Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ҲАМСОЯДОРЙ

10-10-2018, 09:34
Хабарро хонданд: 91 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМСОЯДОРЙ

Дар байни мардуми мо ҳанӯз аз давраҳои хеле кӯҳан гуфтаву мақолҳои зиёде дар боби қадр, манзалат ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба ҳамсояву ҳамсоядорӣ вуҷуд дорад. Мақолҳои «Харбуза аз харбуза ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя», «Аз хеши дур дида, ҳамсояи наздик хубтар», «Ҳамсоя нек бошад, мо ҳам нек ҳастем» ва боз чандин мазмунҳое ҳастанд, ки дар боби ҳамсоядорӣ гуфта шудаанд. Муносибат, ҳамдигарфаҳмӣ, хушбаёнӣ, дар ҳолатҳои эҳтиёҷот мададгори ҳамдигар будан ва дигар ҷанбаҳои ахлоқи хуби инсонӣ падидаҳое ҳастанд, ки дар манзалати ҳамсоядорӣ мавқеи назаррасеро ишғол кардаанд.

Нобаробарии иҷтимоӣ

“Иқтисодиёт пояи маънавиёт аст” ин мазмун солиёни зиёдест, вирди забони ҳамагон давр мезанад. Албатта ибораи “иқтисодиёт пояи маънавиёт аст”, мазмуни васеъ дорад ва агар онро шарҳу таҳлил намоем, вақти зиёдеро тақозо мекунад ва мо тасмим гирифтаем, ки мазмуни дар боло зикргардидаро дар ҷодаи ҳамсоядорӣ, як андоза матраҳ намоем.
Ҳамсоя, шахсест, ки тамоми умр паҳлӯи мо зиндагӣ мекунад ва як дараҷа шарики зиндагии мо ба ҳисоб меравад, зеро агар ҳамсояи хуб бошад, тамоми умр бо ӯ муносибар дорем. Аммо ҳолатҳое ҳастанд, мо бо шахсе ҳамсоя мешавем, ки дорои хислатҳои пасти инсонӣ аст ва ё дар ниҳоди ӯ разолату рақобат ва рашку ҳасад маскан гирифтааст. Маҳз ҳамин эҳсосҳои номатлуб дар ҳамсоядории мо ноҷурӣ тавлид мекунанд.
Ба гуфти олими ҷомешиноси фаронсавӣ П. Бурде яке аз омилҳои асосии ноҷурии муносибати ҳамсоядорӣ нобаробарии иҷтимоӣ, сатҳи иқтисодии зиндагии одамон ва ба кадом табақаи ҷомеа мутаалиқ будани ҳамсояҳо мебошад. Агар ин маъниҳои зикргардидаро фасеҳтару рушантар матраҳ ва баррасӣ намоем ҷомеаи гузаштаи сохтори капиталистӣ пеши назар меояд. Дар гузашта табақаҳои болои ҷамъиятӣ, ашрофзодаҳо (элита) ба монандӣ князҳо, шоҳзодаҳо, граф, роҳибон ва ғайраҳо, худро аз дигар табақаҳои ҷамъиятӣ боло медонистанд ва ақида доштанд, ки хуни онҳо тоза аст ва аз дигарон фарқ мекунад. Албатта дар замони муосир ин маънӣ ранги дигар гирифтааст, вале ҳанӯз ҳам дар ҷамъияти муосири мо, чунин андеша ҳукмфармоӣ мекунад.
Маҳз ҳамин нобаробарии иқтисодиву иҷтимоӣ байни ҳамсояҳо эҳсоси бадбинӣ, ҳавобаландӣ, нисбат ба ҳамдигар нобовариро бедор мекунад. Масалан чанд сол пештар С. ном ҷавоне, ки аз оилаи камбизоат буд, ба Ш. ном ҳамсоядухтар, аз оилаи доро дилбастагӣ пайдо кард. Чанд бор волидони С. ба хонадони Ш. ба хостгорӣ рафтанд, аммо чавоби рад гирифтанд ва билохиран ҷавон ба духтаре аз оилаи доро хонадор шуд. Баъди чанд соле зиндагиномаи С. ба худ ранги дигар гирифт, яъне онҳо низ ба гуруҳи оилаҳои доро шомил шуданд, аммо то ҳанӯз байни ин ду оила дар ҳамсоядорӣ эҳсоси бадбинӣ вуҷуд дорад.
Дар ҷои дигар баракси гуфтаҳои боло баъзан мо шоҳиди он мешавем, ки иддае аз ҳамсояҳо нисбат ба дороии ҳамдигар ҳасад бурда, муносибати ҳамсоядориро коста мегардонанд. Мутаассифона имрӯз ҳам ин маъниҳо бахусус, дар шаҳрҳои калон хеле зиёд ба назар мерасад.

Бетафовутӣ дар ҳамсоядорӣ

Бетафовутӣ, ин мазмунест, ки на танҳо дар ҷодаи ҳамсоядорӣ таъсири бад дорад, балки дар маҷмуъ дар дилхоҳ ҷомеа байни мардум падидаи ниҳоят манфур аст. Оддитарин таъсироти он, дар муносиботи байниҳамдигарии ҳамсояҳо зуҳур меёбад. Масалан инсоне ба мушкилот ва ё ҳодисоти номатлубе гирифтор мешавад ва наздиктарин ҳамсояҳо дар ин ҳолат нисбат ба ӯ бетафовути зоҳир мекунад, он гоҳ байни ҳамсояҳо нобоварӣ зуҳур ёфта, муносибати онҳоро нисбат ба ҳамдигар сард мекунад. Хушбахтона ин маънӣ дар байни ҳамсоядории мо тоҷикон аҳён-аҳён ва ниҳоят кам ба назар мерасад, аммо дар байни мардуми аврупо хеле зиёд аст.
Олими ҷоменашиноси олмонӣ Фердинанд Тённис дар охири асри 19 дар китоби машҳури худ “Ҷамъият ва ҷомеа” навишта буд, “нобаробариро дар ҷодаи муносибати ҳамсоядорӣ дар бетафовутии одамон мебинам ва сарчашмаи ин бетафовутӣ аз оила оғоз меёбад. Маҳз тарбияи нодурусти фарзанд дар оила сабабгори он мешавад, ки эҳсоси бутафовутӣ дар ниҳоди аъзоёни оила пайдо шавад”. Фердинанд Тённис ин ҳаракати номатлубро дар ҷомеа ба маданияти гуногунандешагӣ (плюрализм) шабоҳат дода, онро омили ниҳоят паст дар муносибат ва ҳамбастагии инсонӣ медонад. Ин ҷо шиори “Ман ба ту кор надорам, ту ҳам ба ман кор нагир” пеши назар меояд.
Тӯли 16 сол дар кӯчае зиндагӣ мекардам, ки бештари сокинони он миллату халқиятҳои ғайри тоҷик буданд. Ҳудуди 80 фоизи маскунони ин кӯча тоҷирони хурду бузург буданд, ки асосан дар бозорҳои шаҳр савдо мекарданд ва маҳз шиори дар боло зикр гардида, яке аз дастурҳои асосии зиндагиномаи онҳо дониста мешуд. Мутаассифона иддае аз мардум мазмуни дар боло зикргардидаро муносиботи хуб баҳогузорӣ мекунанд, аммо ба назари ман дар ҷодаи ҳамсоядорӣ, ин яке аз паҳлуҳои манфии ҳамсоягӣ дониста мешавад, зеро ин бетафовутии азимест, ки насл ба насл гузашта, дар тарбияи маънавии одам таъсири ниҳоят бад мегузорад. Оянда фарзандони онҳо низ дар ин руҳия ба воя расида, маҷзубияти зиёдеро мебинанд.
Ҷомеашиносӣ франсуз Э. Дюркгейм дар мақолаи худ “Ҷудо намудани меҳнати ҷамъиятӣ” муносибати хуби одамонро ба ақл, заковат, дараҷаи дониш ва касбият марбут медонад. Аммо ин ба назари мо ба ҳақиқат рост намеояд, зеро борҳо мо шоҳиди он гаштаем, ки иддае аз одамони соҳибмаълумот ва гӯё соҳибмаърифат нисбат ба ҳамсоядорӣ, камбудӣ ва костагиҳои зиёде зоҳир мекунанд.
Оддитарин чизро мисол меорем, ҳар рӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар назди биноҳои серошёнаи маҳалли зистамон шабона автомобилҳои зиёде гузошта мешаванд. Иддае аз мардуми соҳибмаърифту соҳибмаълумот мошинҳои худро дар назди даромадгоҳҳои биноҳо чунон зич мегузоранд, ки аз байни онҳо гузашта, ба даромадгоҳи хона даромадан бароямон мушкили эҷод мекунад. Агар нисбат ба ҳамсояе, ки сабабгори ин кор шудааст норизогӣ баён кунем, дар ҷавоб аз иддае ҳамсояҳои зиёиямон мазмуни бадеро мегирем, “мошини худам, замини давлатӣ, куҷое хоҳам гузоштан мегирам, ба шумо чӣ?...” ва ё дар истгоҳҳои шабонаи мошингузорӣ (автостоянка) ҳам чунин ҳолатҳо борҳо рӯй медиҳанд. Пас аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки зиёӣ будан ҳам дар муносибати ҳамсоядорӣ муҳимият надорад.
Олимони ҷомеашиноси рус Т.О. Баранов, Н.Г. Поршнев, И.А. Шмерлин. дар якчанд шаҳрҳои Россия оид ба мавзуи ҳамсоядорӣ тадқиқот гузаронида ба хулосае омадаанд, ки муносибати ҳамсоядорӣ вобаста ба масоҳат ва ғунҷоиши манзили зисти одамон аст. Онҳо исбот карданд, ки сокинони биноҳои бисёрошёна ва ҳаҷман калони шаҳрӣ, дар ҳамсоядорӣ нисбат ба мардуми дар музофот маскун дошта, ба ҳамдигар зиёд бетафовути зоҳир мекунанд. Сабаби инро дар мазмуни зист, тахассус ва тафаккури замонавӣ доштаашон маънидод мекунанд.

Таъсири муҳит дар ҳамсоядорӣ

Муҳити зист, атроф ва маҳалли дар он иқомат доштаамон дар муносибати ҳамсоядорӣ, умуман дар ташаккули хислату рафтори инсонӣ таъсири амиқ ва назаррас доранд. Таъсири зиндагиномаи як ҳамсоя ба ҳамсояи дигар, одоби хуб доштану муошироти хуб кардан, дар лаҳзаҳои душвор ва мушкилоти ба амал омада, ба ҳамдигар кӯмак расонидан манфияти баланд дорад. Маҳз мақоли “Аз хеши дур ҳамсояи наздик хубтар” аз мазмуни дар боло зикргардида тавлид ёфтааст.
Ҷомеашиноси англис Р. Грэннис навиштааст, “ҳамсоядорӣ дар муносибат ба ҳамдигар, хешу табор ва ё ҳамқавм будан, якҷоя иштирок кардан дар ҷамъомадҳои гуногун ва ғайраҳо мустаҳкам гардида, инкишоф меёбад”. Бале, ба назари мо ин мазмун дуруст аст ва маҳз дастаҷамъӣ, якдигарфаҳмӣ, аз зиндагиномаи ҳамдигар воқиф будан метавонад подоши хубе дар муносибату одамгариямон диҳад. Дар байни мардуме, ки деҳаҳои кӯҳистон дар солҳои 50 ум ва 60-уми асри гузашта, аз кӯҳистон ба таҳдашт кӯч баста омада буданд, суннати ҳамсоядорӣ ба дараҷаи олӣ риоя карда мешавад. Ҳатто баъзан агар байни ҳамсояҳо нофаҳмие ҳам ба амал ояд, ба тези он аз тинати онҳо зудуда мегардад. Чаро чунин аст? Қабл аз ҳама одоби ҳамсоядоӣ барои онҳо одат шудааст ва дар тули садсолаҳо байни мардуми бахусус кӯҳистон ин мазмун дар хуни онҳо маскан гирифтааст. Агар ин маъниро дигархелтар иброз намоем, ҳамаи ин таъсири муҳити зисти онҳост, ки дар тӯли қарнҳо одати доимӣ шудааст.
Албатта мо гуфтани нестем, ки дар маҳалоти музофотии мо манзалати ҳамсоядорӣ кам шудааст. Ҳаргиз, мароми мо дигар чиз аст, пос нигоҳ доштани суннати ҳамсоядорӣ байни тамоми мардуми тоҷик.Хушбахтона дар ватани мо деҳаҳое ҳастанд, ки бо муносибат ва дастаҷамъии худ овозадор гаштаанд. Масалан чанд сол муқаддам мо ба деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ ба тӯйи дӯстамон рафтем. Ба ростӣ дар боби меҳмоннавозии ин мардуми деҳ шунида будам, аммо ба чашми сар меҳмонавозию дастаҷамъии ин мардумро дидам. Ба назарам чунин расид, ки тамоми мардуми деҳа дар маърака хизмат мекард ва мо як лаҳза аз мадди назари соҳибони тӯй дур намондем. Дар бозгашт ҳамрохонам ҳамсоядориву ҳамдеҳагии ин мардумро хеле зиёд тавсиф мекарданд. Чунин деҳаҳо дар саросари кишвари мо хеле зиёданд.

Хона бунёд макун...

“Хона бунёд макун то надонӣ ҳамсояаат кист”, ин гуфта мазмуни зиёдеро дар худ гирифтааст. Бо инсони хуб ҳамсоядорӣ кардан, зиндагиномаи моро боз ҳам зебову ширин мегардонад, зеро он дар ҳама давру замон, дар радифи зиндагиномаи инсонӣ манзалати баландеро дорост, чунки ҳамсоя ҳам дар бисёр ҳолатҳо чун дигар аъзоёни оилаамон аз ҳолу аҳволи мо воқиф аст. Албатта агар ҳамсояи хуб бошад ва агар бад бошад вой бар ҳоли мо...
Оре ва ин мазмун бемаврид набуда, дар давоми солҳои дароз, зимни мушоҳидаҳо, дидаву шунидаҳо мавриди назар қарор гирифтааст. Ҳамсояи бад ва ё ҳамсояи бадхӯ рӯзгори одамиро тира карда, барои инсони комил бори гаронеро мемонад, ҳама вазнинии он бар души кас ногаҳон меафтад. Борҳо мо шоҳиди он гардидаем, иддае аз мардуми порсо ба нотавонбинӣ, рашку ҳасади ҳамсояи бадкеш тоб наоварда, тағири манзил кардаанд.
Пояи ҳамсоядорӣ ба назари мо қабл аз ҳама дар тарбия ва донишу малакамон зуҳур меёбад, зеро инсони комилу тарбияёфта, дар ҳама ҳолатҳо ба худ мазмуни хубро интихоб карда, кӯшиш мекунад, ки бадкешу бадандеш набошад.

Хулоса
Албатта мардуми мо вобаста ба расму русум, дин, анъанаҳо ва дигар урфу одатҳои худ аз дигар миллатҳо фарқ мекунад. Анъанаҳои хубамон солиёни зиёд бо мо ҳамроҳӣ мекунад. Аммо мутаассифона таи солҳои охир мо амалҳои номатлуберо на танҳо дар ҷодаи ҳамсоядорӣ, балки дар дигар паҳлуҳои зиндагиномаи инсониямон ба монандӣ, одаби муошират, ҳурмату эҳтиром ва дигар паҳлуҳои алоқи инсонӣ мебинем. Албатта ба ин самт рӯ овардани иддае аз мардуми бегонапарстӣ ва таъсироти беруна аст. Пеш аз ҳама таъсири филмномаҳои хориҷӣ, сериалҳо, клипҳо, барномаҳои консертӣ, интернети номатлуб ва дигар воситаҳои тарғиботии электроние мебошанд, ки ба тафаккури мо, минҷумла ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд.
Ин таъсиротро дар дар ҷодаи ҳамсоядорӣ, одоби муоширот ва муносибати байниҳамдигариамон бараъло мушоҳида мегардад. Барои аз байн бурдани ин падидаҳои номатлуб ба мо лозим аст, ки насли ояндаро хуб тарбия кунем, ва дар ниҳоди онҳо эҳсосоти ифтихори миллӣ, дӯст доштану эҳтиром намудани гузаштагону имрӯзиёро парварем ва ҳамчун инсони тафаккури баланд доштаву солимақл ба муқобили ин падидаҳои мубориза барем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки расму русум ва фарҳанги миллиамонро поку беолоиш нигоҳ дорем, зеро онҳо заминаи бунёду ҳастии миллат ва пойдории сулҳу субот шуда метавонанд.
Дар охир ҳаминро мехоҳам иброз намоям, ки зимни интихоби зист, харидани хонаи нав албатта, аз хислату рафтору гуфтори ҳамсояи наватоy воқиф щавед ва аз рӯи ин гуфтаи суханвари гузаштаамон амон амал намоед:

Ту макун сарф бар он моя,
То надонӣ кист ҳамсоя...
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: