Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат: «Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ истеҳсоли нахи пахта ду баробар кам гардида, 9 корхона аз фаъолият бозмондааст»

Пешвои миллат: «Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ истеҳсоли нахи пахта ду баробар кам гардида, 9 корхона аз фаъолият бозмондааст»

9-08-2017, 15:02
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0

ДУШАНБЕ, 9.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баробари дастоварду пешравиҳо як қатор мушкилоту норасоиҳо, аз ҷумла доир ба амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2015-2019 ба назар мерасанд. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон иброз намуданд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, соли гузашта барои маблағгузории барнома зиёда аз 35 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аммо иҷрои он ҳамагӣ 25 фоиз таъмин карда шудааст.

Зикр шуд, ки дар ноҳия ба масъалаи ободонии деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ба талаботи меъёрҳои муосир мувофиқ гардонидани роҳҳои онҳо ва дар шафати роҳҳои мошингард шинонидани дарахтони ороишиву мевадиҳанда кам эътибор дода мешавад. Ҳамчунин ба ободонии маркази ноҳия низ диққати ҷиддӣ бояд дод. Чунки аксари иншооти он таъмирталаб буда, симои маркази ноҳияро коста мегардонанд.

«Аз ин рӯ, роҳбарону мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки фаъолияташонро доир ба татбиқи саривақтии барнома, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории он, аз ҷумла бо ҷалби васеи соҳибкорон, инчунин нақшаи ҷамъоварии андоз, ки барои амалӣ гардидани нақшаҳои созанда ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла маошу нафақа монеа эҷод мекунад, ҷоннок намуда, ҷиҳати ободонии маркази ноҳия ва дигар маҳалҳои аҳолинишини он диққати махсус зоҳир намоянд»,-иброз намуданд Пешвои миллат.

Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «бо вуҷуди дар даҳ соли охир ду баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли нахи пахта ду баробар кам гардида, ҳоло аз 21 корхонаи саноатии ноҳия 9 корхона аз фаъолият бозмондааст. Ҳол он ки ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами коргоҳу корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нав сарчашмаи даромади иловагӣ, таъмин гардидани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад».

Бинобар ин, Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи рушди маҳал камбудиву норасоиҳои дар соҳаи саноати ноҳия ҷойдошта ва монеаҳои рушди соҳибкории истеҳсолиро сари вақт бартараф намоянд ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: