Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад»

23-02-2019, 21:00
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад»

ДУШАНБЕ, 23.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки ба ҳайати гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо ва ба задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои даргир ҷалб гардидани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. «Аслан, тавре ки ман борҳо таъкид кардаам, кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад», — гуфтанд Сарвари давлат.

Тавре Пешвои миллат хотирнишон намуданд, мо даҳшати чунин амалро солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари худамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Лекин дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи даҳсолаҳои охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонида истодаанд. Дар ин раванд, мафҳумҳои «радикализми исломӣ» ва «экстремизму терроризми динӣ»-ро танҳо ба номи дини мубини мардуми мусулмон мансуб медонанд.

«Ва ин дар ҳолест, ки ислом табиатан ва моҳиятан ҷаҳонбинии сулҳу салоҳ мебошад ва бо хушунату зӯроварӣ, ҷангу хунрезӣ ва терроризму экстремизм умумияте надорад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ин масъалаҳои муҳим дар ҷараёни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд ҳамеша дар назар дошта шаванд. Мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бояд инро дақиқдарк намоянд, бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунанди иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд.

Дар иртибот ба воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир Пешвои миллат хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро даъват намуданд, ки аз пештара дида, зираку ҳушёр бошанд, омодагии ҷангиро ҳамеша дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд ва қодир бошанд, ки мувофиқи вазъият амал карда тавонанд.

«Бори дигар хотирнишон месозам, ки асоси муваффақиятро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои қадимтарини дунё таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошанд», — гуфтанд Сарвари давлат.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: