Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

25-04-2019, 08:30
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Чин самимона истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ба ин кишвар ташриф оварданд.

Дар кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Форум иштирок ва суханронӣ карда, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва сарони як қатор кишварҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: