Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Андешаҳои вакилон аз Анҷуман

Андешаҳои вакилон аз Анҷуман

20-12-2019, 16:56
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Андешаҳои вакилон аз Анҷуман Дилафрўз СИРОҶИДДИНОВА,
директори МТМУ №17 ноҳияи Ёвон, вакили Анҷумани 13-уми ҲХДТ:
- Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомаи Тоҷикистони навин ҷойгоҳи махсуси худро пайдо кардааст, давоми 25 соли фаъолияти пурсамараш бо мақсади таъмини оромӣ, сулҳу субот, ободӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз корҳои зиёдеро ба анҷом расонид, ки дар таърихи Ватан ба таври ҷовидонӣ сабт хоҳанд шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа ба масъалаи марбут ба занон ва ҳалли мушкилоти онҳо ҳамеша таваҷҷуҳ доранд. ҲХДТ соябон ва ормону орзуҳои занони кишвар аст. Занон дар ҳар давру замон неруи созанда ва тавоноанд. Маҳз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ин қишри ҷомеаро водор месозад, ки масъулияти модаронаи хешро дучанд намуда, дар ҳамаи соҳаҳо фаъолияташонро хуб ба роҳ монанд.
Ман ҳамчун зан-модар, ҳамчун вакил аввалин маротиба дар ин гуна ҳамоиши сатҳи баланди ҳизбӣ иштирок кардам. Дар Барномаи ҲХДТ дар қатори дигар самтҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар масъалаи занон низ дар мадди назари Роҳбари давлат аст. Ин моро водор месозад, ки мо занон ҷавобан ба ҳамаи ѓамхориҳои Пешвои миллат дар ифои вазифаи хеш, тарбияи насли ҷавони ояндасоз дар рўҳияи ватандўстию меҳанпарастӣ масъулиятшинос бошем.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳарчанд наврас будам, аммо то ҳол даҳшати он аз хотирам нарафтааст. Тарс, гуруснагӣ, ѓаму андуҳ… ҳосили он солҳои шум буданд. Маҳз ҷоннисориҳою шуҷоату далерии Сарвари давлат буд, ки мо аз вартаи нобудӣ раҳо шудем. Шукр, ки он рўзҳои сиёҳ ва сангин паси сар шуданд. Миллат ба ҳам омад. Имрўз Ватани биҳиштосои мо ободу гулгулшукуфон аст. Мо ва фарзандонамон дар ин фазои орому осуда зиндагонӣ дорем ва аз ҳавои муаттараш нафас мегирем. Аз ин беҳтар барои Модар чӣ буда метавонад?
Мо занони мамлакат, ҳамчун аъзои содиқи ин ҳизби мардумӣ терроризму экстремизмро маҳкум намуда, такя бо суханҳои пандомези «Шишаи номуси миллат дар баѓал дорем мо» сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ мекунем ва дар аҳди хеш ҳамеша устуворем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: