Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои маркази вилояти Суғд

Оғози ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои маркази вилояти Суғд

1-08-2018, 08:09
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Оғози ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои маркази вилояти Суғд
Бегоҳии рӯзи 30 июл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳаракати автобусҳои нави мусофиркашон дар хатсайрҳои маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Дар чорабинии тантанавие, ки дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати оғози ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои шаҳри Хуҷанд доир шуд, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо татбиқи пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» то поёни соли ҷорӣ боз 75 адад автобусҳои замонавии тамғаи “ЛИАЗ” ба маркази вилоят ворид карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 26,8 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.
Раиси вилоят ҳамзамон таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳаракати 25 адад автобусҳои воридшуда аз маҳаллаҳои 3,8 ва 12 шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, то шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома меёбад. Ронандагони автобусҳо тавассути озмун аз миёни 120 довталаб интихоб гардидаву нафарони соҳибтаҷриба маҳсуб меёбанд.
Оғози ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои маркази вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки минбаъд бо истифода аз таҷрибаи шаҳри Душанбе истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон ба ҳаракати автобусҳо мувофиқ гардонида мешавад ва интизор меравад, ки сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба маротиб беҳтар гардад.
Сипас, Раиси вилоят бо ҳамроҳии гурӯҳе аз намояндагони аҳли зиё ва ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ бо автобусҳои нав аз маркази вилоят то шаҳраки Ғафуров сафар намуданд ва ҳамин тариқ ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои маркази вилоят оғоз ёфт.

Хадамоти матбуоти
раиси вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: