Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ ФАРҲАНГИ БЕГОНА ДУРӢ БОЯД ҶУСТ

АЗ ФАРҲАНГИ БЕГОНА ДУРӢ БОЯД ҶУСТ

28-01-2019, 10:38
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
АЗ ФАРҲАНГИ БЕГОНА ДУРӢ БОЯД ҶУСТ
Халқ офаранда, тарғибкунанда ва нигоҳдорандаи фарҳанги хеш буда, дар тӯли қарнҳо ин вазифаю масъулиятро иҷро карда, то замонҳои мо оварда расондааст. Албатта барои шинохти миллат на танҳо сиёсатмадорон, балки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа вобаста ба касбу ҳунар, ихтисосҳо саҳмгузор мебошад. Барои он ки соҳаи фарҳанг рушди устувор дошта бошад, дар ҷомеа сиёсатеро дастгирӣ ва татбиқ кардан лозим аст, ки бештар паҳлуҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро фарогир ва ба маънавиёт нигаронда шуда бошад.

Илм, маориф ва фарҳанг яке аз муҳимтарин соҳаҳо ба шумор рафта, дар ташаккули маънавиёти ҷомеа нақши арзанда гузошта, болоравии ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллии мо аз ин соҳаҳо сарчашма мегирад. Бинобар ин, ҳар як мушкилоти дар ҷомеа баамаломадаро лозим меояд, ки дар якҷоягӣ бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалашро дарёбем, то омили якдигарнофаҳмӣ миёни омма нагардад. Такя кардан ба суннатҳои хоси либоспӯшии миллиамон моро ба самте равона месозад, ки таърихи тамаддунофари миллатамонро варақгардон намоем ва назари худро дар бобати либоси миллӣ баён созем.

Имрӯзҳо дар миёни мардум ақидаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҷомеаро ба пайравӣ кардан ба фарҳанги бегона равона месозанд. Ба ҳамагон маълум аст, ҳар қонуне, ки қабулаш саривақтӣ дониста мешавад, сараввал мавриди баррасӣ ва муҳокимаи умум қарор мегирад. Пас аз он назари аҳли ҷомеа ба инобат гирифта шуда, баъдан қонун қабул мешавад ва аз рӯзи ба тасвиб расиданаш эътибор пайдо мекунад. Донишкадаю донишгоҳҳо аз зумраи муасиссаҳои таълимӣ ба шумор мераванд ва дар баробари таҳсили донишҷӯён кормандон низ фаъолият мекунанд. Пӯшидани либос дар ин муассисаҳо тибқи дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён ва кормандон бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг роҳандозӣ шудааст, ки хос ба маданияти мо тоҷикон аст. Аз мушоҳидаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки миёни кормандони вазорату идораҳо ва корхонаҳои хусусӣ шахсоне, ки либосҳои хусусияти мазҳабидошта ба бар мекунанд, нестанд. Ин тарзи либоспӯширо берун аз муассисаҳо ва коргоҳҳо миёни қишри дигари ҷомеа вохӯрдан мумкин аст. Набояд миллати бофарҳанги тоҷик пайравӣ аз ақидаи беасоси ашхосе кунад, ки манфиати худро аз манфиати аҳли ҷомеа боло гузошта бошанд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: