ТО КУҶО БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ АРҶ МЕГУЗРЕМ23-09-2019, 11:20
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 09 сентябр миллати тоҷик 28-умин солгарди Истиқлолити комили миллиро таҷлил намуд. Истиқлолият, нешоне аз озодиву озодагӣ, ватандориву миллатсолорӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ ва билохира соҳибдавлатиӣ мебошад. Имрўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиќлолияти давлатӣ дарбирҳои зиёде рўи даст дорад. Ин дар ҳолест, ки дар вазъияти хатарзои замони муосир на ҳама нафарон дар ҷомеаи мамлакат ваҳдати миллӣ ва Истиќлолияти комили давлатиро арҷ мегузоранд. Мо имрўз то куҷо Истиќлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро пос медорем? Ин мавзўе буд, ки моро ҷиҳаҳати навиштане матбале дар ин хусус водор кард. Ҳануз 09 сениябри соли 1991 бо ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ ва бунёди давлати ягона бо номи Ҷуҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик, орзуву мароми 1000 солаи гузаштагони худро амалӣ намуд. Воқеан агар мо сайри таърих намоем, дармеёбем, ки баъди аз даст рафти давлати бузурги миллӣ бо номи “Сомониён” миллати тамаддунофари тоҷик, ҷиҳати дубора сарҷамъ омадан ва бунёди боз як давлати ҷадид кушишҳои зиёде намудаааст, аммо бо иллатҳои гуногун ва бо монеаҳои гузоштаи душманон ин неъмати бебаҳо муяссараш нашудааст. Дар тули таърих миллати тоҷик соҳибтоҷ, соҳибдавлат буд, ғуруру матонату мардонагии фарзандони он боиси ибрат буданд, вале ҳануз ҳазор сол қалб бо шикаст додани давлати бузурги миллӣ, аз дасти бадхоҳон ба таъриху фарҳанг ва рушду нумӯи онзарба зада шуд. Истилогарони араб бар сари мо хурофоту бегонагиро бор намуд, тули 700 сол муғулҳо аз паи нобудсозии мо буданд. Дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ низ, бадхоҳони миллат намехостанд тоҷик будора соҳибдавлат бошад, аммо бо ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат ва бо амри тақдир миллати тоҷик соҳибдават гардид. Гумон мекунем, инак замони бедориву ҷасурӣ, ватандустиву меҳанпарастӣ ва барои ҷаҳониён муаррифӣ намдудани фарҳанги миллӣ, ҷасорату мардонагии фарзанди модари тоҷик даррасид. Дар зарфи 28-соли Истиқлолияти комили давлатӣ миллати тоҷик созанда, тарбиятдиҳанда будани худро исбот карда тавонист. Ба ин ҳама бадхоҳихои душманони миллат, ки ҷиҳати ба нести равона кардани тақдири миллати тоҷик тули 1000-солаҳос мубориза мебаранду хушбахтона ба мақсуд намерасанд, боз ҳам дар баъзан ҳолат мушоҳида шудани, рафтору кирдори носипос аз ҷониби ин ё он нафар дар ҷомеаи кишвар нороҳаткунанда мебошад. Ин ҳам дар ҳоест, ки дар баробари бадхоҳиҳои душманони ин қавм, дар ҷаҳони кунунӣ дому хатарҳои зиёде арзи ҳастӣ кардаанд, ки ҷиҳати печида намудани вазъи сиёсии дилхоҳ ҷомеа ва ба коми нестӣ равона кардани заҳматҳои чандинсолаи қавму миллатҳо қурдат ва тавоноӣ низ доранд. Истиқлолияти миллӣ аз худогоҳиву хештаншиносӣ маншаъ мегирад Таҷрибаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки мустаҳкамкунандаи аслии пояҳои Истиқлолияти миллӣ, ин Истиқлолияти илмиву зеҳнӣ, маънавиву худшиносӣ миёни ҷомеа мебошад. Аммо пеш аз таҳлилу баррасии вазъи Истиќлолияти илмиву зеҳнии ҷомеаи тоҷик мебояд каме ба воқеоти таърихӣ назар афканем. Ҳанӯз 1000 сол қабл давлати бузурги миллии тоҷикон “Сомониён”, пароканда гардид, миллати тоҷик ба зарбаи ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин ҳама муддат миллат аз давлатдорӣ дар канор монда бошад ҳам, арзишҳои милливу давлатдории худро гум накард. Шояд кам миллате бошад, ки тули ин ҳама асрҳо бо ранҷу машаққати дошта, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худро ҳифз намуд, аммо гузаштагони мо тавонистанд ин ҳама ганҷҳои наҷибро ба мо мерос гузоранд, ки ин аз ғуруру хештаншиносии сатҳи баланди ин қавм дарак медиҳад. Вале бо он ҳама мушкилоти мавҷуд буда родмардони ин миллат, ҷиҳати ба даст овардани давлати мустақил ҳеҷ ором нагирифтанд ва билохира тоҷик имрӯз мустақил аст, яъне соҳибдавлат мебошад. Имрӯз вазъ дигар аст, заноме Истиқлолияти давлатӣ, Истиқлолияти маънавиву илмии мо мустаҳкам мегардад, ки аз худ ҳамчун миллати воҳид ва хештаншинос дарак диҳем. Бобати навиштани маводи мазкур ва муайян намудани вазъи феълии худогоҳиву худшиносии ҷомеаи тоҷик мо бо коршиносони зиёде суҳбат доштем, ки ҳамагӣ аз то ба ҳол ҷой доштани маҳалгароӣ миёни ќишри ҷавону наврасӣ ҷомеа дар ташвиш буданд. Маҳалгароӣхислати манфии инсонӣ Воқеан ҳам маҳалгароӣ дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миёни ҷомеаи тоҷик дар зинаҳои болоӣ қарор дошт. Маҳз ҳамин хислати манфии инсонӣ, боис гардид, ки қариб буд бо дасти душманон, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим гардад. Аммо гузаштагону бузургони мо дар ҳама давру замон ҷомеаро ба миллагароии созанда даъват мекарданд, пас ин ақидаи ғалат, ки он ҳам маҳалгарист, чӣ гуна дар ҷомеаи тоҷик, ки давраи авҷи он таи солҳои охири ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошад, пайдо гашт? Таҳќиќ нишон медиҳад, ки омили аслии пайдо гардидани маҳалгароӣ миёни ҷомеаи тоҷик, ин мавҷуд намудани робитаи минтақаҳо дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки он ҳам сабабҳои худро дошт. Омили аслии он мавҷуд набудани роҳҳои мусоид ва душвор будани шароити куҳӣ дар минтақаҳо мебошад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, маҳз ҳамин хислати бегонапарастӣ ва маҳалгароии сузанда боис гардид, ки бо дасти душманон алангаи оташи ҷанг фурузонтар гардад. Бо шарофати Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, паҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раҳои ёфтан аз бумбасти комуникатсионӣ рафтуомади сокинони ҳама минтаќаву мавзеъҳои мамлакат ба ҳам бештар гардида, бо ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва дарк кардани хислатҳои манфии маҳалгароӣ ба ќавле ин таълимоти сўзанда дар ҷомеа тоҷик аз байн рафт. Аммо баъзан ҳолат гуфторҳое аз забони наврасону ҷавонон бобати ҷой доштани хислатҳои маҳалгароӣ ба гўш мерасад, ки моро мебояд бобати ин масъала андеша намоем. Гумон мекунем, дар доираи бедор намудани ҳуввияти миллӣ ва дарки хештаншиносиву ҳатто куллан решакан намудани маҳалгароӣ дар ҷомеа зиёиён метавонанд наќши бориз дошта бошанд. Илм ва адабиёт тарбиятдиҳандаи наслҳо Дар ҳама давру замон наќши зиёиён дар дилхоҳ ҷомеа, ҷиҳати бедории шуури мардум ва дар руҳияи миллатсолориву ватандустӣ тарбия намудани наслҳо калидӣ буд ва боќи хоҳад монд. Ҳамин аст, ки зиёиён “муҳаррики пешбарандаи ҷомеа” унвон шудаанд. Аммо имрўз дар баъзе хола худдорӣ намудани ин ќишри ҷомеа аз нишон додани вокуниш нисбат ба ин ё он ҳолати манфии дар ҷомеа ба вуќуъоянда мавриди нигарнӣ мебошад. Коршинсон бар он назар ҳастанд, ки имрўз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дигар шудааст. Бо раванди рушди илму технлгия назару фаҳмиши сокинон бахусус ќишри ҷавони мамлакат дигар шудааст. Имрўз замоне расидааст, ки олимону зиёиён бо навиштани матлабе дар матбуоти даврӣ талаботи сокинонро ќонеъ сохта наметавонон. Имрўз ҳамагӣ сарчашмаи иттилоотро дар шабакаи ҷаҳонии “Интернет” мебинанд ва зиёиён низ маҳз дар чунин шабакаҳо бояд фаъол бошанд. Аммо дар ҳар сурат гумон мекунем ва таҷриба низ нишон медиҳад, ки ҳеҷ манбаи илмӣ ба китобдориву китобхонӣ баробар шуда наметавонад, ба ин хорит дур шудани табаќаҳаи гунони ҷомеаи мамлакат аз киботхонӣ масъалаи доги рўз боќи мемонад. Дар интиҳо месазад зикр дошт, ки воќеан вазъи феълии худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносиву миллатсолории на ҳама ќишри ҷавони мамлакат ќонеъкунанда мебошад, Дар ҳоле, ки Истиќлолити давлатӣ бо чунин рукнҳо тавъам аст. Агар имрӯз мо сайри таърих намоем дармеёбем, ки тоҷик омузонанда, бунёдкунанда, созанда ва дар ниҳоят тарбиятдиҳандаи дигар қавму қабилаҳо будааст. Вале ҳамин хислатҳои накӯ боиси нороҳативу ба миён гузоштани гарази нофалафон гаштааст. Аз замони шуҳратёр гардидани ин миллат, мухолифон бо роҳҳои ноҷавонмардӣ аз паи нобудии ин қавм шудаву чӣ зарбаҳои ҷонкоҳеро ба рушди зеҳниву ақлонии мо задаанд. Аммо имрӯз тоҷик боз ҳам соҳибдавлат аст. Замони мардонагуву ҷасорат ва ҳивозати марзу буми ватан, муаррифии тоҷики тоҷбарсар даррасид. Барои бунёди ояндаи дуррахсон бояд талош намуд. Сугдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.