Ҳизбиёни "Газпромнефт-Тоҷикистон" ҷаласа оростанд16-07-2019, 13:55
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон" маҷлиси муассисони ташкилотии ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Муҳриддин Ғаффоров - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фарҳод Ҳусенов - намояндаи ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон" иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ба чанде аз кормандони ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон", ки дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо пешниҳоди худи њизбиён “Газпромнефт” номгузорӣ шуд. Бо ҷонибдории аъзои њизб Пирова Мунира -раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Газпромнефт” интихоб гардид. Ҳамчунин барои пешбурди корҳои ташкилоти ибтидоӣ Шарипова Дилшода - котиби раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуд. Муҳриддин Ғаффоров - муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз истиқлолияти комили сиёсӣ ва Ваҳдати миллии мамлакат буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо иродаи матин ба дастовардҳои зиёде дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардиданд. Дар фарҷом миёни аъзо ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, саволу љавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.