Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Хоруғ бо иштироки Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр баррасӣ гардиданд

Дар Хоруғ бо иштироки Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр баррасӣ гардиданд

10-01-2020, 14:30
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Дар Хоруғ бо иштироки Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр баррасӣ гардидандДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хоруғ ҷиҳати баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистогн Шамсиддин Орумбекзода, ки бо дастури Пешвои миллат сарпарастии шаҳрро бар дӯш дорад, ҷаласа оид ба баррасии натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 ва нақшаҳо барои соли равон баргузор гардид.

Мудири шуьбаи иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хоруғ вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар соли 2019 маьлумот дод. Ҳамчунин масъулони соҳаи молия ва андоз, КВД «Обу корези шаҳр» ва хоҷагии коммуналии шаҳр, раисони шаҳракҳои И. Сомонӣ ва Ш. Шоҳтемур аз фаъолияти солонаи худ гузориш доданд.

Дар ҷаласа муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳоиДар Хоруғ бо иштироки Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр баррасӣ гардиданд раиси ВМКБ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро барои таъмини саривақтӣ ва босифати супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва роҳбарияти вилоят даъват намуд.

Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ки аз тамоми сарчашмаҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ мегардад, изҳори назар карда, умедвории худро вобаста ба вусьат додани корҳои ободониву созандагӣ махсус зикр намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: