Вазифаи ҷонии мо11-12-2019, 17:34
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Боиси хушҳолист, ки ҳизби ормонҳои миллӣ- ҲХДТ 25-сола шуд Ҳизбе, ки меваи истиқлолият, даврони худшиносии миллати куҳани тоҷик мебошад. Дар ин даврони кӯтоҳ ин ҳизб бо роҳбарии Сарвари хирадмандаш ба дарахти боровар табдил ёфт. Ҳоло аз меваю самари сабзи он тамоми қишрҳои ҷомеа баҳра мебаранд. Ҳизби мо имрӯз соябони сари мардуми заҳматкаши тоҷик буда, барои ободии кишвар хидмат мекунад.
Шукри Яздони пок, ки мо, шаҳрвандон имрӯз аз неъмати бузург - суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз меваҳои фаъолияти созандаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ба хубӣ баҳрамандем. Зиёд гаштани сафи аъзои ин ҳизби бонуфуз аз ҳисоби фарзандони барӯманди Ватан, ба таври куллӣ тағйир ёфтани сифати кори ҳизбиён дар ҷомеа худ шаҳодати мавзеи қавӣ ва мустаҳкамии ғояҳои ин ҳизб дар саросари ҷумҳурӣ мебошад. Пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, таҳияи қонунҳои нав аз ҷониби фраксияи ҲХДТ дар парлумони касбӣ, ки ман ҳам узви он ҳастам, кафолати рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ буда, заминаи ҳуқуқиро дар ҳамаи соҳаҳо фароҳам намудааст. Ҷои пинҳон доштан нест, ки ҳамзамон, бо фаъолияти босамари ҳамаи бахшҳои ҳизб кори судманди нашрияҳои ҳизбӣ, бахусус, ҳафтаномаҳои «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» низ барои амалӣ намудани ғояҳои асосии ин ҳизби дар ҳақиқат халқӣ, алалхусус, иҷрои қонунҳо, муҳайё намудани шароити шоистаи зиндагӣ барои сокинони кишвар барҷаста буда, натиҷаҳояш баръало ба чашм мерасад. Мо аз он фахр мекунем, ки аъзои ин ҳизб мебошем ва вазифаи ҷонии худ медонем, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва миллии ҷумҳурӣ, ки ҷавҳари барномаи ҳизбро ташкил мекунад, бо тамоми қувва, донишу таҷрибаи худ саҳм гирем. Баҳром Абдуалимов, муовини раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.