Ҳифзи муҳити зист асоси пешрафти ҷомеа7-03-2019, 04:39
Хабарро хонданд: 497 нафар
Назарҳо: 0
МӮЪМИНОБОД.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии ҷангал»- атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯри баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, ҳамагонро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд. Дар хотима оид ба баргузории корҳои сабзу хуррамгадонӣ бо истифода аз обу ҳавои муносиб ва расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд тавсияҳо дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.