Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолияти кишвар поянда аст

Истиқлолияти кишвар поянда аст

14-12-2017, 09:33
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолияти кишвар поянда аст
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд, ки ҳанӯз дар асрҳои IХ-Х бо номи давлати паҳнои Сомониён ва оғоз аз солҳои 20-уми асри ХХ бо номи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маъхазҳо ва солномаҳо ёд мешуд. Таъсисёбии давлати нав ба сифати узви комилҳуқуқи СММ ва субъекти муносибатҳои байналхалқӣ танҳо бо азбайнравии СССР аз саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ буд. Истиқлолияти сиёсии мамлакат гарчанд дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар назари аввал гӯё осон ба даст омад, вале минбаъд барои миллат хеле мушкил афтод. Дар остонаи истиқлолияти давлатӣ гуруҳи ҷоҳталабону маҳалгароён бо дастгирии хоҷагони берунаашон миллатро ба маҳалҳо тақсим карда, барои ҳокимият мубориза карданд. Вале онҳо ба мақсади хеш нарасиданд. Муборизаҳои сиёсии мансабпарастону ҳокимиятхоҳон миллати тоҷикро аз тавозуни бардошту таҳаммул берун кард. Андешаҳои ибрознамудаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мехостам дар ҳамин маврид ёдовар щавам, ки баён карда буд: «… сабру таҳаммули беназири мардуми мо буд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва фоҷиабори охири асри гузашта (ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар назар аст - Б. Ҳ.,) – вақте, ки хатари пароканда шудани миллат, аз байн рафтани низоми давлатдорӣ ва аз харитаи олам нест гардидани давлати тоҷикон ба миён омада буд, моро наҷот бахшид…».
Сиёсати имрӯзаи давлати мо низ идомаи сабру таҳаммул, бардошти миллат ва натиҷа аз сиёсати пайгирона ва дурандешонаи миллати тоҷик мебошад, ки татбиқи амалии онро фарзанди фарзонаи ҳамин миллат дар лаҳзаи ҳассоси таърихи навини тоҷикон ба сифати сарвари оқилу роҳнамо ва ифодакунандаи сӯзу гудоз ва розу ниёзи мардумаш идома медиҳад. Дар лаҳзаҳои ҳассостарини тақдирсози миллати тоҷик ҳамон ҳокимиятхоҳону бегонапарастон ба ӯҳдаи худ гирифтани ҳокимияти сиёсӣ даст кашида буданд. Зеро умед ба ақлу заковат, ирода ва қобилияти худ бовар надоштанд. Аммо марди 40-солаи ситорагарми тоҷик аз байни вакилони халқ, сиёсатмадорони варзидаи солхӯрдаи таҷрибаандӯхта, олимон ва ходимони давлатӣ бори вазнини масъулияти ба ҳам овардани миллати парешонгашта ва давлати парокандашудаистода, ҳокимияти сиёсии фалаҷгашта, зиддияти дохилимиллӣ торафт авҷ гирифтаистода ва мавҷудияту боқӣ мондани онро, ки хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, ба дӯш гирифт. .
Ҳамин тариқ, ба даст овардани истиқлол ва гузаштан яз як сохти сиёсӣ-иқтисодӣ ба дигар сохт барои Тоҷикистон санҷиши ҷиддие гардид. Ҷараёни шаклдигаркунанда дар набудани таҷриба ва малакаи ҳамкории сиёсии демократӣ душвориҳои зиёде меоварад, ки ин дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид – навиштааст муҳаққиқи тоҷик, профессор Маҳмадов А.Н.
Воқеан, роҳбари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи вақт имтиҳони ҷиддии таърих ва ҷомеасозии тоҷикистониён ба ҳисоб меравад. Аз умеди нек ба фардо нисбатан яъсу ноумедиҳо зиёдтар буданд. Аввалин суханронии Ӯ ба сифати роҳбари тозаинтихоб «Ман ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳ морам. То охирин гурезаро ба Тоҷикистон наоварам, худро ором намеҳисобам ва ғ., » - аввалин шӯълаи умедро барои тамоми мардуми сарзаминамон аз нав зинда намуд ва яъсу ноумедиҳо торафт аз шуури одамон дур мешуд.
Аввалин фаъолияти сиёсии қувваҳои пешқадами кишвар ин таъмини ҳимояи истиқлолияти сиёсии кишвар ва боз доштани раванди парокандагии миллӣ ва барҳам задании зиддияти дохилимиллӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар ин росто бо баргузор намудани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта шуд. Зеро ба таври воқеӣ заминаи устувор ва таркиби умедбахши ниҳодҳои давлатӣ таъсис додашуда, самти минбаъдаи тараққиёти давлатсозӣ ва ҷомеасолорӣ муайян гардид. Маҳз ҳамин сиёсати оқилона ва дур- андешона тавонист миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз маҳву парешонӣ наҷот бахшад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири бисту панҷ соли Истиқлолияти сиёсӣ ба дастовардҳои зиёд соҳиб шуд. Ба андешаи мо чунин муваффа-қиятҳо, қабл аз ҳама баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ имконияти воқеӣ пайдо карда буд. Бо вуҷуди ин дар такмили рукнҳои давлатдории миллӣ таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба амал омада буданд, ки он аз қабули конститутсия, таҳкими сохторҳои давлатӣ, муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, оғоз бахшидан ба самти сиёсати модернизатсионӣ, инкишофи давлат ва ҷомеасозӣ дар давраҳои минбаъда асоси сиёсати тактикӣ ва стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар олами муосир халқу миллатҳои гуногунро дучор шудан мумкин аст, ки солҳои тӯлонӣ дар орзуи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ ҷонбозиҳо мекунанд ва ба ин ҳадафи хеш расида наметавонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони расидан ба истиқлолияти сиёсӣ натавонист ба монанди дигар халқу миллатҳои собиқ Шӯравӣ аз истиқлолияти сиёсии худ дифоъ ва соҳибӣ намояд Муборизаҳои дохилии кишвар ҷисму ҷони ҷомеа ва тафаккури мардумро бениҳоят озурда ва заиф карда буд. Аммо ҳамаи инро танҳо ягонагии миллӣ метавонист даво бахшад ва роҳи фардоро барои мардум равшани бахшад. Ягонагии миллиро ба даст овардан кори осон набуд ва на ҳама метавонист чунин рисолатро ба дӯш бигирад. Ба андешаи мо, чунин рисолат дар Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад ва онро абармарди асри XXI Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифт. Баъд аз гузаштани панҷ сол ин рисолат дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик бо оби зарҳалин раванди оштии миллӣ зери унвони «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» навишта шуд.
Расидан ба созиш дар дохили миллат ва даст кашидан аз худкомагиву худравӣ на ба ҳар гуруҳе муяссар гаштааст ва мисоли равшани онро имрӯзҳо дар байни халқу миллатҳои гуногуни олам мушоҳида кардан мумкин аст. Сулҳ дар Тоҷикистон тавонист пояҳои истиқлолияти миллиро устувору қавӣ гардонад ва миллатро барои бо ҳам омадану неруманд шудан ҳидоят намояд. Ин нерумандии миллӣ ва ягонагии халқҳои Тоҷикистон дар оташи муборизаҳои сиёсӣ ва ҷонбозиҳои беназир, андешаҳо ва худшиносию худогоҳӣ ва ворисияту таҳаммулу гузаштҳои тарафайн ба миён омаданд. Ба замми ҳамаи ин такмили ҳамешагии ваҳдат ва ягонагии мардум дар Тоҷикистон асоси тамоми муваффақиятҳо ба ҳисоб мерафт. Марҳи-лаи минбаъда дар тараққиёту пешравии Тоҷикистон ин муваффақ гаштан аз се омили асосӣ:
- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон;
- раҳои бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ;
-таъмини амнияти озуқавории мамлакат, вобастагии амиқ дошт.
Расидан ба созиш дар дохили миллат ва даст кашидан аз худкомагиву худравӣ на ба ҳар гуруҳе муяссар гаштааст ва мисоли равшани онро имрӯзҳо дар байни халқу миллатҳои гуногуни олам мушоҳида кардан мумкин аст. Сулҳ дар Тоҷикистон тавонист пояҳои истиқлолияти миллиро устувору қавӣ гардонад ва миллатро барои бо ҳам омадану неруманд шудан ҳидоят намояд. Ин нерумандии миллӣ ва ягонагии халқҳои Тоҷикистон дар оташи муборизаҳои сиёсӣ, ҷонбозиҳои беназир, андешаҳо, худшиносию худогоҳӣ, ворисият, таҳаммулу бардоштҳо ва гузаштҳои тарафайн ба миён омадаанд.
Раванди ҳодисаҳои минбаъдаи ҷомеа бештар аз тамоми мардуми кишвар сабру таҳаммулро дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос тақозо мекард. Бе сабру таҳаммули аҳли кишвар идоракунии ҷомеа ғайриимкон буд ва оддитарин саҳлангориву нодида гирифтани масъалаҳои муҳим қасд ба ҷону ҷисми истиқлолияти давлату миллат ба ҳисоб мерафт. Новобаста аз чунин кӯшишҳо ва ҷонбозиҳои зиёд ҳанӯз неруи бузурги мухолифин дар хориҷ аз кишвар амал мекард ва барои татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдиофар таҳдид мекард.
Бинобар ҳамин ҳам фурсатро муносиб донистан ва дар тафаккури ҷавонону наврасон ва аҳли ҷомеа бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷой кардани он дар рафтори сиёсии онҳо мувофиқи мақсад мебошад. Ба хориҷ аз кишвар рафтани ҷавонону бонувони доираи тафаккури сиёсиашон суст ва заъфдошта бозичаи дасти ҳар гуна ифротиён ва зархаридони хориҷӣ хоҳанд шуд. Бо вуҷуди дар мамлакат созмон додани фаъолияти ҳамаҷонибаи таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият аз ҷониби намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа раванди гаравиш ба ҳизбу ҳарактҳо ва равияҳои ифротии фаъолияташон дар дохили кишвар манъгардида мушоҳида мешавад. Чаро чунин амалҳо дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба амал меоянд ва чунин саволҳо имрӯзҳо одамони зиёдро ба ташвиш овардааст.

Мехостем ба сифати ҷавоб ба саволи мазкур аз навиштаи шоир ва олими тоҷик Назри Яздонӣ андешаеро барои хонандагон пешкаш намоем, ки ҷолиб мебошад ва бо ӯ ҳамфикр набудан мумкин нест. Яъне:
«Заъфи тафаккури сиёсии мо то ҳанӯз имкон намедиҳад, ки саодати истиқлолияти сиёсиро комилан эҳсос кунем. Вобастагии сиёсии чандинасра дар шуури мо баддтарин таассубҳоро ҷой кардааст, ки имрӯз ба тараққии миллӣ зарари сахт мерасонад, ҳам таассуби маҳал, ҳам таассуби фирқавӣ, ҳам таассуби миллӣ, ҳам таассуби динӣ ва ҳатто таассуби мазҳабӣ, ки нишонаи бозмондагии сахти тафаккури миллист . Воқеан, то имрӯз дар тафаккури сиёсии як зумра аз ҳамватанони мо заъф ё бемории кӯркӯрона бовар кардан ба нақлу ривоятҳо, маъвизахониҳои мулло ва муллосимоҳои ношуди замон вуҷуд дорад. Зикр бояд кард, ки бошандагони мамоликҳои Аврупову Осиё ва дигар халқҳо орзуи расидан ба кайҳон ва дастёб шудан ба бозёфтҳои навтарини илму техника кӯшишҳо ба харҷ диҳанд, дар кишвари мо чӣ тавр риш мондан ва сатрбандиву мактаби динӣ хонондан маъмул шудааст. Дар асри XXI мо наметавонем аз бозмондагии тафаккури миллӣ берун шавем ва маҳз дар ҳамин зоҳир мешавад, ки таассуби миллӣ, мазҳабӣ, динӣ, маҳаллӣ то имрӯз дар рафтору амали мо вуҷуд дорад. Моро лозим аст, ки миллат ва ҷомеаро маҳз аз ҳамин равандҳо раҳоӣ бахшем. Имрӯзҳо барои мо аз ҳама душвортарин омил аз тафаккури миллат ва ҷомеа берун кардани таассуби маҳалгароӣ ва динӣ мебошад. Таассуби динӣ такягоҳҳои худро дар хориҷ аз кишвар пайдо кардааст, чунон, ки роҳбарияти собиқ ҲНИТ дар кишварҳои барои мо хеле наздик паноҳ бураанд ва онҳо намехоҳанд ҷомеаи мо ором ва суботи сиёсӣ дар кишвари мо ва Осиёи Марказӣ таъмин бошад.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба муқобили ҳар гуна заъфи тафаккур тадбирҳои мушаххас андешем. Илова бар ин миллати мо бояд пешоҳангу пешбари ваҳдат, субот ва риояи принсипҳои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Барои татбиқи чунин амал миллати тоҷик ба сифати соҳибдавлат метавонад ин рисолатро ба ӯҳда дошта бошад ва дигар ақаллиятҳоро дар атрофи мақсадҳои ҷомесозӣ ва мубориза бар зидди дахолати хориҷии мазҳабӣ, динию ифротӣ роҳандозӣ намояд.
Метавон гуфт, ки миллати соҳибтамаддун ҳама гуна нобасомони- ҳоро метавонад аз дохили миллат берун бибарад. Миллати номдор ё ин ки таҳҷоӣ дар ҳар сурат бояд дар гирду атрофи хеш дигар ақалиятҳо ва бошандагони Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ҳувияте барпо намояд, ки боиси рушду ифтихор гардад. Дар ин сурат ҳар гуна дахолати хориҷию мазҳабӣ, динию ифротгароӣ наметавонад мақсадҳои ғаразнокеро дар кишвари мо амалӣ гардонанд - иброз доштааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Итминон аст, ки миллати тоҷик чунин рисолатро дар саҳифаҳои минбаъдаи таърихи давлатдории соҳибистиқлоли хеш идома хоҳад дод.
Ҳ. Ҳ. БЕГИМОВ, дотсенти кафедраи методикаи ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: