Гирифтани бачаҳои фил манъ мешавад29-08-2019, 10:39
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Гирифтан ва фурӯши бачаҳои филҳои ариқоӣ ба боғи ҳайвонот тақрибан мамнуъ шудааст. Гуфта мешавад, ки давлатҳои ҷаҳон зимни нишасте, ки дар Жнева баргузор шудааст ба чунин тавофуқ омаданд. Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки қонунҳо дар ин бора сахт риоя ва назорат карда шавад. Ҳомиёни ҳаёти вуҳуш ва муҳити зист бар он умед доранд чунин тасмими ҷиддӣ боис мегардад ҳайвоноте, ки хатари нестшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад, ҳифз карда шаванд. Бояд гуфт дар Африқо филҳо ва бачаҳояшон бештар вақт аз тарафи сокинон кушта ё фурӯхта мешаванд, ки боиси нигаронии масъулини муҳити зист ва ҳомиёни ҳаёти вуҳуш гардидааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.