Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

28-03-2019, 11:36
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

Дар ташкилоти ибтидоии “Патар”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, чорабинии фарҳангии дӯстона таҳти унвони “Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт” баргузор гардид. Дар он дар баробари сокинони деҳа меҳмонон аз ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ ду оилаи намунавии деҳот, ки аз ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон арӯс овардаву солҳои тӯлонӣ хушбахтона зиндагӣ доранд, иштирок карданд. Таъкид шуд, ки мардуми тоҷику ӯзбек решаи пайвандии ногусастанӣ доранд ва ин дӯстиву рафоқат пайваста устувор мегардад.

Мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова баргузории ин чорабинии дӯстонаро иқдоми наҷиб ҳисобид. Ҷамъомадагонро бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик гуфта, ба меҳмонон аз номи кумиҷроияи шаҳрӣ тӯҳфаҳо тақдим кард. Барномаи фарҳангӣ, ки тараннумгари баҳор, дӯстиву рафоқат буд, табъи меҳмононро болида гардонид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: