Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20-12-2018, 07:57
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 декабр дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишварро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд.

Дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба вазъи таъмини амну субот дар кишвар ва фаъолияти сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2018 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2019 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд.

Доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигарон шунида шуд.

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштарак ба муқобили қонунвайронкуниҳо, ҷинояту ҷинояткориҳо, таъмини амнияту суботи давлату миллат, тарғибу гиромидошти арзишҳои истиқлолият - ваҳдату суботи сартосарӣ ва дигар вазифаҳои Шӯрои амният, аз масъалаҳои муҳими кори ҷаласа буд.

Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.

Барои бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифадор карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: