ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст15-12-2018, 10:15
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Декабрь 15, 2018 08:50 ДУШАНБЕ, 15.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона 1+6 ва дар шарқи ин вилоят шабона -23-28 ва рӯзона -9-14 дараҷа сард мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб дар як сония 4-9 метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба 0+5 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 1+3 ва рӯзона +16+18 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.