ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст7-02-2019, 09:37
Хабарро хонданд: 494 нафар
Назарҳо: 0
Февраль 7, 2019 08:14 ДУШАНБЕ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба -4+1 дараҷа расида, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 7-2 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -1+4 дараҷа мерасад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 7-12, инчунин то 15-17 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-2 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.