Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намояндагони ВАО ба инъикоси рафти ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе оғоз карданд Июнь 1

Намояндагони ВАО ба инъикоси рафти ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе оғоз карданд Июнь 1

15-06-2019, 08:43
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Намояндагони ВАО ба инъикоси рафти ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе оғоз карданд Июнь 1Имрӯз дар шаҳри Душанбе панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки 27 давлати дунё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Дар ҳошияи кори ҳамоиш мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчӣ оид ба баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар назар аст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Саммит иттилоъ медиҳад, субҳи имрӯз дар макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО, ки дар «Кохи Наврӯз» баргузор мегардад, барои инъикос аз рафти ин чорабинӣ 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ чамъ омадаанд.
Намояндагони ВАО ба инъикоси рафти ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе оғоз карданд Июнь 1
Бояд гуфт, ки дар ошёнаҳои якум ва дуюми қисми чапи «Кохи Наврӯз» Маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст. Дар маркази мазкур барои 450 нафар ҷойи нишаст мавҷуд буда, ҳамзамон бо 350 компютер ва бо тамоми таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Станислав Баграмов шореҳи сиёсии телевизиони «Ӯзбекистон -24», зимни суҳбат зикр намуд, ки ӯ бори аввал нест, ки ба Тоҷикистон, шаҳри Душанбе меояд.

«Мо ба шаҳри Душанбе як сол пеш бо сафари корӣ ташриф оварда будем. Дар давоми як сол дар Душанбе тағйироти зиёд ба чашм мерасанд. Дар шаҳр бунёдкориҳои зиёд, аз ҷумла қомат афрохтани биноҳои навро бо тарҳи ҷолиб мебинем. Хусусан, имрӯз тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо гулдаставу гулсабадҳо оро дода шудаанд, ки ба ман хело писанд омад. Чунин муҳит барои рушди муколама, ки имрӯз баргузор мегардад, хеле муҳим мебошад. Ҷамъомади имрӯза дар ҳақиқат барои ҳалли мушкилоти зиёд дар минтақа, барои муколамаи созанда миёни роҳбарон равона шудааст ва мо имрӯз намояндагони ВАО кӯшиш мекунем, ки ҳама иттилоотро сари вақт ба шунавандаву бинандаи худ расонем»,- зикр намуд С.Баграмов.

Инчунин намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Баҳрайн ва ҳамзамон, корманди бахши матбуотии ин кишвар Мухамад Алӣ зимни суҳбат иброз намуд, ки ин сафари нахустини ӯ ба Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мебошад.

« Ба андешаи ман дар Осиёи Марказӣ Душанбе бо табиати нотакрораш зеботарин шаҳр аст»,- зикр намуд ӯ.
Намояндагони ВАО ба инъикоси рафти ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе оғоз карданд Июнь 1

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки дар Баҳрайн Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносанд ва баргузор намудани чунин як чорабиниро дастовард барои ин мамлакат меҳисобад. Баргузории ин Саммитро оғози муносибат ва рушди ҳамкорӣ байни Баҳрайну Тоҷикистон арзёбӣ менамоям. Бояд зикр намоям, ки давлати мо барои ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омода мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: