Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2019

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2019

15-08-2019, 13:46
Хабарро хонданд: 11 нафар
Назарҳо: 0
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2019
Шоми 15 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои ниҳоии Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон ва Ӯзбекистон бо Туркманистон баргузор мешаванд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.

Бояд хотирнишон намуд, ки 13 август бозии даври сеюми Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, баъди ин рақобати ҷолиб дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт. Феълан дар зинаи якуми ҷадвал дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо доштани 9 имтиёз ҷой дорад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов бозии ниҳоии худро имрӯз ба муқобили дастаи мунтахаби Эрон баргузор мекунанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин бозӣ пирӯзӣ барои футболбозони ҷавонони тоҷик хеле зарур аст.

Чемпионати CAFA U-19

Бозии даври 3-юм

Ӯзбекистон-Тоҷикистон 2:2

Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2019 миёни ҷавонони то 19-сола 12 август дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Ин навбат дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон пирӯз гардид.

Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба дастаи ҷавонони мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров (дар дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68) ба нишон расониданд.

Дар бозии дигари давр дастаи мунтахаби Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Туркманистон 4 голи беҷавоб зад.

Футболбозони ҷавони мамлакат дар даври дуюм бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд.

Хотиррасон менамоем, ки 9-10 август дар шаҳри Душанбе бозиҳои ду даври Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар аввалин бозӣ бар дастаи ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев дуголӣ, Амадонӣ Камолов як гол заданд. Ин бозӣ дар доираи даври дуюми чемпионат 10 август доир гашт. Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.

Дар даври аввал дастаи мунтахаби Эрон бар дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда, бозӣ миёни дастаҳои Афғонистон – Туркманистон мусовӣ (2:2) ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-19) Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.

Чемпионати CAFA-2019 (U-19)

Бозии даври 1-ум

Афғонистон – Туркманистон – 2:2
Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Мурадов, 89 (2:2).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).
9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 мухлис.

Ӯзбекистон – Эрон – 0:

Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Завварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).

Сардовар: Ҳалим Ака Шерзод (Афғонистон).
9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 мухлис.

Бозии даври 2-юм

Туркманистон – Тоҷикистон – 1:5

Голҳо: Раҳмон Муратбердиев, 16 (1:0). Амадонӣ Камолов, 34 (1:1). Шаҳром Самиев, 75 (1:2). Рустам Соиров, 88 (1:3). Рустам Соиров, 90+2 (1:4). Шаҳром Самиев, 90+5 (1:5).

Сардовар: Аҳрол Рисқуллоев (Ӯзбекистон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 мухлис.

Афғонистон – Ӯзбекистон – 2:2

Голҳо: Беҳзод Шамсиев, 11 (0:1). Тоҳир Рафаэлов, 45 (0:2). Фаршед Воҷдӣ, 59 (1:2). Тариқ Муҳаммадӣ, 86 (2:2).

Сардовар: Воҳид Саид Козимӣ (Эрон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 мухлис.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: