Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хитой – кишвари нур

Хитой – кишвари нур

21-11-2018, 09:36
Хабарро хонданд: 510 нафар
Назарҳо: 0
Хитой – кишвари нур

Боздид аз ташкилоти ҳизбии фурудгоҳ


Дар роҳи бозгашт аз шаҳри Далян ба Пекин аз ташкилоти ҳизбии фурудгоҳи Далян боздид кардем.
Дар бинои ин ташкилот, ки хеле барҳаво, вале одӣ буд, гӯшаҳое ба ҳаёти ҲКХ бахшидаро дидем. Досу болға аз рамзҳои Ҳизби коммунист ба таври маъмулӣ ин гӯшаҳоро зеб медод. Бинои ҳизб Хонаи маорифи сиёсии даврони Шӯравиро ба ёд меовард. Дар яке аз гӯшаҳо осори ба ҳаёти В.И.Ленин бахшида шуда ҳам буд.
Маълум гардид, ки аз 5 ҳазор корманди фурудгоҳ 1 ҳазор нафар узви ҳизб ҳастанд. Мизбонон дар мавриди фаъолияти ташкилот суҳбат карда, шарҳ доданд, ки таҳкими сафҳои ҳизб, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини интизоми корӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти сотсиализми мутараққӣ дар Хитой аз вазифаҳои ташкилот аст. Инчунин ватанпарастӣ, ростқавлӣ боварӣ ба фардо, муносибати нек бо якдигар аз заминаҳои фаъолияти аъзои ҳизб зикр гардид.
Дар мавриди фаъолияти ин муассиса гуфтанд, ки нахустин терминали фурудгоҳ дар соли 1973 ба кор оғоз карда, як сол баъд аввалин ҳайати хориҷӣ (аз Камбоҷа) тавассути ҳавопаймо вориди Далян шудааст. Ҳоло ин фурудгоҳ дар масири ҳавоии шимолу шарқии Осиё дар ҷиҳати хидматрасонӣ аз марказҳои муҳим ба шумор меравад. Бинобар мусоид будани обуҳавои соҳилибаҳрӣ дар тамоми фаслҳо он шароити яксон ва бехатар барои нишасту парвози ҳавопаймоҳоро дорад. Масъулони фурудгоҳ тавзеҳ доданд, ки бо муассисаҳои ҳавонавардии шаҳрҳои Шанхай ва Синзян ҳамкорӣ дошта, аз таҷрибаи якдигар меомӯзанд. Онҳо умедворанд, бо омадурафти ҳайатҳо аз Тоҷикистон робита бо фурудгоҳи Душанбе ҳам барқарор мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот саволу ҷавоб низ сурат гирифт, ки асосан ба масъалаҳои кори дохили ташкилотҳои ҳизбӣ вобаста буданд. Раъно Бобоҷониён – муовини Раиси ҲХДТ дар поёни мулоқот бо мақомоти ташкилоти ҳизбӣ ва фурудгоҳи Далян бо арзи сипос аз меҳмоннавозӣ ва суҳбатҳояшон ба таври кутоҳ аз фаъолияти ҳизб нақл кард. Аз ҷумла баён дошт, ки ба ҳайати ҳизбӣ намояндагон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон шомиланд. ҲХДТ дорои 4800 ташкилоти ибтидоӣ буда ва он иттилооти муҳиме, ки дар суҳбатҳо дар мавриди ташкили кори ҳизбӣ зикр шуд, барои такмили фаъолияти ҳизбии ҳар яке аз аъзои ҳайат дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Вохӯрӣ бо ҳизбиёни фурудгоҳ ба аъзои ҳайат таассуроти ҷиддӣ гузошт. Ба ин далел буд, ки ҳамроҳонам ҳини парвоз ба сӯи Пекин то як муддат аз дидаю шунидаҳояшон нақл мекарданд.
Баҳтиёр Шеров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб, ки дар ҳавопаймо паҳлӯи ҳам менишастем, нишони ҳизбиёни чиниро пеши бараш ба намоиш гузошта гуфт, ки ба раиси ташкилоти коммунистони ноҳия ҳадя мебарад. Ва таъкид ҳам кард: - Мӯйсафед хурсанд мешавад.
Маълум шуд, ки чанде аз ҳамроҳонам нишонҳои пешибарии ҲХДТ – ро ки бо худ доштанд, бо нишонҳои ҳамсони ҳизбиёни чинӣ барои хотира иваз кардаанд.
Вохӯриҳо дар Пекин
Дар фурудгоҳи пойтахти Хитой моро намояндагони сафорати Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Чеҳраи барои бисёриҳо ошно Муҳаммади Эгамзодро дида шод шудем. Ӯ, ки дар ибтидо рӯзноманигор буд, баъдан ба кори дипломатӣ гузашта, чандин сол дар сафорати Русия кор мекард. Бозгашт ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дар Раёсати кишварҳои Осиё ва Африка машғул буданашро медонистам. Аммо аз таъин шуданаш ба мақоми котиби дуюми сафорати кишварамон дар Хитой хабар надоштам.
Ӯ ва дигар кормандони сафорат бо ҳар яки мо бо меҳрубонӣ вохӯрӣ карда, хаста набошед, гуфтанду то меҳмонхонаи «Ваншоу», ки дар гӯшае аз шаҳр будааст, ҳамроҳӣ карданд. Бо автобус то меҳмонхона тақрибан ду соат роҳ рафтем. Хайрият пеш аз савор шудан Эгамзод моро огоҳ кард: - Дониста бошед, ин ҷо Душанбе не, ки аз фурудгоҳ то меҳмонхона як қадам роҳ бошад.
Қасри Гугун
Маҷмӯи осори таърихии Қасри Гугун аз осорхонаҳои бузургу боҳашамати Хитой аст. Он дар солҳои 20-уми асри гузашта ҳамчун маркази таърихӣ - сайёҳӣ таъсис шудааст. Агарчи худи қаср таърихи беш аз 600 – сола дорад.
Қасри Гугун дар маркази Пекин воқеъ буда, ба гуфтаи роҳнамо зиёда аз 100 (сад) гектар масоҳат дорад. Дар ин маҳдуда солҳои 1420 – 1912 императорҳои Чин зиндагӣ ва ба кишвар раҳбарӣ мекарданд. Тайи ин солҳо бе иҷозати император ворид ва хориҷ шудан аз он мамнӯъ буд, бинобар ин минтақа дар забони мардум бо номи «шаҳри пӯшида» ҳам маълум буд. Акнун маҳале, ки дар муддати асрҳо фақат император ва наздиконаш ҳаққи зист ва гаштугузор дар саҳнашро доштанд, ба яке аз маконҳои кушода барои хоҳишмандон ва аз ҷумла сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст.
Рӯзи якшанбе, чанд соате, ки мо барои дидани бахши асосии қаср ва ҳавлиҳои дарун ба даруни он сарф кардем, ончунон сайёҳони гурӯҳӣ зиёд буданд, ки хавфи гум шудан дар миёни издиҳоми ба назар беохири тамошогарон пеш омад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки ба монанди дигар ҳайатҳои сайёҳӣ ҳама якҷо бошем ва аз роҳбалад дур наравем. Сайёҳони дигар ҳам тадбирҳои махсус андешида буданд. Баъзеҳо кулоҳҳои якхела пӯшида буданд. Аммо бештари гурӯҳҳо парчамҳои хурди бо худ овардаашонро ба нӯги чӯб ё асое баста якеашон онро болои сар бардошта мерафт. Мо бо хуб асо надоштем, вале яке аз ҳамроҳон гуфт, ки «ҳамин қаду қомати баланди Орзу (Ҳамидиён Орзу, намояндаи КИ ҳизбии Хатлон) басанда аст, ки ба ӯ нигоҳ карда пеш равем, фақат ҳар гоҳ кулоҳи сарашро бо даст бардошта алвонҷ диҳад шуд». Ин пешниҳод шӯхиомез буд, вале дар тамоми ҷараёни саёҳат кор дод.
Саҳни ҳавлӣ ва майдончаҳои қаср дар он рӯз майдони муҳорибаҳои таърихиро мемонд, ки ҷанговарон дар сарнайзаи худ парчам ва ё матоъпораеро бардошта мерафтанд. Таърихи ҳар қисмати ин шаҳри қадимиро, ки дар гузашта вазифаҳои худро доштанду ҳоло дар маҷмӯъ фақат барои тамошои ом хидмат мекунанд, мо аз гузориши русии бонуҳои роҳнамо, ки тавассути таҷҳизоти гӯшмонак ва базаҳои хурде, ки дар оғози саёҳати қаср ба ҳар яке аз мо доданд, гӯш мекардем.
Маълум гардид, ки солона то 3 миллион сайёҳ аз ин қаср дидан мекунанд. Дар ин маҳал тамоми шаҳомату бузургии Чини Қадим бозтоб шудааст, ки бинанда аз тамошояш ҳаловат мебарад ва гоҳе мабҳут мемонад.
Пиру ҷавон, марду зан аз кишварҳои мухталиф банди шайдои ҳашамати ин ҳама осори қадимӣ буданд. Дастгоҳҳои аксбардориву филмгирӣ беист кор мекарданд, бисёриҳо акси селфи мегирифтанд.
Баъзе ҷойҳое, ки аз ҳад зиёд фарсуда ва ё тиллокорӣ буданд, аз ҷумла кохҳои нишасти иператору маҳали баргузории ҷаласаҳои императорӣ дараш баста ва даромад мамнӯъ бошад ҳам, вале аз равзанаҳои васеи он дохил баръало дида мешуд.
Дар саҳни як майдони васеъ чанд дегу зарфҳои бузурги мисӣ мавҷуд буд, ки шуморе аз сайёҳон онро бо даст палмосида мебӯсиданд. Ин амалиёт, аз афти кор ҳар рӯз чунон зиёд сурат мегирифт, ки баданаи ин зарфҳо чун тилло ялақосӣ шуда, ҷило медод.
Дар қисматҳои охири қаср он ҷое, ки манзили зисти хонаводаи шоҳ ва маҳали буду боши император буд, дарахтҳои чандсадсола буданд, ки чун пирамардон агарчи бадани фарсуда доштанд, вале сабз буданд. Ана дар гирди ин дарахтон ҷамъе аз сайёҳони бузургсол печида, бо навбат онҳоро ба оғӯш мегирифтанд ва баъзеашон ашк мерехтанд.
Чунин ҳолати ниёиши дарахтонро ман дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам борҳо мушоҳида кардаам. Масалан дар саҳни масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ, дар маҳаллаи Гулистон ( Мирзобек) – канораи шарқи Душанбе ба чинорҳои бузург ва дар мавзеи «44 чашма»- и Шаҳритус чанде аз дарахтони атрофи обро мардум ниёиш мекунанд. Аммо зоирони чинӣ бо фарқ аз мо ба навдаҳои ин дарахтон латтапораҳои рангоранг намебастанд. Агарчи муроди зиёраткунандаҳо ҳам ин ҷову ҳам он ҷо як чиз - аз рӯҳи гузаштаҳо мадад хостан аст. Ин одат баёнгари пайвандӣ доштани зеҳни таърихии инсонҳо бо табиат ва тавассути он робита пайдо кардан бо Офаридгор низ ҳаст.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: