Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и Душанбе Иди ангур доир гардид

Дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и Душанбе Иди ангур доир гардид

1-09-2019, 09:34
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и Душанбе Иди ангур доир гардид
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди ангур доир гардид. Иди ангур ва намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гардид. Дар он аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин хӯшаи ангур» Хоҷагии ангурпарварии ноҳияи Турсунзода «Ҳоҷӣ Неъмат» бо вазни 9 килои як хӯшаи ангур ғолиб омад. Иди мазкур бо шаҳомати хосса доир гардида, дар он ангурпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи мамлакат иштирок доштанд. Сардори Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Уроқов зикр кард, ки дар ин маъракаи бошукӯҳ ангурпарварони мамлакат намунаи ҳосили яксолаи дастранҷашонро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.

«Дар ин ид зиёда аз 190 намуди ангур, аз ҷумла навъҳои «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед», «чиллагӣ», «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» ва ғайраҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд»,-афзуд номбурда.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: