ФАЪОЛИЯТИ НУҚТАИ МОҲИФУРӮШӢ МАНЪ КАРДА ШУД11-10-2018, 08:49
Хабарро хонданд: 120 нафар
Назарҳо: 0
Ба мақолаи моҳиҳои «тиллоӣ»-и Норак, ки дар рӯзномаи «Минбари халқ», № 36 аз 5.09.2018 нашр шудааст, аз тарафи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Ф. Бобоҷонов ҷавоб омад. Дар ҷавоб гуфта мешавад, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон мақолаи мазкурро баррасӣ намуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартарафсозии онҳо чораҳои дахлдор дид. Аз он ҷумла дар рафти санҷишу омӯзиши минтақаи мазкур аз тарафи зерсохтори марказ дар ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак муайян карда шуд, ки нуқтаи фурӯши моҳӣ ва гӯшти бирёнкардашуда дар мавзеи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Данғара-Кӯлоб, дар суроғаи шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, маҳаллаи Дӯстӣ, кӯчаи ба номи Б. Ғафуров дар назди манзили истиқоматии шаҳрванд Ибодов Шоҳмурод ғайриқонунӣ ташкил карда шуда, шарт ва шароитҳои пухтупаз, нигоҳдорӣ ва фурӯши ин гуна маҳсулотҳо ба меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯй нест. Гарчанде, ки аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия барои фаъолият намудан бинобар надоштани шароитҳои мусоид хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода нашуда бошад ҳам, мутаассифона шаҳрванд Ибодов Шоҳмурод ба чунин намуди соҳибкорӣ машғул шудааст. Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Норак нисбати 6 нафар корманди нуқтаи мазкур барои риоя накардани меъёрҳои санитарӣ санаи 13.09.2018 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳо ҷаримабандӣ карда шудаанд. Ҳамзамон фаолиятиуқтаи мазкур манъ карда, зери назорати қатъӣ гирифта шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.