
Амрико барои мубориза бо таблиғоти хориҷӣ 40 миллион доллар ҷудо кард. Дар ин бора Роберт Палладино, сухангӯи департаменти давлатии ИМА хабар дод.
Ин маблағро Маркази ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дарёфт кард. Маркази мазкур масъул аст, ки зидди таъсири иттилоотии кишварҳое амсоли Русия, Эрон ва Чин муқобила кунад.
Марказ иттилои бардурӯғро шиносӣ ва таҳлили аудиторияи хориҷиро ба роҳ монда, инчунин рушди робита бо расонаҳои маҳалливу созмонҳои ғайридавлатиро ташкил мекунад.
Маркази ҳамкории байналхалқӣ дар замони роҳбарии Барак Обама ташкил шуда буд. Дар ибтидо маркази мазкур бо таблиғоти созмони террористии "Давлати исломӣ" мубориза мебурд. Ибтидои соли 2017 масъулияти марказ густардатар шуд.