Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон дар САҲА натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии минаҳо ва

Тоҷикистон дар САҲА натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии минаҳо ва

20-06-2019, 14:37
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
 Тоҷикистон дар САҲА натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии минаҳо ва 19 июни соли равон дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) доир гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба барномаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳимоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати қӯшунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Саёрабек Бачабекзода ба ҳайси суханвари калидӣ роҷеъ ба барномаҳои марбут ба маҳви захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ, нигаҳдории онҳо, инчунин лоиҳаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Тоҷикистон гузориш пешниҳод намуд.

Зимни суханронии худ намояндаи аршади ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оид ба таҷрибаи ҳамкории мақомоти низомии кишвар бо САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи «Барномаи мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2004-2009» иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки дар доираи барномаи мазкур 26 ҳазор мил силоҳи сабуки оташфишон ва 34 тонна муҳимоти ҷангӣ маҳв карда шуда, 9 анбори махсуси нигоҳдории силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ бунёд ва 60 анбори силоҳ таъмир карда шуданд.

Айни замон Тоҷикистон бо САҲА дар амри гузариши пурраи Вазорати мудофиаи мамлакат ба низоми электронии баҳисобгирии захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти низомӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Генерал-майор Бачабекзода ба саҳми САҲА дар татбиқи «Барномаи давлатии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳои баланд дода, таъкид кард, ки аз соли 2009 то имрӯз ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА натиҷаҳои назаррас додаанд.

Масалан, таъсиси ротаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба поксозии 3 ҳазор км мураббаъ аз минаҳо, маҳви зиёда аз 16 ҳазор минаи зиддипиёдагард ва 3 ҳазор маводди гуногуни тарканда мусоидат кардааст.

Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи фаъолият дар ин раванд «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» мавриди татбиқ қарор дода шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: