Дило назди касе биншин, ки аз дилҳо хабар дорад…7-12-2018, 08:49
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Мо, кормандони ҲХДТ дар асоси сиёсати хирадмандона, некбинона ва муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пеш аз ҳама баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, аёдати пирону барҷомондагон, маъюбон, дастгирии ятимону ниёзмандон, гиромӣ доштани қадру манзалати шахсони баруманд ва хизматнишондода миёни аҳолии кишвар сарчашма мегирад, фаъолият намуда, ҳамзамон барои ноил шудан ба эътимоди мардумонамон талош меварзем. Дар радифи ин гуфтаҳо бароямон муяссар гашт, бо маслиҳати бонуи арсаи сиёсат зани оқила муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён Маҳмудзода, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ҳумайро Мардонова ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ба дидорбинӣ ва аёдати бонуи рӯзгордида, заҳматқарину, матинирода, дӯстдори миллату меҳан Низорамоҳ Зарипова рафтем. Ӯ моро бо меҳрубониҳои зиёд истиқбол намуда, дарҳол супориш дод, ки ба толори қабули меҳмонҳо гузарем ва дар сари миз нишинем. Апаи Низорамоҳ зуд худро бо либоси нав оро дода, назди мо омад. Келини кушодачеҳраашон гарму самимӣ моро пазироӣ намуда. Апаи Низорамоҳ пурсон шуд ва мо худро шинос намудем. Бисёр хурсанд шуда, гуфт, ки «Хуш омадед! О шумоҳо духтарони худам будаед ку… боз ҳам хуш омадед» ва ӯ дар бораи солҳои ҷавонӣ кор дар Кумитаи Марказӣ аз шодравон Бобоҷон Ғафуров инчунин аз бонувон Ибодат Раҳимова, Мағфират Каримова, Анзурат Раҳимова, Адолат Раҳмонова, Биҳоҷал Рҳимова, Гулафзо Савриддинова, Гулҷаҳон Бобосодиқова як-як ба ёд оварда, бо хотираи қавӣ ва ҳамон салобати ба худаш хос ҳарф зад. Ба хусус ёдовар шуд, ки фаъолияти кориашро аз шаҳри Ваҳдат оғоз карда ва ин диёру мардумонашро бисёр дӯст медорад. Вақте дар бораи вилояти Суғд ҳарф зад, ҳама афроди замони Шӯравӣ ва имрӯзаро баҳо дода гуфт, ки бисёр суғдиҳоро дӯст медорад. Мардуми Хатлон, Бадахшон, Зарафшону Ҳисор ҳам барояш азизанд. Моро ҳам ба дӯст доштани якдигар ва тарбияи ҷомеа бахусус занон таъкид кард. Сару либос ва ороиши занонро дар замони муосир ва гузашта қиёс намуда, иброз дошт, ки пеш аз ҳама бонувони арсаи сиёсат ва сарвар ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошанд. Покдоманиву фурӯтанӣ ва иффату назокати занона ҳамеша бо онҳо бошад. Ман ба ин зани воқеан нотакрор нигариста, бори дигар ба ҷасорату бузургии зан-модар бахусус занони бовиқору ҷасури тоҷик итминон пайдо намудам. Р. Раҳматзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.