Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗИНДАГӢ ДАР ДЕҲОТ ХУРРАМУ ЗЕБО МЕГАРДАД

ЗИНДАГӢ ДАР ДЕҲОТ ХУРРАМУ ЗЕБО МЕГАРДАД

17-01-2019, 08:45
Хабарро хонданд: 340 нафар
Назарҳо: 0
ЗИНДАГӢ ДАР ДЕҲОТ ХУРРАМУ ЗЕБО МЕГАРДАД

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пеш аз ҳама ба рушди иқтисодӣ диққати махсус дода шудааст. Тавре қайд гардид, дар соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар мамлакат 7,3% -ро ташкил дод ва дар муддати 15 соли охир ин нишондод ба 7% баробар буд. Вале дар ин муддат содироти маҳсулот аз кишвар ба берун хеле кам афзоиш ёфтааст. Бинобар ин, дар оянда Тоҷикистон бояд аз кишвари аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ –аграрӣ табдил дода шуда, дар рушди кишварамон саҳми саноат аз 17 % ба 22% расонида шавад. Аз ин рӯ, барои рушди минбаъдаи саноат воридоти тамоми таҷҳизоти саноатӣ аз арзиши гумрукӣ бояд озод бошанд. Ҳамчунин то соли 2021 воридоти маҳсулоти истеҳсоли хориҷӣ ба миқдори 31% бояд кам карда шуда, дар оянда истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ 50-60% афзоиш ёбад. Рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ хеле муҳим аст. Бинобар ин, барои санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ то соли 2020 маратория эълон карда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар соли 2019 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии соҳибкорӣ таҳия гардад.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳадафи стратегии кишвар, яъне аз бумбасти коммуникатсионӣ берун шудан ва таъмини энергетикӣ пурра ҳалли хешро ёфтанд. Вале дар бисёр соҳаҳо ҳоло натиҷаҳо қонеъкунанда нестанд. Васеъ намудани майдони боғҳҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, азхудкунии заминҳои нави корам, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубраманд. Масалан, дар соли 2018 нахи пахта дар дохили мамлакат ҳамагӣ 10-12% коркард гаштааст. Аз ин лиҳоз, вазифа гузошта шуд, ки минбаъд нахи пахта дар дохили мамлакат ба маҳсулоти тайёр табдил дода шавад.
Мавзӯи дигаре, ки дар Паём дахл карда шуд, рушди деҳот мебошад. 73 % аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, дар оянда баҳри рушди деҳот бояд чораҳои таъхирнопазир дида шавад.
Сарвари давлат як нуқтаро махсус қайд намуданд, ки дар сурати дар деҳот сохтани роҳҳои хуб, мактабу касалхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ, ҳаёти сокинони он боз ҳам хурраму зебо мегардад. Аз ин лиҳоз, месазад, ки ҳар як сокини кишвар ҳунаре дошта, дар ободии мамлакат саҳмгузор бошад.
Ҳамин тавр, ба андешаи мо Паёми имсолаи Президенти кишвар тамоми паҳлӯҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварро дар бар гирифта, барои рушди устувори Тоҷикистон дар соли 2019 дурнамои арзишманду амалӣ ба шумор меравад.

А. Мирзораҳимов, директори Институти ботаника, физиология
ва генетикаи рустании Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қ. Партоев, мудири озмоишгоҳи генетика ва
селексияи Институти ботаника, физиология
ва генетикаи рустании Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: