Вохӯрӣ бо вакил16-07-2019, 13:49
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби интихобкунандагони минтақаҳои 71 ва 72 ноҳияи Сино вохурӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №53 - Исмоилов Н.Ҷ. баргузор гардид, ки дар кори он Файзуллозода З.Ф. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Файзуллозода З.Ф. - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино доир ба нақшу иштироки ҳар як интихобкунанда дар рӯзи баргузории интихобот таъкид намуда, иброз дошт, ки фаъолона иштирок намудан аз ҳар як интихобкунанда масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд, зеро ӯ бо райъи худ ба ҷонибдории номзади арзандааш иродаи сиёсии худро ҳамчун иштирокчии равандҳои ҷомеа нишон медиҳад ва иродаи сиёсии худро бо райъаш месупорад ва дар қабули санадҳои муҳиму созандагӣ саҳмгузор мегардонад. Дар идомаи вохурӣ бо интихобкунандагон Исмоилов Н.Ҷ. - вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №53 ва шахсони расмӣ суханронӣ намуда, доир ба нақшаву самтҳои асосии фаъолияти хеш ҳозиринро огоҳ намуданд. Дар фарҷом дар фазои гуногунандешии сиёсӣ аз ҷониби интихобкунандагон саволу ҷавоб ва баромадҳои судманд шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.