Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи тасаллият ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн

16-03-2019, 06:05
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи тасаллият ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли андӯҳ ва нафрати беандоза хабари амали террористӣ дар масҷидҳои шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Нав, ки муҷиби ҳалокати 49 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон гардид, дарёфт намудам.

Ин ҳодисаи фоҷеабор бори дигар воқеияти аслии терроризмро нишон медиҳад, ки ба ягон дин, миллат ва қавм рабте надорад ва зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Зеландияи Нав ва ибрози ҳамдардии инҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён, хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: