Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд

11-01-2020, 15:03
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намудандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ – Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саидро дарёфт намудам.

Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, яке аз маъруфтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд.

Марҳум дар маснади Султони Умон барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Умон хизматҳои бузурге анҷом дода, ислоҳотҳои зиёдеро ба роҳ монд.

Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем.

Вобаста ба ин талафоти бузург, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми бародари Салтанати Умон баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам. Парвардигори бузург марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: