Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТЭТ ҲНИ ВАТАНГАДО ВА Ё ПУЛСИТОНИ ХОҶА

ТЭТ ҲНИ ВАТАНГАДО ВА Ё ПУЛСИТОНИ ХОҶА

4-01-2019, 08:40
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
ТЭТ ҲНИ ВАТАНГАДО ВА Ё ПУЛСИТОНИ ХОҶА

Тавассути сомонаҳо аз ҷониби кумитаи аслнадоштаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, тазоҳуроти наҳзатиёнро рӯ ба рӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, ба «гирдиҳамоии бузург» шабоҳат доданд. Лек агар ба воқеият назар афканем ин тазоҳурот ба як маҷлиси майдаяки наҳзатиён шабоҳат дошт. Дар он ба ғайри аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ нафари дигар ширкат надошт. Аммо бояд донист, ки ба ин хабару овозаҳои бемантиқ ҳатто шаҳрвандони бадарғашудаи дар ба дар ҳам хоҳиши рафтану иштирок намуданро накарданд.
Агар сухан дар бораи кумитаи мазкур равад, пас саволе ба миён меояд, ки чи хел кумита аст, ки бо зиндониёни сиёсӣ кору фаъолият дорад ва барои озод намудани онҳо кӯшиш менамояд. Муҳаммадалии Ҳаит яке аз идеологҳои наҳзатиёни ифротӣ баҳисоб меравад ва ифротӣ будани ӯро дидаву дониста озодиашро талаб дорад. Аъзоёни кумита талаб доранд, ки Зайд Саидов, ки ӯро ҳамчун ғоратгар ва ҳокими мутлақ меҳисобиданд ва пешниҳод доштанд, ки аз вазифаи вазири барканор шавад, лекин имрӯз аз озодии ӯ пайгирӣ менамоянд.
Масъалаҳои озод кардан аз маҳбас ё лоиқи дигар ҷазоҳоро истифода намудан бо таклифу пешниҳоди шахсон ё гурӯҳҳои алоҳида танзим намешавад. Барои ҳалли ин масъалаҳо ҳар як давлат идораҳои маъмурӣ, додгоҳ ва судӣ доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳама рукнҳои давлатдориро соҳиб аст.
Доир ба масъалаи воқеъиёти маҳбасхонаи 3/3 шаҳри Хуҷанд, мақомотҳои салоҳиятнок натиҷаи тафтишотро, ки гурӯҳи махсуси Додситонии кулли кишвар тафтиш дорад ва баъди анҷомёбии он албатта дастраси омма мегардонанд. Оиди исёни ошӯбгарон ва ташкилкунандагони нооромиро дар маҳбасхонаи 3/3 Хуҷандро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти Брюссел пурра шарҳ додааст. Мувофиқи он шумораи расмии маҳбусони кушташуда зимни ошӯб дар зиндони Хуҷанд 21 маҳбус безарар гардонида шудааст, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд: 12 маҳбуси кушташуда дар ҷангҳои Ироқу Сурия ба ҷонибдорӣ аз ДОИШ иштирок карда буданд ва се тани дигар узви тундрави «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ»-и ҳаракати исломии Ӯзбекистон. Боқимондагон барои куштор ва қошоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми калон аз озодӣ маҳрум буданд.
Хусусан дархости Кумитаи ба ном наҷоти гаравгонҳо ва тазоҳуротчиёни Берлинӣ аз шарикони Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо оиди қатъ намудани кӯмакҳои иқтисодӣ ва молӣ ба мамлакат аблаҳии рӯи рост ва беимонист. «Кӯмаки» ин гурӯҳҳои ифротӣ буд, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 7 миллиард доллар зарари моддӣ расонида шуд ва минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриамонро ба харобазор табдил доданд, ҳазорон нафари бегуноҳ кушта шуданд.
Пурсида мешавад, ки оё аъзоёни Кумитаи аслаш номаълум барои пешниҳод намудани талаботҳо ба давлати Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ дорад? Ин шахсони ватангадо барои ободии Тоҷикистон, беҳ намудани сатҳи зиндагии мардум чӣ кор кардаанд (аз онҳо фақат харобазору вайронаҳо ва кӯдакони ятим боқӣ монданду халос). Ҳар як шахси солимфикр дида истодааст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба кадом дастовардҳо ноил гашта ба мамлакати ободу осуда мубаддал гашта истодааст, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83% то ба 30% коҳиш ёфтааст. Ҳоло сатҳи маърифати халқи тоҷик аз солҳои 90-уми асри гузашта куллан фарқ мекунад, яъне сафедро аз сиёҳ ҷудо карда метавонад. Аз ин рӯ ба иғвогарону дасисабозон наметавонанд мафкураи мардумро халалдор созанд.
Абдуллоев О. – н.и.и., дотсенти
кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерии ДДҲБСТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: