Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳиндустон 25 квотаро барои Тоҷикистон ҷудо кард

Ҳиндустон 25 квотаро барои Тоҷикистон ҷудо кард

22-11-2019, 10:18
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
Ҳиндустон 25 квотаро барои Тоҷикистон ҷудо кард
Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бо нашри хабаре эълон кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҳиндустон барои солҳои 2020-21 даъват мекунад. Маълумоти муфассал дар сомонаи Сафорат дастрас аст. Дар огоҳнома омадааст, ки барои шаҳрвандони кишвар 25 квота ҷудо гардидааст.
Ҳар сол Ҳукумати Ҳиндустон ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани дараҷаҳои бакалавр, магистр ва докторӣ дар донишгоҳҳои Ҳиндустон квотаҳоро пешниҳод мекунад. То имрӯз зиёда аз 360 шаҳрванди Тоҷикистон ин имкониятро истифода кардаанд.
Ҳиндустон шарики муҳими Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таълим ва такмили ихтисос мебошад. Ба шарофати барномаи Ҳамкориҳои Техникӣ ва Иқтисодии Ҳиндустон (ITEC), ҳар сол 200 мутахассисони тоҷик барои такмили ихтисос ба Ҳиндустон мераванд. Ин курсҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон пурра маблағгузорӣ карда мешаванд ва то имрӯз дар доираи барномаи ITEC беш аз 1425 мутахассис ва хизматчиёни давлатии тоҷик, таълим гирифтаанд.
Тафсилоти бештар: http://www.eoidushanbe.gov.in/alert_detail/?alertid=22

Г. Мадимар

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: