
Паҳншавии сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар байни кӯдакони то 18-сола сол аз сол кам шуда истодааст. Зикр кард муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон, Саида Умарзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи мавсуф соли 2013 ВНМО дар байни кӯдакон 12,3 фоизро ташкил медод, ки ин нишондод дар 6 моҳи соли 2019 то ба 10,1 фоиз паст фаромадааст. Ҳамчунин тамоили паҳншавии сироят бо роҳи аз модар ба кӯдак ва паҳншавии сироят дар байни нашъамандони тазриқӣ низ ба тадриҷ кам гаштааст.
Зикр карда шуд, ки сирояти ВНМО зери назорат буда, солҳои охир ҷиҳати пешгирии он дар ҷумҳурӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, тамоми имкониятҳо баҳри дарёфту муайянсозӣ, пешниҳоди табобатҳои махсус ва назорату расонидани кумакҳои палиативӣ ба беморону сироятёфтагон фароҳам оварда шудаанд.
Нишондоди фарогирӣ ба табобат беҳтар гардида, аз 8 ҳазору 308 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 6 ҳазору 400 нафар табобатро идома дода истодаанд, ки 77,1 фоизро ташкил медиҳад. Иннишондиҳанда сол аз сол беҳтар мегардад.
-Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур- ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ мебошад. Дар 5 соли охир миёни зиёда аз 700 ҳазор нафар аҳолӣ оид ба сирояти ВНМО, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд, афзуд С. Умарзода
Саида Хоҷаева