Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Холкӯбӣ дарди сар аст

Холкӯбӣ дарди сар аст

16-08-2019, 12:18
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Холкӯбӣ дарди сар аст
Онҳое, ки аз ҳавову ҳавас пӯсти рӯю баданашонро дар ҷавонӣ ва дар даврони балоғат сиёҳу доғдор, вале ба андешаи худашон зебо мекунанд, бехабар аз онанд, ки пул дода барои як умр дарди сар мехаранд. Даврони рӯъё ва ҳавасбозиҳо зуд мегузарад, аммо доғи сиёҳи рӯю пӯст мемонад.
Ҳоло мо аз нигоҳи Ислом раво набудани холкӯбиро як сӯ мегузорем, агарчи бино ба фармудаҳои Китоби осмонӣ ҳар амали анҷомшуда ба мақсади ислоҳи офаридаҳои Худо макрӯҳ ва нишони эътироз ба эъҷози ӯ дониста мешавад. Тибқи оятҳои Қуръон, ҳар чи Худо офарид комил аства ниёз ба такмил надорад. Мо ба ин тарафи баҳс дахл намекунем, то баҳс ба дарозо накашад.

Мутаассифона мӯди холкӯбӣ ва баданро чун морҳо оро додан беш аз пеш дар байни ҷавонону насли болиғи ҷамъият, аз ҷумла дар кишварҳои аксари сокинонаш мусалмон ҳам сол ба сол равнақ меёбад. Бо дар назардошти вусъати ин ҷараён баъзе аз кишварҳои Исломӣ нақшу нигори муваққатро, ки бо барчаспҳои ранга рӯи пӯст мегузоранд ва пас аз муддате бо об ё рӯған меравонанд, иҷоза додаанд. Аммо дарин ҳолатҳо ҳам гузоштани нақши одам ва ҳайвонот ба рӯи пӯсти бадан мамнӯъ аст.

Ба кӯдак ҳохолкӯбӣ меомӯзанд

Шумо ҳам шояд мушоҳида кардаед, ки махсусан пас аз идҳо дар бадани кӯдакон нақшу нигоре пайдо мешавад. Ин аз ҳамон барчаспҳои баъзе сақичҳо (жувачкаҳо)-и аз идгардак ҷамъовардаашон аст, ки кӯдакон қанду резини дарунашро хоида, сурати коғазашро бо тар кардан дар об ба пӯсти дастони худ мегузоранд. Бо ин тарз тайёр кардани коғази сақичҳо шояд як роҳи ҷалби харидор бошад, аммо мақсади дигар бо нақши рӯи пӯст одат кунонидан аз хурдсолӣ ҳам ҳаст.

Холкӯбӣ беморист
Бисёре аз духтурони асабшинос ба ин боваранд, ки ин амал як нишонаи беморист. Сару рӯ, дастон ва пасон тамоми баданро наққошӣ кардан, баёнгари ин воқеият аст, ки ин одам мубталои дардест бо номи худхоҳиву худнамоӣ.
Чанд сол пеш дар кӯчаҳои шаҳр ин гуна одамонро ягон-ягон медидем, ҳоло агар таваҷҷуҳ кунед, шояд ҳар ҷавони панҷум нақше дар ҷои ба назар намоёни бадани худ дорад. Пеш нақшҳо хурд ва ба назар ҳам чандон дурушт наметофтанд, акнун, ҳатман аз китф то оринҷи даст ё аз банди даст то оринҷ наққошӣ аст.
Сарояндаи тошкандӣ Наргис (аз хонаводаи ҳунармандони шинохтаи ӯзбекистонӣ Зокировҳо) натанҳо сар, балки тамоми баданашро наққошӣ карда, акнун бо сари тосу бадани нимаурён мегардад (то дигарон бубинанд). Гӯё бо ин ҷомеа аст, вале танҳо ба назар мерасад. ӯ аз соли 1995 ба Америка муҳоҷират карда, акнун зуд-зуд ба Русия меояд ва дар барномаҳои консертӣ иштирок ва пул кор мекунад. Бовар надорам, ки бо ин афти хоси ғарбиён барои мардуми Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ӯзбекистон муҳтарам бошад.
Ман чанде аз сурудҳои ин сарояндаро гӯш кардам, дар онҳо дарде ҳаст ва чеҳраи худи ӯ низ ҳузновар метобад, ки шояд нишонае аз рӯзгори вазнинаш бошад. ӯ бо холкӯбӣ худро аз дигарон ҷудо кард ва акнун ба ин орзуяш шояд расидаасту дар миёни ҳама танҳост.
Ба пиндори ман «тату» як нишонаи норозигӣ аз зиндагӣ ҳам ҳаст
ва онҳое, ки пӯсташонро ороиш медиҳанд, бо ин васила худро дар маърази ом гузошта мехоҳанд бигӯянд: «Ҳой мардум, маро бубинед!»
Намефаҳмам, чаро бо рӯйи каме доғдор ва ё чашми аз зарбе сиёҳшуда дар байни мардум гаштан барямон норҳаткунанда асту аммо бо дастони сиёҳу доғдор (ҳарчанд ба сурати гулу рамзҳое ҳам бошад) ба кӯча баромадан боиси фахри баъзеҳост? Ҳеҷ кадоме аз мо бо либоси аз як матоъ дӯхташуда тамоми умр намегардем ва ҳар гоҳ онро иваз мекунем, вале баъзеҳо як бор пӯсти баданашонро хол-холӣ карда,тамоми умр бо ҳамон сурат мегарданд,шояд пушаймон ҳам мешаванд, аммо сир бой намедиҳанд.
Оё беҳтар нест, ки худро бо сару либоси зебою ранга ва аз матоъҳои гулдору суратдор дӯхташуда шод кунем. Либосро ҳар рӯз иваз кардан мумкин аст, аммо пӯсти худро як бор доғдор карда, бо ҳамон доғ тамоми умр ноилоҷ гаштан, мавриди қабули ман нест.

«Тату» боиси бемориҳост
Тарафдорон бар ин боваранд, ки холкӯбӣ аз шеваҳои қадимаи ороиши инсон аст, ки ҳанӯз асрҳо пеш аз мелод пайдо шудааст. Инҷо азҳунару одати холкӯбӣ ба унвони як анъанаи миллии мардумони ҳинду ва қабилаҳои африқоӣ ёдовар мешаванд. Аммо танҳо ин чиз асоси дурустии рафтори ин қабил одамон буда наметавонад. Бостоншиносон ҳам аз қадимӣ будани ҳунари «татау» (расмкашӣ, наққошӣ ), аз ҷумла бар рӯйи пӯсти одам суҳбат мекунанд. Аммо онҳо мегӯянд, «тату» дар оғоз доғ ва аломатҳое ҳамчун нишонаи фарқиятҳои ирқию иҷтимоӣ ба бадани инсонҳо дар аҳли қабилаҳои ибтидоӣ кӯфта мешуд. Холкӯбӣ дарди сар аст
Осори чунин аломатҳо аз бозёфтҳои бостоншиносон, ки марбут ба асри 5-и пеш аз мелодаст, низ ёфт шудааст. Он замонҳо ва дар даврони баъдӣ касе ҳақки худро бо нақше оро додан надошт ва ин кор танҳо бо дастури саркардаҳои қавму қабилаҳо иҷро мешуд. Дар раванди рушди ҷомеа як муддат наққошии рӯи пӯст кам шуда эътибораш коҳиш ҳам ёфт. Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ин одат дар урдугоҳҳои маҳбусон равнақ гирифт. Ҳар нақше дар бадани маҳбусон маъние, аз ҷумла мақоми маҳбусро дар байни дигар зиндониён ифода мекард. Маҳбус бо хосту майли худ ҳақи кашидани нақше дар пӯсташро надошт. Зеро дарбайни маҳбусон ҳар нақш вобаста ба мақоми маҳбус кӯфта мешуд.
Вале ҳоло ин як ҷараёни мӯд дар байни ҷавонон ва дар баъзе мавридҳо дар миёни насли миёнасол аст. Ҳар ҷои баданро, ки хостанд холкӯбӣ мекунанд. Холкӯбиҳо дар шаҳрҳои калони бисёр кишварҳо, ба монанди сартарошхонаю ороишгоҳҳои занона дар ҳар сари қадам аст. Дар мо камтар буда, аксари устоҳо пинҳонӣ кор мекунанд ва агар чорае дида нашавад, дар солҳои наздик инҷо ҳам холкӯбҳо дар ҳар қадам салон мекушоянд. «Тату» дар бари рӯ, пешона, баргаки гӯш, сар, дастон, пеши бар, камар, думғоза, по ва ҳар ҷои дигари ошкору пинҳони бадан аз намунаҳоест, ки ҳар рӯз дар кӯча, барномаҳои телевизионӣ, филмҳо ва консертҳо мушоҳида мекунем.
Бино ба хабарҳо, имрӯз 20 дарсади британиягиҳои калонсол холкӯбӣ шуда, шумораи салонҳои «тату» дар муқоиса ба соли 2014 дар ин кишвар зиёда аз 173 % афзоиш ёфтааст.
«Тату» аллергия ҳам дорад
Дар ҳамин ҳол донишмандони Донишгоҳи Вашингтон, ахиран 450 донишҷӯи баданашон холкӯбӣ доштаро таҳқиқ ва маълум кардаанд, ки аз ин миқдор 170 нафар пас аз наққошии пӯст ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Пизишкон ҳушдор медиҳанд, ки ҳар фард дар ҷараёни холкӯбӣ мумкин аст, зери хатари олудагӣ ба даҳҳо беморӣ қарор гирад. Азсӯи дигар ӯ эҳтимол дорад, ба аллергияи ранг мубтало шавад. Ин метавонад, замони тӯлонӣ пинҳон бимонад, вале баногоҳ рӯ мезанад. Аллергия аз ранг махсусан ба занон бештар таъсиргузор хоҳад буд.
Аз ин сабаб, духтурон холкӯбиробарои одамони мубталои аллергия мамнуъ медонанд ва мегӯянд, ранге, ки барои наққошӣ истифода мешавад, дар таркиби худ моддаҳои химиявии литиюм ва сурб дорад ва дар сурати ба хун омехтан оқибатҳои нохуб хоҳад дошт. Дар бисёр ҳолатҳо нисбати одамони холкӯбишуда томографияи магнитии тиббӣ (тасвирбардории ин ё он қисмати бадан ҷиҳати таҳқиқи узвҳои дохилӣ) ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд,зеро моддаҳои химиявие,кибо ранг ба пӯсти инсон мегузарад, ташхиси дақиқро душвор месозад.
Духтури муттахассиси пӯст Лариса Иванникова огоҳ кардааст, ки таҷзияи химиявии рангҳои гуногуни барои холкӯбӣ истифодашаванда нишон медиҳад, хатарҳои зиёде доранд. Азин моддаҳо хатарноктаринашон асинк (мышьяк), никел, титаниум, рӯҳ (хром), сурб, кадмий буда, ки дартаркиботи рангҳо зиёд аст. Ҳар кадоме аз онҳо метавонад пас аз чандин сол ба ягон сабаб дар бадан реаксия диҳад. Аз ҷумла барои занон ҷараёни ҳомиладорӣ, таваллуд тағйири синнусолӣ сабаби чунин реаксия мегардад.
Духтурон дар ин маврид «ҳинаи сиёҳ»-ро ҳам, ки дар холкӯбӣ зиёд истифода мешавад, барои организм хатарнок ва яке аз омилҳои пайдо шудани аллергия медонанд.
Донишмандони америкоӣ пас аз таҳқиқи қишри ҷавони ҷомеа маълум карданд, ки имрӯз аз панҷ америкоӣ 1 нафар холкӯбӣ шудааст. Ҷолиб аст, ки дар ин раванд занон ҳам аз мардон ақиб намондаанд. Ба ин сабаб мутахассисони америкоӣ ҳушдор додаанд, ки барои духтарон холкӯбӣ ба рӯйи босин, севҷӣ, поёни пушт (думғоза) оқибатҳои ҷиддӣ барои саломатиашон дорад. Дар сурати холкӯбии ҷойҳои маҳрам тамоми системаи иммунии зан зарар мебинад. Махсусан холкӯбии поёнии пушт барои занон, ки оянда кӯдак ба дунё меоранд,хеле хатарнок дониста мешавад.
Сад афсӯс, имрӯз аксар ҷавонон мубталои дарди холкӯбӣ шудаанд. Холкӯбӣ дарди сар аст
Як мураббии калонсоли футбол ҷиддӣ гуфтааст, ки ҳар боре бозигарони даста барои ба дӯш рафтан либосҳояшонро мекашанд,ба фикр меравам,ки ман дар ҳуҷраи либоскашӣ ҳастам ё дар маҳбас. Аммо чи илоҷ, ба ин мӯди ҷавонони имрӯза одат кардаам.
Агарчи одамони ба холкӯбӣ дастзада ин амалро нишонаи фарқкунандаи насли имрӯз медонад, аммо касоне ҳам ҳастанд, ки онро маркер – нишонаи навъи дуюм будани соҳибонашон ҳисобида мегӯянд,то чанд соли дигар одамони бо пӯсти тоза ва хол-холинашударо ба мушкил метавон пайдо кард. Ана он вақт пӯст, дасту рӯи тоза ва бе «тату» нишонаё «беҷик»-иҷомеаи мардумони боақлу ботамиз дониста хоҳад шуд.
Бовар дорам, барои одамоне, ки умрашон боқист, он замон амалкарди касоне, ки маънои «тату»-ҳои худ(рамзҳои наққошишуда, номи дӯстонашон,санаи таваллуди худ ё фарзандашон)-ро соатҳо шарҳ медиҳанд ва таъриф мекунанд, хандаовар ва ночиз хоҳад тофт. Дар асл маънои ҳамаи ин амалҳо ҳамон як чиз нобоварӣ ба худ, камранг будан дар зиндагӣ ва гирифторӣ ба мушкилиҳои ҷаҳонишавӣ ва мубталои дарди ҷомеаи истеъмолӣ будан аст. Нафаре навиштааст, ки даҳсол пеш ман муҳандис будам ва азрӯи вазифа ҳисоботи сардорони участкаҳоро қабул мекардам.Моҳе як бор ба наздам мардони калонсол бо папкаи ҳисоботҳояшон меомаданд. Чанде аз онҳо дар давраи Шӯравӣ давраи маҳбусиро азсар гузаронида буданд. Дар бари китф, ангушту дастон холкӯбиҳо доштанд. Вақте ман ҳисоботашонро месанҷидам, онҳо дар бораи даврони ҳабс ва маънои он нақшу нигори баданашон нақл мекарданд. Онҳо ба ман мефаҳмонданд, нақши ситораро кӣ ҳаққи ба бадан куфтан дораду гунбаз, салиб,қаиқ ё уқобро киҳо ба баданашон ҳаккокӣ мекунанд. Ва чи касоне наметавонистанд дар муҳити маҳбасҳо бадани худро ҳатто бо хурдтарин нақш ороиш диҳанд.
Ба навиштаи ин мухолифи холкӯбӣ, ҳоло ҳар касе хоҳад чизе ба бадан мекӯбад. Хонандагони мактабу донишгоҳҳо ҳам ба дигарон тақлид карда, ин корро мекунанд, ки хеле ташвишовар аст.
Ба андешаи ман, вазъияти яке имрӯза аз нишонаҳои сол ба сол нозуку нимҷон ва ҳатто занона шудани ҷисму андешаи ҷинси мардро дорад.
Бовар дорам, аксари онҳое, ки холкӯбӣ мекунанд, ҳатто хидмати аскарӣ накардаанд ва ҳамин холкӯбӣ ба назарашон нишонаи шуҷоату ҷасорат аст.
Баъзе аз ҷавонон ба майдончаву боғҳои варзишӣ маҳз ба хотири он мераванд, ки худро нимурён карда, нақш нигорибадани худроба дигарон нишон диҳанд.
Имрӯз холкӯбӣ, смартфон, гӯшиҳои бесиму симдор, айнакҳои рангоранг ба сарлибоси варзишии ҷавонон илова шудааст. Ва ҳамин холкӯбиҳо тобеияти онҳоро, гӯё ба дунёи нав, вале беоянда баён мекунад.
«Тату» ва одамони якбормасраф
Ҳанӯз ним аср пеш файласуфони фаронсавӣ умри кӯтоҳи ояндагонро шарҳ дода буданд. Онҳо муътақид буданд, ки намунаҳои маҳсулоте, ки тайи даҳсолаҳо бояд коршоям бошанд, ба иқтисодиёти ҷаҳони капиталистӣ созгор нестанд. Ба корпоратсияҳо телевизорҳои ноустувор, яхдонуанвои дигари техникаи маишӣ ва мошинҳое лозиманд, ки зуд вайрон шаванд, то истифодабарандагон доим дар фикри харидани ашёи нав бошанд. Ба андешаи онҳо, ноомади кори истеъмолкунанда, боиси хурсандии истеҳсолкунанда мешавад.
Бедудилагӣ метавон муддаӣ шуд, ки мӯди холкӯбӣ ҳам имрӯз одамонро ба сатҳи молҳои якбормасраф расонидааст. Ҷавонон бо тақлид ба кадом як сарояндаву ҳунарманди голливудӣ худро ороиш дода, хаёл мекунанд, бо ин амал дунёро мегиранд ва дар фикри рӯзгори худ нестанд.
Онҳое, ки холкӯбӣ мекунанд, намедонанд, ки ин амалашон бар зарари худи онҳост. Он чи ки ин марду занони то сисола мӯд мепиндоранд, саробе беш нест ва чун истакону зарфҳои коғазию пластикии якбормасраф ба зудӣ ба ахлотқуттии таърих партофта мешаванд. Онҳо ба зудӣ хоҳанд фаҳмид, ки пулдода фиреб хӯрдаанд. Вақти зиёд намегузарад, равандҳо дар зиндагӣ тағйир меёбанд, холкӯбӣ ҳам аз мӯд мебарояд ва онгоҳ ин ҳапу ҳупҳо хоҳанд фаҳмид, ки муғризон ба хотири пул шуда, онҳоро гӯл задаанд, аммо сад дареғ ки дигар доғҳои дар пӯсти вайроншудаашонро дубора дармон карда наметавонанд. Он гоҳодамони бо пӯсти сафеди бедоғ,ки як аср пешнишонаи арофзодагон, асилзодаҳо ва мардуми бо ақл буд, гули сабади ҷомеа мешаванд. Буалӣ Сино холкӯбӣ надошт, фитнес –трекеру айфон бо Google Maps ва ИМО надошт. Дар ин ҷову онҷо селфи намегирифт. Вале бе ин ҳама чизҳо низ то қуллаҳои илму кашфи асрори зиндагӣ расиду ном ва осораш то ба имрӯз мондаву ба мардум хидмат мекунад.
Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳама давру замон тавону ҷасорат, пешрафтҳои илмӣ муҳимтар аз ҷараёнҳои зоҳиргароию мӯдпарастӣ буду ҳаст.
Солеҳ Юсуфов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: