Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

13-06-2019, 15:49
Хабарро хонданд: 406 нафар
Назарҳо: 0
ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢДар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, баргузор гардид. Ин маросим дар остонаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар рӯнамоии китоби мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин ва дигар намояндагони мақомоту идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Давлаталӣ Саид номаи табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони ҷамъомад расонида, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Бовар дорам, ки ин китоб ба доираи васеи хонандагони тоҷик барои аз наздик шинос шудан бо Чин ва усулҳои муосири идоракунии давлатӣ дар ин мамлакат имконият фароҳам меорад. Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мамлакат ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву техникӣ ноил гардид. Тоҷикистон аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздики худ- Чин сидқан хушҳол аст».
ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Зикр гардид, ки китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, дар фазои фарҳангии тоҷикон дар арафаи ташрифи қарибулвуқӯи Президенти мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи муҳим маҳсуб мешавад. Китоби мазкур хонандагонро бо таърихи пурғановати гузаштаю имрӯза, орзуву омоли наҷиби мардуми Чин, муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дурнамои ин мамлакат ва миллати соҳибтамаддун, ки дар арсаи олам аз зумраи пешсафтаринҳост, ошно месозад.

Таъкид шуд, ки китоби мазкур фарогири қариб 80 мақола, мусоҳиба ва гузоришҳо буда, ифодагари андешаву ниятҳо саҳифаҳои пурпечу тобу пуртаззоди рӯзгор гузашта, таҷрибаи бузурги таърихи Чин, роҳҳои ҳамкории судманд бо кишварҳо гуногуни олам, заминаҳои бениҳоят қавии таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Чинро аз қадимулайём робитаҳои неки иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад ва ин робитаҳо дар замони муосир бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо саъю талоши сарони ҳар ду давлат вориди марҳиллаи сифатан нав гардидааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: