Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Ховалинг доир ба Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он маълумот пайдо намуданд

Дар Ховалинг доир ба Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он маълумот пайдо намуданд

11-01-2020, 13:00
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ховалинг доир ба Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он маълумот пайдо намуданд
Бо иштироки аъзоёни ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии беҳдоштӣ оиди омӯзиши Барномаи пешазинтихотии ҲХДТ, номзадҳои он ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар назди аъзоёни ташкилот аъзои ситод, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳо Шарифҷон Набиев, сардухтури муассиса Абдунабӣ Алиев баромад намуда, ба онҳо дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маълумот дода, вазифаи ҳар як интихобкунандаро дар баргузории ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ возеҳ шарҳу эзоҳ доданд.
Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд, - цайд шуд дар баромад.
Интихобот бошад ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванд барои рушду ободии кишвар масъулиятшиносии баландро тақозо менамояд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кормадони муассиса ҳамкори худ шахси бемор Саидова Зеборо аёдат намуданд. Дар доираи Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид мегардонад!” бошад иштирокчиёни вохӯрӣ барои манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ муттаҳид гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: