Шумораи аъзои ҳизб меафзояд16-07-2019, 14:01
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Спитамен 300 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардида, ба ин тартиб, узви ҲХДТ дар ин ноҳия ба 6046 нафар расидааст.
Зимни маљлиси њисоботии кумитаи иљроияи ноњия зикр шуд, ки яке аз омилҳои асосии афзудани таваҷҷуҳи мардум ба ҲХДТ аз ташаббусҳои созандаи ҳизбиён маншаъ мегирад. Мувофиқи ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода яке аз корҳои шоистаи кумиҷроия дар ин давра, ба ғайр аз чорабиниҳои сершумор, таъсиси як сехи дӯзандагӣ ва љалби теъдоде аз занону духтарони њунарманд ба шуѓли доимї аст. Дар пайи амалї шудани ин ташаббуси муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилоти ибтидоии «Куруш» даҳҳо нафар бонувон ба кор фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар нимсола бо ташаббуси кумитаи иҷроияву ташкилотҳои ибтидоии он ва вакилону ҳамсафон беш аз 1250 нафар аёдат шудаанд. Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов зимни суханронӣ дар ин ҷаласа гуфт, набояд чунин дастовардҳо моро хотирҷамъ намоянд, балки барои беҳбуд бахшидани фаъолият ҷидду ҷаҳди бештар бояд намуд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ иштирок ва суханронӣ кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.