Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОЛИ НАВ: АЗ КУҶО ХАРИД КУНЕМ?

СОЛИ НАВ: АЗ КУҶО ХАРИД КУНЕМ?

27-12-2018, 08:40
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
СОЛИ НАВ: АЗ КУҶО ХАРИД КУНЕМ?

Ҳар сол ҳангоми фарорасии ҷашнҳое ба монанди Соли Нав, Наврӯз, Қурбону Рамазон ва дигар идҳо, нархи бозору мағозаҳо тағйир меёбад. Имрӯзҳо дар пойтахти кишвар супермаркетҳову гипермаркетҳо низ қомат афрохта, муштариёни зиёдеро ҷалб кардаанд. Албатта, талаботи инсонҳо рӯз то рӯз дигар мешавад ва онҳое, ки маблағи кофӣ дар даст доранд, ҳатман ба сӯи супермаркетҳову гипермаркетҳо мешитобанд. Аз тарафи дигар худи чунин марказҳои фурӯшӣ аксияву тахфифҳо эълон мекунанд ва чашми мардумро ба ин восита фиреб дода, моли худро ба фурӯш мегузоранд, дар асл бошад ҳамаи инҳо бозиҳои тиҷоратӣ ҳастанд.
Бо мақсаиди муқоисаи нарх ё пасту баланд шудани онҳо дар арафаи Соли нав хостем, як матлабе оиди ин масъала барои хонандагон матраҳ созем. Албатта, мо чизеро, ки дидем ва мушоҳида кардем мавриди баррасӣ қарор медиҳем, на кам ё зиёд аз он. Аммо дар супермаркети «Пайкар», новобаста аз он ки тамоми нархҳояшон ошкоро болои маҳсулот гузошта шуда буд, барои номнавис кардани чанде аз онҳо ба норозигии кормандони он ҷо рӯ ба рӯ шудем. Сайёра Қодирова, ки худро маъмур эълон карда буд, гуфт:
- Шумо ҳақ надоред, маҳсулоти моро акс гиред ё нархҳои моро аз назар гузаронда, барои худатон қайд кунед. Дар супермаркети мо чунин корҳо мумкин нест.
Ҳайрон шудам, чаро ин администратор чунин нағма дорад? Ман ҳамчун мизоҷ ба он ҷо даромада будам. Оё харидор ҳақ надорад аз нархи навъҳои маҳсулоти мехаридааш огоҳӣ дошта бошад? Оё истеъмолкунанда ҳақ надорад сифату маишати маҳсулотро аз назар гузаронад? Ин саволҳоро ба онҳо, ки омада маҷбур карда истодаанд, то дигар нархи навъҳо ва сифати маҳсулоташонро аз назар нагузаронам, додам, боз ҳам ҳамон ҷавоб «Мумкин нест!». Барои бозор дар баробари одамон, қобилияти харидории онҳо низ бисёр муҳим аст. Алахусус, барои бештари харидорон нарх пеш аз ҳама ҳатто аз сифати маҳсулот меистад, ки ба маблағи ҷайбашон сахт вобастагӣ дорад ва онҳо мекӯшанд, то нархи маҳсулотро пештар аз сифат ва маишаташ бидонанд. Дар ин маврид мехостам ба раисони муҳтарами супермаркетҳои пойтахт бигӯям, ки лутфан ба зердастонашон, махсусан ба маъмурон дар кадом ҳолат истифода бурдани ифодаи «Мумкин нест!»-ро хубтару саҳеҳтар фаҳмонанд, то онҳо баҳудаву беҳуда ба харидорон ва мизоҷон дарнаафтода, сабаби «ҷоиз набудан»-ро кушоду рӯшан ба онҳо тавзеҳ диҳанд. Ҳамин тавр, банда ҳам дигар нахостам бо маъмурияти супермаркети «Пайкар» баҳсу мунозира кунам, нархҳояшонро на дар дар дафтару телефон, балки маҷбур шудам дар хотираам сабт карда, аз он ҷо баромада равам.
Нархгузорӣ дар супермаркетҳои машҳури пойтахт, дар мисоли «Ашан», «Пайкар» қимматтар буда, мағозаҳои маркази фурӯшии «Садбарг» ба маротиб арзонтар аз инҳост. Дар се маркази калони фурӯши маҳсулоте, ки мо барои муқоиса интихоб кардем, тафовути нархҳо дида мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки маҳсулот дар арафаи таҷлили ҷашнҳо тағйир меёбанд, вале ягон фарқияти ҷиддие аз ҳамдигар надоранд. Дар зер мо номгӯи чанд маҳсулоте, ки ҳаррӯза аз тарафи истеъмолкунанда мавриди истифода қарор мегиранд, меорем:

Номгӯи маҳсулот Марказҳои савдо ва нарх

Садбарг
Ашан

Пайкар

Тухм 0, 70 с 1д 0,94с 1д 0,90 1д
Гӯшт Аз 38 то 40 с 1кг Аз 39 то 63 1кг Аз 39,70 то 67,90с 1кг
Ҳасиб 18, 50 с 1кг 19,63 с 1кг 21,72 с 1кг
Моҳӣ Аз 22 то 29 с 1кг 74, 77 с 1кг 75, 60 с 1кг

Помидор 14 с 1кг 16с 1 кг 16, 20 с 1кг
Бодиринг 10 с 1кг 13 с 1кг 14,90 с 1кг
Себ 4 с 1кг 8 см 1кг 7,90 с 1кг

Гӯшт дар маркази гӯштфурӯшӣ ва ҳамчунин дар мағозаҳои «Садбарг» 38-40 сомониро дар бар мегирад. Аммо дар гипермаркети «Ашан» 39-63 сомонӣ ва дар супермаркети «Пайкар» аз 39,70 то 67,90 барои 1 кг муайян шудааст. Ба гуфтаи коргарони супермаркетҳои мазкур қиммат будани нархи гӯшт, ки онҳо ба фурӯш гузоштаанд, ин лаҳм ва бе устухон будани онҳост.
Ҳасибҳо низ бо нархҳои мутафовит дар чунин марказҳо ба фурӯш гузошта шудааст. Масалан, ҳасиби дӯстдоштаи бисёр нафарон «Баҳор» буда, ин навъи ҳасиб чуноне ки дарёфтем, дар супермаркети «Пайкар» 21,72 сомонӣ дар «Садбарг» 18,50 сомонӣ ҳисобида мешавад. Ҳамин тавр, маҳсулоти хӯрокаи аввала ба монанди тухм, гӯшт, шир, ҳасиб, помидор, бодиринг, себ, ангур, шириниҳо аз қабили шоколад, қандак, торт, пчениҳо ва ғайра бо нархи фарқкунанда дар «Ашан» ва «Пайкар», нисбат бар «Садбарг» ба фурӯш гузошта шудаанд.
Маҳсулоти мағозаҳои маркази савдои «Садбарг» ба ҳар ҳол боинсофона нархгузорӣ шудаанд ва агар то рӯзҳои Соли нав баланд набароянду муътадил бошанд, ба фоидаи харидорон ва ҳам фурӯшандагон хоҳад буд.
Ҳамасола дар кишвари мо низ Соли нав ҷашн гирифта мешавад ва дар аснои ҷашнгирии он мардум дастархонҳои идона оро медиҳанд, гарчанде ки на ҳамаи сокинон ба хотири таассуб таҷлили онро мепазиранд. Мо низ мувофиқи талаботи муштариёни номгӯи маҳсулоте, ки бештар мавриди харидорӣ қарор мегиранд, интихоб карда, дар марказҳои савдои болозикр мариди таҳқиқ қарор додем. Муайян шуд, онҳое, ки мехоҳанд аз супермаркетоҳи «Ашан» ва «Пайкар» харидорӣ намоянд, нисбат ба маркази савдои «Садбарг» маблағи бештарер сарф хоҳанд кард.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: