Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Имлои ғалат

6-07-2018, 08:55
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Имлои  ғалат

Ниёгони мо бо фарҳанги бои забонии худ ба фарзандон номҳои хушоянд ва зебоеро бо орзую умеди неку , бо ниятҳои ояндабахш ва як мақсади томи пурмуҳтавои орзуҳо номгузорӣ мекарданд то фарзандони онҳо лоиқи номи зебо гарданду арзанда ба он зиндагӣ кунанд.
Ҳамзамон, даҳсолаҳои охир китобу маҷмӯа ва дигар номномаҳои тоҷикӣ ба нашр расиданд, ки дар баробари хидматрасонӣ бо мақсади ислоҳи номгузорӣ аз ғалатҳо низ орӣ набуданд ва мардум тибқи баъзе аз анъанаҳои маҳалливу урфу одати куҳнаи хеш чи номе рост ояд ба номи фарзандашон мегузоштанд.
Хушбахтона, бо заҳматҳои мутахассисон ва фаъолияти гурӯҳи кории Кумита оид ба номҳои миллии тоҷикӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар Қарори ҲҶТ «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 27-уми июли соли 2016, №325 ба тасвиб расид, ки он тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, акнун ҳар як падару модар тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба фарзандони худ номгузорӣ мекунад.
Феҳристи мазкур аз ду қисмат иборат аст. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дувум номҳои писарона оварда шудаанд ва бо мақсади навиштани дурусти номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дода шудаанд.
Бино бар ин, акнун барои интихоби номҳои миллӣ тибқи меъёрҳои гуногун - номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки дар номгузории суннатии мо ифодакунандаи далериву мардонагӣ мебошад), парандагоне, ки хосияти бад доранд, бархе аз меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгору масолеҳ ва монанди инҳо гирифта шудаанд, ба Феҳрист ворид нашуданд ва номҳо дар шакли пурра (дуруст) навишта мешаванд. Номҳое, ки аз номи пайғамбар ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ба ихтисор дучор шуда, дар шакли ма, мат, мад, мамад, маҳмад корбурд мешуданд ба Феҳрист дар шакли пурраашон ворид гардиданд: Мадкарим – Муҳаммадкарим, Нормат – Нормуҳаммад, Маниёз – Муҳаммадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон ва ғайра.
Баъди ба тасвиб расидани Қарори мазкур шаҳрвандон дар интихоби номи кӯдакон ба ғалат роҳ надода, тибқи Феҳрист ва талаботи Қарори бо пешниҳоди номҳои тозаэҷод ва тоҷикие, ки дар Феҳрист ворид нагардидаанд, дар мувофиқа бо Комиссияи номгузории Кумита номи хушояндеро интихоб менамоянд.
Боиси хурсандист, ки дигар номҳои фарзандони мо беғалат дар ҳуҷҷати шахсии онҳо сабт мегарданд.
Вале дар ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳангоми навишти номи падар ва насаби кӯдакон ҳанӯз ҳам бесарусомониҳое ба назар мерасанд. Яъне 9 даҳсола пеш замони шӯравӣ дар насабнависии тоҷикӣ кормандони бахши асноди ҳолати шаҳрвандии минтақаҳои кишвар ба ғалатнависиҳо роҳ дода буданду имрӯз он ба ҳукми қонун даромадааст. Ва гӯё ҳеҷ роҳи ҳалли худро надорад. Баъзан тибқи қисми сеюми моддаи 20-и Конуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, ки “Насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад”, бо дарназардошти номи хушоянду дилписанд набудани насаб ва номи падари волидайн падару модарон мехоҳанд, ки насаби кӯдакро ба номи падари худашон номнавис кунанд, вале мутаассифона Қонуни мазкур инро рад менамояд, ки аз рӯи мантиқ нест !?!?
Бо иштирок дар гурӯҳҳои санҷиши кории Кумитаи забон ва истилоҳот шоҳиди он гардидаем, ки дар аксари бахшҳои асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ моддаи 74-и ҚҶТ «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дуруст риоя намегардад, ки он масъалаи «ба хатоҳои имлоӣ роҳ дода шудан» дар ҳуҷҷати шаҳрвандро дар бар мегирад.
Барои мисол, бланку варақаҳои «Запись акта о перемене фамилии, имени и отчества» («Сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар»), ки дар САҲШ-и ноҳияи Шаҳритус соли 2013 сабт гардидаву қонунӣ шудааст,”
- варақаи аз 14.02.2013 таҳиягардида, №25 (пеш аз тағйирот-Тоҷиддинов Саъдидин Исхомидинович, баъд аз тағйирот – Нуров Саъди исхомидинович);
- аз 27.02.2013, №33 ( пеш аз тағйирот- Боймирзоев Неъмаьулло Турақулович, баъд аз тағйирот - Сатторов Негмат Турақулович);
- аз 14.06.2013, № 89 (баъд аз тағйирот – Тошев Аҳлидин Ҷалолович);
- аз 13.12.2013. №177 (пеш аз тағйирот- Кучкаров Абдурахмон Хурсанович, баъд аз тағйирот – Бобоқулов Раҳмон Хурсанович).
Сарфи назар аз он ки ному насаб ва номи хонаводагии падариву модарии кӯдакон қаблан ғалат насб гардидаанд, имрӯзҳо ҳам ин камбудиҳо торафт зиёд шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар бахши САҲШ-и Ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус сабти шаҳодатномаи таваллуди кӯдакони навзод дар соли 2013 ва ному насаби онҳо хилофи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ буда, ба масъалаи номгузории миллӣ тамоман аҳамият дода нашудааст:
1. Фозылов Ромозон Бобомуротовна (мард) (аз 19.12.2013, №689);
2. Мамараимов Аслидин Мухаммадович (аз 1.12.2013, №648);
3. Арабов Маматкул Довлатович (аз 01.12. 2013, №653);
4. Бахромова Зухро Бахромовна (аз 04.12.2013, №657);
5. Ботиралиев Бехруз битиралиевич (аз 18.12.2013, №680);
6. Мусурмонкулов Фазлиддин Мусурмонкулович (аз 01.12.2013, №640).
Ҳамин гуна ҳолатҳоро гурӯҳи кории санҷишии Кумита соли равон низ дар САҲШ-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ошкор кардаанд, ки барои исботи ин далел, дар варақаи САБТИ АСНОДИ ТАВАЛЛУД (Замимаи 10) сабти номҳои ғалат дар номи кӯдакони навзод ва ному насаби онҳо ба мушоҳида мерасанд ва дар чунин маврид банди 10-и моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» риоя нашуда, дар пур кардани ҳуҷҷати мазкур (шаҳодатномаи таваллуд) қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дуруст риоя нагардидаанд. Аз ҷумла дар варақаҳои САБТИ АСНОДИ ТАВАЛЛУД насаби кӯдакон (Замимаи 10) аз 10.04.2017, таҳти №440, (Ҷӯраӣ). аз 11.04.2017, №445 (Бобоӣ), аз 24.04.2017, №509 (Ибрагимӣ), аз 19.04. 2017, №491 (Ахмедӣ), аз 24.04.2017, №520 (Аҳматӣ Дилдора Рустамҷонзода), аз 26.04.2017, №530 (Аҳмедҷонӣ Аҳмад Манучеҳрзода) ва даҳҳо ному насаб ва номи падарии навзодон ғалат ҳуҷҷатнигорӣ гардидааст, ки дар чунин ҳолатҳо бо мақомоти дахлдор ҳатман мувофиқа кардан мебоист.
Дар аксар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳанӯз масъулон аз Қарори мазкур огаҳӣ надоранду хилофи талаботи ин Қарор ва талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, кӯдакони навзод номнавис шудаву ҳуҷҷатан ба қайд гирифта ва соҳиби зоднома мешаванд. Чунин мисолҳоро метавон дар ҳуҷҷатҳои бахши САҲШ-и дар Ҷамоати деҳоти Росияи ноҳияи Рӯдакӣ мушоҳида намуд, ки дар соли 2017 хилофи Қарори мазкур номи навзодонро ғайримеъёрӣ ва хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қонунӣ кардаанд. Аз ҷумла,
- Файзализода Абубакр Сидқи (аз 04.09.2017, №555);
- Маҳмадзода Осинот Оятуллоҳ (аз 05.09.2017, №564);
- Мадалимзода Ғулом Ҳоҷиакбар (13.09.2017, №594);
- Туланбойзода Садокат Музафар (аз 07.09.2017, №573);
- Дустзода Абубакр Акмалжон (аз 15.09.2017,№606);
- Илхомзода Субҳон (аз 18.09.2017, №613) ва ғайра, ки дар шаҳодатномаҳо баъзе аз номҳо хилофи Феҳрист талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт шудаанд.
САҲШ гӯё мехоҳад, ки ҳар як ҳуҷҷати мураррификунандаи шахсият беғалат бошаду фардо дар коргузориҳо ва ё давраи нафақабароӣ ба ӯ ягон монеаи ҳарфӣ дар иртибот ба ному насабаш пайдо нашавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бахшҳои САҲШ-и дар кишвар фаъолиятбаранда тибқи талабот ҳуқуқшиносон кору фаъолият мебаранд, вале баъди рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳуҷҷатнигориҳо равшану возеҳ ошкор мегардад, ки эшон ҳарчанд соҳиби дипломи ҳуқуқшиносиянд, мутаассифона аз забони давлатӣ ва илми мантиқ хуб огоҳ нестанд, чунки ин ғалатҳо бояд тибқи конунгузорӣ кайҳо бояд роҳи ҳалли худро меёфтанд. Вагарна бо риояи қолаби куҳнаи насабнигорӣ, ки дар таърих ба насабу кунияти мо таҳриф ворид намудаасту метавонад садсолаҳои дигар давом ёбад, моро аз вартаи ғалатнигорӣ дар ному насаб, ки муаррифгари мост, раҳо намесозад.
Вақти он расидааст, ки дар навишти номи падар ва насабамон, ки замоне қонунӣ гардида буду ҳанӯз ҳам, кормандони САҲШ ва мақомоти дахлдори он аз аспу узангӣ барои ҳалли он намефароянд, хотима бахшида, дар навишти насабу номи падарӣ бо номҳои Сайнурдин, Саймурод, Саймаликзод, Бегмуратзода, Саторзода, Маҳмадализода, Сайматзод, Ахмедиён, Меликзода, Авзалӣ, Джамшедзода ва садҳо номи гӯшношуниде, ки бо шакли омиёнаву гуфтори лаҳҷавӣ ва бемантиқ сабт ҳуҷҷат шудаанд, дигар роҳ надиҳем. Зеро роҳи дурусти корбурди ному насаб ва риояи имлои он низ худ як василаву равандест дар тамаддуни суннати ниёгонро ба имрӯз нигоҳ доштан ва барои асрҳои оянда асолати насбнависиро зинда намудану ба мерос гузоштан аст.
Аслан аз қадимулайём дар суннати ному насабнигории мо аввал ном, баъд номи падар ва дар охир номи хонаводагӣ (насаб) меояд: Рустами Золи Зар, Сафари Шокири Мухтор, Беҳрӯзи Сафари Шодиён ё Манижаи Сафари Шодиён, яъне тибқи меъёри навишти русӣ – Шодиев Беҳрӯз Сафарович, ки чунин ному насабнигориҳо имрӯз аз русӣ ба тоҷикӣ бояд дар шакли Шодиён Беҳрӯз Сафарпур ва ё Шодиён Манижа Сафардухт шавад, ки дар ҳолати ихтисоранависии номи шахс кас раҳгум назада, ҷинсияти шахсони муроҷиатнамударо дар мукотиботи расмии худ зуд дармеёбад ва огоҳӣ меёбад.
Вагарна, кас аксар вақтҳо имрӯз дар мукотиботи расмӣ намедонад, ки М. Раҷабзода (барои мисол) зан аст ё мард (?)... Бо корбурди пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падарии “пур” ва “духт” аслан дарки ҷинсият нуран алонур фаҳмо мебошад..
Ҳамчунин боиси зикр аст, ки бо дарназардошти он ки ниёгони мо ифодаҳои хос, шево ва мантиқии насабӣ чун Ҳайтолиён, Ашкониён, Сосониён, Саффориён, Тоҳириён, Сомониён доштанд, бузургони мо дар радифи номи Умари Хайём ва ё Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки ному насаб ва ё тахаллуси онҳо бо бандаки изофии “И” ва пасванди ташакклдиҳандаи насабсози“Ӣ” сурат гирифтаанд ва расмӣ шудаву вирди забони олами форсизабон гардидааст, ба русӣ Омар Хайям ва Абдуррахман Джами баргардон шудааст, инро тамоми мардуми русзабон ва Ғарб низ эътироф мекунанд ва кардаанд.
Мутаассифона, имрӯз барои мисол, Сафари Хуршед ва ё Тахминаи Шодиён дар бахшҳои САҲШ-и кишвари мо ба забони русӣ низ изофадор (дар навишти ном) меомад, ки он бояд дар саҳифаи русии зоднома ва шиносномаи шаҳрванд чун Омар Хайям дар шакли Сафар Хуршед ва Тахмина Шодиён сабт бояд гардад.
Дар кишварҳои Ғарб, - Амрико, Олмон, Канада. Австралия ва дигар давлатҳо “фамилия, имя отчество”(номи хонаводагӣ, ном ва номи падар) суннати ҳуҷҷатнигории имрӯзаи онҳо чун анъанаи бостонии мо тоҷикон сурат мегирад, яъне аввал ном, баъд номи падар ва сипас номи хонаводагӣ. Мисол, Марк Твен, Исаак Нютон, Ҷорҷ Буш, Фридрих Энгелс, Владимир Илич Ленин ва ғайра, ки таъсири ин анъана баъзан ба забони тоҷикӣ расидаасту насабнигориҳо Раҳими Ҷалил неву Раҳим Ҷалил, Аскари Ҳаким неву Аскар Ҳаким ва ё на Бозори Собир, балки Бозор Собир сабт шудаву роиҷ гардидаанд. (?)... Мо бошем дар такя ба ҳуҷҷатнигории САҲШ-и русӣ ба решаи суннати номи хонаводагии хеш теша задаем, ки имрӯз вақти зарурати шикастани чунин қолабҳо расидааст.
Дар анҷом, чунин камбудиҳоро ба назар гирифта, барои ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳои марбут ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, пешниҳодоти зерин зарур ва ҳатмӣ мебошанд:
1. Шаклу қолаб ва матни зодномаю шиносномаҳои тоҷикӣ ба тағйиру илова ниёз дошта, бояд гунаи дурусти ному насабнигорӣ тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимони забоншиносу таърихдон ва ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба гурӯҳи корӣ таъсиси дода, ба чунин ғалатҳо хотима бахшад ва пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар -“пур” ва “духт” ба моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ворид карда шаванд.
3. Дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва РАҲШ-и ҶТ мутахассисон илмҳои гуманитарӣ, ки аз илми ҳуқуқшиносӣ низ огаҳ ҳастанд, (ба хусус мутахассисони филологияи тоҷик) ҷалб шуда, бояд фаъолият баранд.
4. Тибқи қарори алоҳида бо мақсади дуруст ба роҳ мондани талаботи моддаи 74-и ҚҶТ “Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” номҳои ғалату бемантиқӣ падарӣ ва номи хонаводаги (насаб)-и шикастаи шаҳрвандон бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда, - тибқи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ислоҳ карда шаванд, то дигар барои наслҳои ояндаамон дар ҳуҷҷатнигорӣ монеа эҷод нашавад.
5. «Шаҳрвандон битавонанд то тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тахаллус (лақаб) ё тахаллуси маконӣ (этнонимӣ ё топонимӣ) дошта бошанд. Мисол: Сомонзод, Ориёнфар, Заргар, Сӯзанӣ, Зарринфом, Кешрудӣ, Турандод, Фарғонӣ, Бухороӣ, Суғдзод, Зарафшонӣ, Зарафшонфар, Хатлонӣ, Бадахшонӣ, Хуҷандӣ ва ғайра)».
Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд бо мақсади эҳёи арзишу суннатҳои миллӣ, таърихӣ ва писандидаи фарҳанги миллии тоҷикӣ, бояд номи хонаводагӣ, ном, инчунин, номи падарии тоҷикии асоснок дошта бошад, ки он тибқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт гардад.

Зулфониён Раҳим Раҷабзода – сардори шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода – сардори шуъбаи ташкилию
ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: