Некиро некӣ, бадиро бад расад6-09-2019, 12:56
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Ҷудо шудани як оила, дардест, ки то охири умр сарони онро ба ғаму андуҳ мубтало месозад. То ба он ҳадде, ки аз ғаму ғуссаи зиёд ба беморӣ ва ё падидаҳои номатлуб оварда мерасонад. Аммо баъзе аз волидон ва ё наздикони тарафайн болои ин дарди ҷоннок атрофи собиқ келин ё домод суханони бадномкунандаву дурӯғ ва бӯҳтонро раво мебинанд. Хусусан, наздикони домод барои нигоҳ доштани обрӯю эътиборашон миёни ҳамсояву хешовандони худ қабл аз ҷудошавӣ ва баъди он низ, нақшаҳои зиёде амсоли «хӯрок пӯхта наметавонист, то нисфирӯзӣ хоб мерафту аз ӯҳдаи кори хона намебаромад, андармони телефони мобилӣ буд, аз набудани шавҳараш истифода мекард» ва ё бо баҳонаи бокира набудани келин кӯшиш менамоянд, ки худро аз вазъияти ногувор берун оранд. Онҳо андеша намекунанд, ки чунин алфози бофтаву сохта метавонад сабаби бадбахтии якумраи зан дар ҷомеа ё худ зиндагонӣ гардад. Нигора, сокини 59-солаи пойтахт перомуни масъалаи мазкур чунин иброз намуд, ки воқеан ҳам, имрӯз дар ҷомеа ин амали нангин, аз қабили туҳмату бӯҳтон аз ҷониби бархе хонаводаи шавҳар нисбати зан баъд аз ҷудоӣ зиёд ба назар мерасад, ки банда шоҳиди чунин муноқишаҳо гаштаам. Метавон гуфт, ки ҷавондухтарон низ бидуни камбудӣ нестанд, вале ин барои пеш намудан ва ё пош додани як оилаи солим баҳона буда наметавонад. Онҳо ба насиҳату омӯзиши корҳои хонаводагӣ аз ҷониби волидони шавҳар ниёз доранд. Мо низ ҷавон будем ва ба ин гуна мушкилот рӯ ба рӯ мешудем, аммо бузургони хона моро аз зиндагӣ дилсард намекарданд, баръакс, роҳи ҳалро нишон медоданд. Вале имрӯз бадбахтона, баъзе аз модарони сангдил ба ҷойи насиҳату роҳ нишон додан, баръакс пас аз ҷудошавӣ низ келинро бо дурӯғ муттаҳам месозанд, ки оянда ба дубора шавҳар карданаш латма ворид месозаду шаъну шарафи ӯро назди ҳамдеҳагону хешовандонаш коста мегардонад. Мусаллам аст, ки баъди рондан ва ба хонаи падар баргаштани зан ҳамсояҳо, ёру дӯстон ва ҳатто хешовандон бо назари нафрат ба ӯ менигаранду суханҳои таҳқиромез мегӯянд. Ин ба ҳолати равонии зан таъсири манфӣ мерасонад, ки аз ин ӯ якчанд сол ва ё то охири умр худро дар асл гунаҳкор ҳисобида, ранҷ мебарад. Боиси таассуф аст, ки ҳангоми дубора ба хонаи зан хостгор омадан, ҳамсояҳо ҳангомаи гузаштаро ба келинкунанда қисса мекунанд. Чунин амал боиси тағйири андешаи интихобкунанда шуда метавонад, зеро мо – тоҷиконро оине ҳаст, ки пеш аз интихоби келин, аввал аз ҳамсояҳо ва баъдан аз хешовандонаш дар бораи ӯ маълумот мегирем… Ҳамсуҳбати дигари мо, ки худро Шуҳрат Қосимов муаррифӣ намуд, гуфт: “Мутаассифона, ба чашм мерасад, ки барои пош хӯрдани оила ҳарду тараф - ҳам мард ва ҳам зан гунаҳгоранд. Пеш аз ҳама, бояд ҳар як модар ба хотири ояндаи дурахшони фарзандаш (духтараш) ӯро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати ақлонӣ ба ҳаёти оилавӣ омода кунад. Ҳамин холигиҳои тарбия дар як гурӯҳ духтарони ҷавон ба он боис шудааст, ки вақте онҳо ба ҳаётӣ мустақилона қадам мениҳанд, аз оддитарин маданияти рӯзгордорӣ бехабаранд. Ҳамин ноогоҳӣ ва бетасаввуротӣ аз гардишҳои рӯзгору пасту баландиҳои он боис ба моҷароҳои доманадор дар оила ва парокандашавии онҳо гаштааст. Олимони амрикоӣ дар тадқиқоти худ, ки муддати 8 сол дар 30 кишвари олам андешаҳои 620 ҳазор мардони аз 15 то 60 соларо омӯхтаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки мардони мусалмон назар ба пайравони динҳои дигар ба ҳамсарони худ содиқанд. Тадқиқот нишон додааст, ки дар қиёс ба пайравони динҳои дигар мусалмонон бештар пойбанди риояи аҳкоми динӣ дар мавриди оила ва хонавода ҳастанд. Аммо мутаассифам, ки сабаби ҷудошавии оилаҳои мусалмони мо имрӯз маҳз аз рӯи дурӯғу бофтани буҳтон ба назар мерасад, ки ин ҳам барои нигоҳ доштани обрӯву эътибори эшон дар байни хешу ҳамсоягон мебошад”. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ин қабил одамон андеша намекунанд, ки сарчашмаи тамоми нопокиҳо ва сифоти разила дурӯғгӯӣ аст. Дурӯғ асоси ҷомеаро мутаззалил сохта, онро дучори беназмӣ ва ихтилол месозад. Дурӯғ инсонро дар назари мардум беарзиш менамояд, ба тавре ки ба суханонаш касе бовар надорад ва гуфтаҳояш мавриди эътимоди мардум нест. Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд дурӯғгӯёнро ҷузъи гумроҳон қарор дода, дар китоби муқаддаси Қуръон мефармояд: «Худованд дурӯғгӯи куфпешаро ҳаргиз раҳнамоӣ намекунад» (Зумар, 3). Ё «Яқинан, Худованд касеро ҳидоят намедиҳад, ки таҷовузкору дурӯғпардоз бошад» (Ғофир, 28). Аз ин рӯ, дурўѓгўёнро азоби алиме дар рўзи ќиёмат таҳдид мекунад. Бӯҳтон. Ин сифоти бисёр зиштест, ки ағлаб боиси нобудии обрў ва шахсияти инсонњои бегуноњ мешавад ва бўњтонкунанда бо туњмату бӯњтони ноњаќ њайсияти дигаронро поймол месозад. Барои њамин Худованд муъминонро аз он барњазар медорад ва мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар шахси фосиќе хабареро ба шумо расонид, дар бораи он тањќиќ кунед, мабодо ба гурўње бидуни огоњї осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед» (Њуљурот, 6). Ҳамсоягону хешовандоне, ки дурӯғи шахси дигарро ба хотири нафсу манфиатҳои хеш шаҳодат медиҳанду паҳн месозанд, огоҳ нестанд, ки шањодати дурўѓ ва ноњаќ, яке аз дурўѓњои бисёр хатарнок аст ва ҷомеаро ба фасод кашонда, зиёнњои фаровонеро мутаваљљењи иддае мекунад ва иддаи дигареро ба ноњаќ бањраманд месозад. Дар ҳақиқат, нисбати шахси дигар дурӯғ гуфтану зиндагии ӯро табоҳ ё бо ин амал пош додан, амалест нанговару нобахшиданӣ. Бадбахтона, ин амали нангин солҳои охир дар Тоҷикистон рӯшд карда истодааст, ки ин боиси нигаронист. Агарчӣ оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, масъулияти зиёд доштани онро фаромӯш набояд кард. Зеро оила, пойдеворӣ ҷомеа, асоси пойдории насли инсон буда, ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъияти мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзун мегардонад. Шунидани шумораи 10 ҳазор ҷудошавии оилаҳо дар як сол тариқи радиову телевизион ва омори ҳаррӯзаи САҲШ, инчунин, зиндаятим мондани кӯдакон ва бепарастории онҳо, ки аксар бо ҳиллаву найранг ва буҳтону дурӯғи мардумист, дарди ҷамъият аст, ки ба табиби арзанда ниёз дорад. Пас шахсоне, ки бо дурӯғе ба пош хурдани оилаҳо даст доранду чунин амали нангинро мекунанд, чӣ манфиатеро соҳиб мегарданд? Бояд андешид, ки рӯзе аз рӯзҳо нисбати шахси наздики онҳо низ чунин рафтори бадро раво хоҳанд дид. Зеро бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Некиро некӣ, бадиро бад расад». Ҳасан Азизов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.