Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Помпео дар Миср дар пасманзари барномаи хуруҷи ИМА аз Сурия

Помпео дар Миср дар пасманзари барномаи хуруҷи ИМА аз Сурия

11-01-2019, 09:00
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Помпео дар Миср дар пасманзари барномаи хуруҷи ИМА аз Сурия

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар охирин истгоҳи сафараш ба нуҳ кишвари Ховари Миёна ба Миср расид, то шарикони Арабро мутақоид кунад, ки Вашингтон аз минтақа берун рафтанӣ нест.

Помпео рӯзи 10 январ баъди боздид аз Урдун ва Ироқ ба Миср омад. Ӯ талош кард раҳбаронро мутақоид кунад, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия ба маънои даст кашидан аз мубориза бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ва ё сабук кардани фишор ба Эрон нест.

Сафари Помпео ба минтақа дар пасманзари номуайянӣ оиди барономаи маъмурияти Трамп, ки гуфтааст нерӯҳои ИМА аз Сурия хориҷ мешаванд, ҷараён гирифт.

Баъди гуфтугӯ бо Сисӣ Котиби давлатии ИМА дар твиттер навишт, ки мулоқот "созанда" буд. "ИМА аз Миср дар баробари тааҳудаш оиди озодиҳои мазҳабӣ ва мубоиза бо терроризм, ки ба ҳамаи дӯстони мо дар Ховари Миёна таҳдид мекунад, қотеона пуштибонӣ хоҳад кард",- навишт Помпео.

Помпео дар нишасти матбуотии ягҷоя бо вазири хориҷии Миср Самеъ Шукрӣ ба суоли хабарнигорон оиди барномаи берун рафтани нерӯҳои ИМА аз Сурия гуфт, ки Вашингтон нерӯҳоро аз Сурия хориҷ мекунад, аммо мубориза бо гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро то охир мерасона
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: