
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халққии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавондухтарони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия оғоз гардид.
Тавре аз КИ ҲХДТ ба хабарнигори «МХ» гуфтанд, курсҳои омӯзишӣ дар се самт - қаннодӣ, ороиши мӯй ва дӯзандагӣташкил гардида, таҳти назорати Р. Юнусова - мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, У. Саидова – мутахассиси шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» бо ҷалби 35нафар духтарон ба роҳ мона шудааст. Ҳар давраи курси омӯзишии духтарон се моҳ идома меёбад.