МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН” БАРГУЗОР ШУД31-01-2019, 09:27
Хабарро хонданд: 458 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и шуъбаи маорифи ноҳия маҷлиси умумиҳизбӣ оид ба натиҷагирӣ фаъолияти солона дар соли 2018 доир гардид. Нахуст Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бобати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба сухан баромада, зикр намуд, ки Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар айни замон, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад. Аз ҷумла оид ба бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар мамлакат, идомаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар солҳои минбаъда, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, дарёфти роҳҳои нави усулҳои фаъоли таълим, ҷиҳати аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, ҳар се сол аз аттсестатсия гузаронидани омӯзгорон, ба маротиб зиёд намудани маблаӯгузории буҷети мамлакат ба соҳаи маориф, дар мадди аввал гузоштани соҳаи маориф дар сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, расидан ба зиндагии шоистаи мардум ва баланд бардоштани сатҳинуӯаҳолии сокинони кишвар, татбиқи ҳадафмандонаи баромаҳои стратегии давлат, татбиқи саноатикунонии каишвар ҳамчун ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат, амалигардонии сиёсати дарҳои боз дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ҷойгоҳ ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ба масоили глобалӣ оид ба об суханрони карданд. Сипас Изатуллои Ҳабибзод муовини раис-роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Одобномаи корманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, афзуд, ки одобномаи мазкур меъёрҳои ахлоқии кормандони масъули ҳизбӣ ва азви онро танзим мекунад. Ҳамзамон бобати татбиқи босамари бандҳои он, садоқат ба Ватан, модар, садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, дастгирии сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ ва шахсияти комили меҳанпараст ва намунаи ибрати дигарон будан дар ҷомеа ибрози андеша намуданд. Дар ин росто Каримзода Матлуба Латиф- раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и шуъбаи маориф оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти кумита дар соли 2018 ҳисобот доданд. Дар музокираҳо Раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлолият” Абдулов Зиёдулло ва раиси ташкилоти ибтидоии “Сомон” Шерова Ҷумагул суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарбияи насли ҷавон дар масири хештаншиносӣ саҳми бориз дорад. Дар фаромад ба як қатор фаъолон, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузоштаанд Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.