва ҷиддитар аз ин, ҳифзу нигаҳдошти он аз газанди рўзгор рисолати давлати миллӣ ва фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ мебошад.
Дар марҳилаҳои ҳассоси сиёсӣ ва геополитикӣ таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ авлавияти сиёсӣ ва давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина ба талаботи замон мутобиқ сохтани базаи моддию техникии самти марбута мадди назари бевоситаи Сарвари давлат қарор гирифтааст. Таҷдиди инфрасохтор, бунёди иншоотҳои замонавӣ, сохтан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаҳои нави фарҳангӣ-фароѓатӣ ва маърифатӣ, минҷумла Китобхонаи миллӣ, ки намунаи баланди меъмории башарӣ мебошад, силсилаи иқдомоти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ буда, раванди созандагию бунёдкорӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ҳамчунон идома дорад.
Ҷомеаи маданӣ, қабл аз ҳама, бо дониш ва фарҳанг сари кор дорад ва ба василаи такмилу тавсеаи илму дониш, ки аз тариқи китобу мутолеа ба даст меояд, ба густариши фарҳанг машѓул мешавад. Ин аст, ки ҷалби насли ҷавон ба китобу китобхонӣ аз масоили ҷиддиест, ки пешорўйи мақомоти марбута ва дастандаркорони соҳа қарор дорад. Китобхонӣ ва китобдўстӣ аз муқтазиёти муҳими замонӣ маҳсуб меёбад, зеро ки сатҳи баланди огоҳӣ, шинохт ва арзишгузорӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи биниши ҷомеа вобастагӣ дорад. Ташаккул ва таҳаввули биниш ва диди хонанда, омўзанда ва умуман, шаҳрванде, ки дар фазои амну суботи қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сар мебарад, умри ваҳдату ҳамбастагии мардумро дароз менамояд ва ҳусни тафоҳумро дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ таҳаққуқ мебахшад. Ин аст, ки Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) таъкид карданд, ки китоб ва китобхонӣ ҳамчун арзиши олии фарҳангӣ боиси қудрату тавонмандиҳои миллӣ мегардад. Дар ин замина, Президенти мамлакат дастур доданд, ки аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, то тамоми мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳо, ширкату ташкилотҳо бояд дорои як китобхона бо фарогирии китобҳои бадеӣ ва илмию оммавӣ бошанд. Ин иқдом маънои онро дорад, ки бо фароҳам омадани имконоти мусоиди фарҳангӣ на танҳо насли наврасу ҷавон, балки насли миёнсолу солманд ҳам бояд ба раванди китобхонӣ ҷалб шаванд, то ин ки хурофоту таассуби динию мазҳабӣ ва сиёсию идеологӣ, ки ба сифати вабои аср шинохта мешаванд, дар баданаҳои иҷтимоӣ реша надавонанд.
Ба таври куллӣ, дар раванди давлатсозии миллӣ ва ҷомеаи секулорӣ фарҳангу ҳунар минҳайси аносири ҳувиятӣ нақши калидӣ доранд. Бар ин маъно файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитше таъкид карда буд: «Ҳунар бузургтарин муҳаррики зиндагӣ аст» (ниг.:Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.255). Ба василаи рўйи кор овардани офаридаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҷомеа худ аз худ таѓйир меёбад ва зиндагисозӣ ба унвони маҳорати фарҳангию ҳунарӣ маҳбубият пайдо менамояд. Муҳимтар аз ҳама, пеши роҳи ҷангу даргириҳоро, ки аз ҷаҳолату таассуби ҷомеа сарчашма гирифта, мусибатҳоро дар пай доранд, аз тариқи фарҳангу ҳунари созанда метавон гирифт ва сулҳу амниятро дар ҷомеа ҳифз намуд. Аз тарафи дигар, имконоти фарҳангии густурда, ки аз бофтор ва матни давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ маншаъ мегиранд, дар таҳкиму тақвияти раванди миллатсозӣ мусоидат мекунад ва чун сипар дар баробари хавфу хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ хидмат менамояд.

Н. Нуров,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: