Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Воқеъоти «баҳманмоҳи хунин» ниёз ба бозтобӣ надоранд?

Воқеъоти «баҳманмоҳи хунин» ниёз ба бозтобӣ надоранд?

28-01-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
Воқеъоти «баҳманмоҳи хунин» ниёз ба бозтобӣ надоранд?
28 январи соли равон дар толори маҷлиси маҷмаи «Пойтахт-80» маҳфил таҳти унвони «Гуфтугӯи тамаддунҳо» бо иштироки меҳмони навбатӣ – собиқ Прокурори генералӣ ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Амирқул Азимов баргузор гардид, ки дар он коршиносону таҳлилгарони маъруфи кишвар ва намояндагони расонаҳои хабарии кишвар низ иштирок доштанд. Ин маротиба мавзӯи маҳфил ба воқеаҳои хунини февралии соли 1990-и қарни гузашта бахшида шуда буд.

Амирқул Азимов хулосаи ҳуқуқии бригадаи тафтишотии воқеаҳои он замонро, ки дар вақташ дастраси омма низ гардида буд, боз аз сари нав ба ҳозирин хотиррасон намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар тафтиши ин ҳодисаҳо на танҳо мақомоти қудратии ҷумҳурӣ, балки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИҶШС кор бурдаанд ва натиҷаи ин тафтишот аз назари далелҳои шайъӣ бебаҳс мебошанд. Чуноне гуфта шуд, принсипи ошкорбаёние, ки ҳукумати марказӣ аз миёнаҳои солҳои 80-уми садаи 20 эълом дошт, дар қатори хусусияти мусбии демократӣ ҷиҳатҳои манфӣ низ ба бор оварда, қувваҳои марказгурез ва унсурҳои иртиҷоиву ҷиноиро низ фаъол намуд. Дар бисёр минтақаҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили Алма-Ато, Тбилиси, Боку, Қаробоғи Кӯҳӣ ва амсоли ин нооромиҳо сар заданд ва дар Душанбешаҳр низ соли феврали соли 1990 чунин ошӯб ба амал омад. Ба қавли А.Азимов, он вақт ҳукумат рӯ ба фалаҷ шудан дошт, сатҳи некуаҳволии мардум низ майл ба пастравӣ дошт, ки доираҳои муайян аз ин вазъ кӯшиши истифода бурдан мекарданд. Масалан, дар масоҷид корҳои таълиму тарбиявӣ як сӯ гузошта шуда, ғайр аз танқиду таҳқири роҳбарияти ҷумҳурӣ дигар мавзӯъ матраҳ намешуд. Овозаи ба ҷумҳурӣ овардани фирориёни арманӣ ва бенавбат ба онҳо манзил додан, дар шароите, ки худи сокинони маҳаллӣ солҳо дар навбати хона буданд, як асбобе шуд барои қувваҳои муайяни ҷоҳталаб, ки баҳри расидан ба аҳдофи хеш тавонистанд иддае аз мардумро ба шӯр оваранд. Дар натиҷаи ин саркардагони ин ошӯб ба роҳбарияти кишвар фишороварӣ намуда, акнун талаботашон дигар шуд-аз адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ба истеъфои роҳбарият гузашта шуд, ки гувоҳӣ на аз ҳифзи манофеи мардум, балки аз ҷоҳталабии саркардаҳои ошӯб гувоҳӣ медод. А.Азимов бори дигар зикр намуд, ки таҳрикдиҳандагони асосии ин воқеоти хунин қисми иртиҷоии рӯҳоният, ташкилоти он замон навтаъсис ва унсурҳои олами ҷиноӣ буданд, ки дар навбати аввал тавонистанд ҷавононро ба доми хеш бикашанд, қувваи саввум низ истисно набудааст,- Бисёр далелҳое ҳаст, ки мо ифшо намекунем, ки метавонанд боиси низоҳои нави миллӣ гарданд. Бо таассуф бояд қайд кунам, ки ин воқеаҳои нангин бо «шарофат»-и бархе аз ҳамватанон ба тасаввуроти хислатҳои ҳамида доштани тоҷикон аз қабили меҳмоннавозиву таҳаммулпазирӣ то андозае лакнат ворид намуд, ки дар хотираи миллатҳои ғайритоҷики маскуни ҷумҳурӣ нақшӣ манфӣ ҳам гузошт. Аз ин афсӯс, ки сабақ гирифта нашуд ва унсурҳои иртиҷоиву ҷиноӣ тавъам бо хадамоти ҷосусии хориҷӣ тавонистанд муддате чанд кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бикашанд ва ин воқеот сарманшаи фоҷиаи бузурги тоҷикон маҳсуб мегардад.

Дар натиҷаи воқеаҳои феврвлии соли 1990 25 нафар ҳалок гардида, 291 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: