Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хитой – кишвари нур

Хитой – кишвари нур

1-11-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
Хитой – кишвари нур

Шиносоӣ бо Корхонаи локомотиви Далян
Маҳсулоти ин корхона, бахше аз корпоратсияи хитойии "Чжунго Чжунчэ" /CRRC/ аст, ба бисёре аз кишварҳои минтақа содирот мешавад. Ин корхона, аз ҷумла иҷозатномаи ворид кардани локомотив ва вагонҳояш ба бозори Осиёи Марказӣ ва Русияро ҳам дорад.
Метрополитени Пекин яке аз шабакаҳои нақлиёти зерзаминӣ аст, ки вагонҳои ин корхонаро истифода мекунад. Чанде аз пойтахтҳои кишварҳои хориҷӣ, ба шумули Манила (Филиппин) ҳам аз маҳсулоти ин корхона мехаранд.
Дар рафти суҳбат, ки ба шакли саёҳат дар саҳни корхона ва боздид аз коргоҳҳои он сурат гирифт, зикр шуд, ки дар он як ҳазор нафар машғули кор мебошанд ва моҳе як вагон бо дарозии 180 метрро сохта, таҷҳиз мекунанд.
Дар рафти вохӯриҳо бо шӯхӣ гуфта шуд, ки шаҳри Душанбе ҳам мисли Далян кӯҳистонист ва агар нақшаи сохтани метро рӯйи кор ояд, ҳатман маҳсулоти ин корхонаро ҳам дар назар хоҳем дошт.

Порт-Артурро ҳам дидем
Далян аз он ҷиҳат ба дили мо наздик буд, ки ҳанӯз дар оғози сафар ба мо гуфтанд, ки Порт-Артур дар ҳамин шаҳр аст. Дар бораи ин бандари овозадор насли бузургсол дар китобҳои «Таърихи СССР» хондаанд.
Тамошои Кӯҳи Нафрити Сафед, ки аз маконҳои зебои Порт Артур аст, таассуроти зиёде дар ёдҳои мо гузошт. Он дар баландии 130 метр аз соҳил ва маҳалҳои шаҳри Далян воқеъ буда, манораи таърихие ҳам дорад.
Порт Артур аз бандарҳои пешини мавҷуд дар Хитой, дар соҳили Баҳри Зард аст ва пас аз шикасти артиши вилояти Квантуни Япония (9 август – 2 сентябри соли 1945) дубора дар ихтиёри Иттиҳоди Шӯравӣ қарор гирифт. Нақшаи ҷанги Артиши Шӯравӣ барои берун кардани артиши японҳо аз ин бандар феврали соли 1945 дар Конференсияи Ялта бо сарони кишварҳои иттифоқчӣ – Америка ва Англия муовофиқа шуда буд. Таври маълум, ин гӯшаи Хитой, ки Императории Русия ҳанӯз соли 1898 барои 25 сол иҷора гирифта буд, Япония пас аз пирӯзӣ дар ҷанги соли 1904-05 бар русҳо онро ғасб кард. Ҳоло ин минтақа тобеи ноҳияи Люйшинкоуи шаҳри Далян аст.
Барои Русия Порт-Артур аз он сабаб муҳим ба шумор мерафт, ки оби баҳр дар зимистон ях намекард.
Парчами ситоди артиши неруҳои обии Русия дар манораи воқеъ дар Кӯҳи Сафеди Нефрит 16 марти соли 1898 барафрошта шуд. Ба гуфти хитоиҳо, он замон Порт – Артур як маҳали нообод буду фақат 4 ҳазор аҳолӣ дошт. Иҷрои босуръати тарҳҳои сохтмонӣ аз сӯи русҳо чеҳраи маҳалро ба куллӣ дигар кард ва бо гузашти 6 сол шумораи сокинони ғайринизомиаш ба 50 ҳазор нафар расид.
Ба болои ана ҳамин кӯҳ, ки ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар ба он ҷо баромада осори боқимонда аз гузашта, инчунин бахше аз шаҳри ободи Далянро тамошо мекунанд, мо аз як роҳи морпечи кӯҳӣ боло рафтем. Канори тӯпҳое, ки аз солҳои ҷанг мондаанд ва ҳоло дар поя ва хирмани наздаш селаи кабӯтарҳои сафеду роми ҷамъшуда ба дасту сар ва шонаи сайёҳон беибо менишинанд, лаҳзаҳо истодем ва бозию парвозашонро назора кардем. Ба назди манора, ки аз он ягон дусад метр болотар аст, баромада, шаҳрро тамошо кардем.
Барои дидани ин мавзеъ сайёҳон бо эскалатор – пиллаҳои барқӣ, мошин ё пиёда ҳам мебароянд. Мо ба унвони меҳмонони расмӣ бо автобус боло рафтем. Дар ин ҷо ҳам сайёҳон аз Корея, Филиппин ва минтақаҳои дигари Хитой зиёд буданд.
Ба гуфтаи яке аз роҳбаладон, пас аз ба поён расидани мӯҳлати иҷора ва берун рафтани русҳо, ҳукумати маҳаллӣ номи шаҳрро тағйир дода Люйда ном гузошт ва бо ноҳияи Люйшун ҳамроҳ кард. Аммо ба ин далел, ки ин номро сокинонаш ба таври лозим напазируфтанд, соли 1981 дубора ба номи таърихиаш - Далян баргардон шуд.
Вақте ба Эфрит мерафтем, мо аз маҳале бо биноҳое бо тарҳи русӣ сохташуда гузаштем, ки нишонаҳое аз он даврон доштанд. Аз паси шишаҳои тирезаи автобус биноҳои акнун дар қиёс ба сохтмонҳои баланди навсохт назарногир аҷиб метофтанд. Дар пештоқи яке аз онҳо навиштаҷоти куҳнае бо хати кирилиро дида бо ҳайронӣ аз Чэн Тенен, яке аз роҳбаладонамон, ки дар паҳлуям менишаст, пурсидам, ки чаро ин бино ва ин навиштаҳоро намеканед?
Ҷавобаш аз пурсиши ман дида ҷолибтар буд:- «Это экзотика же». Яъне аҷибу ғариб аст. Баъд тавзеҳ дод, ки мана шумо ба он диққат додед, мисли шумо ҳазорҳо нафар аз наздаш мегузаранд ва онро мебинанд. Аз сӯйи дигар, ин як саҳифаи таърихи шаҳр аст, ки дубора барнамегардад ва ҳар таҳаввуле, ки дар атрофи ин биноҳои қадимӣ мегузарад, бо гузашти замон арзиши онҳоро бештар мекунад.
Ана чунин буд, ҷавоби як хитоӣ нисбат ба ин осори таърихӣ. Эҳсос мешуд, ки чунин эҳтиром ба гузашта ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги ин миллат ҳам ҳаст. Шояд бо ин гуна арҷгузориҳо ба гузашта аст, ки чиниҳо зиндагии имрӯзашонро дуруст танзим карда, пешрав дар ҳама бахшҳо ҳастанд.
«Шэнгу» ба маънои дармонгиёҳ аст
Ҳангоми боздид аз Маркази тиббии «Шэнгу» дар Далян бо тарзи дармонҳои анъанавии Хитой бо истифода аз таҷҳизоти муосир ошно шудем. Аз пешвоз ва муоширати кормандони Марказ маълум мешуд, ки қабулу гусели меҳмонон аз ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд (ИДМ) бахше аз корашон аст. Атрофи мо чанд нафар бо русӣ гап мезаданд. Ин чиз таваҷҷуҳи маро бедор кард ва аз як бонуи мизбон пурсидам, ки «Аз кормандони Марказ чанд нафар русиро медонанд?»
Ӯ лаҳзае фикр карда гуфт, ки «Панҷ ё шаш нафар бо русӣ гап мезананд. Дар баробари ин Марказ зиёда аз 10 тарҷумон дорад». Сабаби посухи дақиқ надоданашро дар он донист, ки шумораи донандагони забони русӣ дар ҳоли зиёд шудан аст, зеро зарурати донистани ин забон бинобар афзоиши шумораи мизоҷон аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ талабот ба русидонҳоро ҳам меафзояд.
Баъд ба мо фаҳмонданд, ки дар ҳар яке аз 5 ошёнаи Марказ бахшҳои алоҳидаи табобат мавҷуд аст. Марказ акнун 15 сол аст, ки фаъолият дошта, мақоми расмии дармонгоҳи пешбари табобати анъанавиро касб кардааст. Агарчи онро «Маркази тибби анъанавӣ» меноманд, вале кормандонаш аз дастовардҳои тибби аврупоӣ низ васеъ истифода мекунанд.
Ба ин далел шумораи мизоҷоне, ки аз Аврупо, инчунин аз Русия ва Қазоқистон меоянд, сол ба сол зиёд мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар ин ҷиҳат шаҳрвандони Корея, Япония ва Америка, ки роҳҳои наздики обӣ доранд, пешсаф ҳастанд.
30 профессори корманди Марказ услуби беназири хитоӣ – аз рӯйи набз ташхис кардани бемориҳоро истифода мекунанд, вале ин ягона фарқи Марказ аз дигар муассисаҳои тиббии ин кишвар нест. Инҷо бештари бемориҳоро боистифода аз гиёҳҳо даво мебахшанд. Номи Марказ ҳам ба ин маъност: «шэнь» - ҷавҳари асосии ҷисм, неру ва «гу» - растанӣ. Ба гуфтаи масъулони муассиса, тамоми гиёҳҳои дармонӣ маҳаллӣ аст. Табиати нарму пурнами Хитой парваришгоҳи гиёҳҳои нодири табобатӣ, аз ҷумла растании дар тиб машҳур, аммо дар Осиёи Марказӣ камёби «женшен» – астаранг ё мардумгиёҳ (меҳригиёҳ) аст, ки дар ин марказ аз он васеъ истифода мекунанд. Дар ҷамъ номгӯи 15 самти табобати бемориҳо дар дастури кори мутахассисони дармонгоҳ зикр шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо ду ошёнаи ин муассиса масъули роҳнамоии мо гуфт, ки гурӯҳи шумо аввалин ҳайати тоҷикистонии боздидкунанда аз Марказ буда, бинобар ин раҳбарият тасмим гирифтааст, ба таври ройгон 8 нафарро ташхис ва бо онҳо як бор ба тарзи анъанавӣ амали табобатӣ гузаронад.
Талабгорони ташхиси бепулу табобати якдафъагӣ чандон зиёд набуданд (ки ин нишонаи саломат будани аъзои ҳайат ҳам буд). Мо, 8 нафари хоҳишманд 4 нафарӣ- ду зан ва ду мард, ба 2 гурӯҳ тақсим шудем. Махфират Давлатзода, Ҷумъагул Шомаҳмадова (раисони КИ Роғуну Ҷайҳун) ва ману Мурод Шукурзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент хоҳиши назди мутахассиси сӯзандармонӣ рафтанро кардем. Тарҷумондухтари марказ бо номи Люа Ли моро ба ошёнаи дигар, назди духтури сӯзанзанӣ бурда истода раҳораҳ гуфт, ки «маро Лилия ҳам гӯед, қабул дорам». Лилия бо илтифоти зиёд моро ба шуъбаи сӯзанзанӣ пеши доктор Бао Тзинсан бурд… ( Бо ин табиб суҳбати ҷудогонае дорем, ки баъдтар пешниҳод мешавад).
Сӯзанзанӣ ё акупунктура аз самтҳои тибби анъанавии Хитой буда, тавре маълум шуд, чанде аз мутахассисони варзидаи соҳа дар ин ҷо машғули кор ҳастанд.
Дар Маркази «Шэнгу» дорухонаи доруҳои гиёҳии дар худи дармонгоҳ тайёршуда фурӯхта мешавад. Саҳни ин дорухона даштеро мемонад, ки аз он бӯи гулу гиёҳҳои гуногун ба димоғ мерасад. Чанде аз ҳамроҳон шефтаи ин бӯю илтифоти мизбонон шуда, бо нияти шифо баъзе доруҳоро хариданд то бо худ ба Тоҷикистон биоваранд.
Дар чанд ҷевони оинабандӣ дар гӯшае аз дорухона анвои нӯшокиҳо, аз ҷумла шишаҳои шаробро бо нархи баланд гузошта буданд. Мизбонон тавзеҳ доданд, ки ин маҳсулот ҳама сохти корхонаҳои шаробкашии Чин аст ва барои табобати баъзе аз бемориҳо истифода мешаванд. Маълум шуд, хитойиҳо шаробро кам – кам мехӯранд ва манфиати онро дар ҳамин камхӯрӣ мебинанд. Аз қадим чунин одат будааст ва онро имрӯз ҳам аксар риоя мекунанд.
Дар фарҳанги шаробнӯшии чиниҳо, ки баъдтар дар ҷараёни зиёфатҳои расмӣ ҳам дидем, мазмуни байте, ки ба Абуалӣ ибни Сино нисбат медиҳанд, ба мушоҳида расид:
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст,
Андак тарёк ва беш заҳри мор аст.
Вақти суҳбат ва боздид аз шуъбаҳои дармонгоҳ маълум гардид, ки бисёре аз шахсиятҳои бонуфузи Русия дар солҳои гуногун аз хидмати табибони ин ҷо истифода бурдаанд ва ҳамон чанд соати меҳмони марказ будан низ шуморе аз русзабонҳоеро дидем, ки дар даҳлезу назди табибон менишастанд.
Ба гумони ман, ҷозибаи забондонии мутахассисони хитоӣ ва ҳунари нодири истифодаи тибби анъанавӣ якҷо бо обуҳавои нарми соҳили Баҳри Зард аст, ки мизоҷонро аз кишварҳои дунё, аз ҷумла ИДМ ба ин ҷо мекашад,

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: