Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вазъи демографӣ дар Тоҷикистон

Вазъи демографӣ дар Тоҷикистон

11-10-2018, 08:33
Хабарро хонданд: 3096 нафар
Назарҳо: 0
Вазъи демографӣ дар Тоҷикистон
Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Илми демография ва саҳми он дар рушди иқтисод» семинари назариявӣ барпо гардид. Ноиб-президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ Абдураҳмон Маҳмадов ба семинар оғоз бахшида, зимни суханронӣ бо тафсири илми демография ва вазифаю мақсадҳои он, қайд намуд, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир ҷавон кардани аҳолӣ аз проблемаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад. Мутаассифона, аз беэътиборӣ ба ин илм, дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки батадриҷ нопадид шуда, аз байн мераванд. Агар мо назаре ба сиёсати демографии Русия андозем, мебинем, ки имрӯз дар назди ин давлати муқтадир дар мадди аввал масъалаи мубрами нав кардани аҳолӣ меистад.
Ҳоло дар Осиёи Марказӣ дар қиёс ба дигар ҷумҳуриҳо сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон баланд аст. Дар чанд соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион расидааст. Агар ин раванд ҳамин тавр идома ёбад, масъалаи таъмини аҳолӣ ба замин, кор, манзили зист душвор мегардад.
Вале, баракси кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ҷаҳон мамлакатҳое ҳастанд, ки сатҳи таваллуд дар онҳо ниҳоят паст аст. Онҳо бояд чӣ кор кунанд? Ба ин савол илми демография бояд ҷавоб гӯяд.
Сифати аҳолӣ ва рушди он, сармояи инсонӣ, тандурустии аҳолӣ, муҳоҷират ва диаспораҳо низ аз масъалаҳои мубрами алоқаманд ба илми демографияанд.
Дар ҷаҳон диаспораҳое ба мисли диаспораҳои чиноӣ ҳастанд, ки дар баъзе шаҳрҳои Амрико ва Русия қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар минтақаи ҳамсарҳади Шарқи Дури Русия бо Чин шаҳрҳое ҳастанд, ки сохторҳои шаҳрӣ ба ҷуз идоракуниро ба худи диаспораҳо супурдан илоҷи дигаре надоранд ва маҷбуранд, ки милитсия, суд, прокуратураро аз ҳисоби худи диаспора таъйн кунанд. Зеро бе донистани забони ин диаспораҳо корро пеш бурдан душвор аст.
Ин ҳам яке аз проблемаҳоест, ки илми демография мусбат ё манфӣ будани онро бояд муайян кунад.
Сипас Лутфулло Саидмуродов, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон, доктори илмҳои иқтисодӣ суханронӣ намуд.
Ба иттилои Л. Саидмуродов, дар арафаи оростани ин семинар бо муроҷиати Академияи илмҳо ба унвони шуъбаи демографияи Институти иқтисодиёт ва демография аз ҷониби респондентҳо зиёда аз сад саволи мубрам ба масъалаҳои ташвишовари демографӣ, ба мисли афзоиши аҳолӣ ва вобаста ба он таъмини аҳолӣ бо манзили зист, кам будани заминҳои корами обӣ ва чи гуна шудани бозори истеъмолӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, дар сиёсати демографии ҷумҳурӣ таҳия ва қабул шудани кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсири демография ба сиёсати давлатӣ, сармояву сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ворид шудаанд ва ин гувоҳи он аст, ки аҳли ҷомеа ҳарчи бештар мехоҳанд доир ба илми демография маълумоти бештаре дошта бошанд.
Дар семинар Саъдулло Исломов, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, бо маърӯзаи «Илми демография ва вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, ба аксар саволҳои ба суроғаи семинар воридшуда ҷавоб гуфт.
- Демография аз калимаи юнонии «демос-халқ ва «графия» - менависам – илм дар бораи қонунҳои бозтавлид дар марҳалаҳои гуногуни инкишофи ҷомеа мебошад. Тадқиқи нахустин қонуниятҳою ҳодисаҳои демографӣ дар охири асри ХV11 гузаронида шудаанд. Лекин ҳамчун илми мустақил демография дар охири асри Х1Х, аввали асри ХХ ба вуҷуд омадааст. Умуман, мафҳум ё вожаи «демография», ки мо истифода мебарем, бори аввал аз тарафи олими франсуз А. Гайара дар асараш «Унсурҳои омори инсон ё демографияи муқоисавӣ» соли 1855 пайдо шуд ва ин илм эътирофи расмии худро дар сессияи конгреси байналмилалии Женева оид ба гигиена ва демография (соли 1882) гирифта, дар аввали асри Х1Х ва аввали асри ХХ паҳн гардид, - гуфт С. Исломов. - Дар «Унсурҳои омори инсон ё демографияи муқоисавӣ» А. Гайара қабл аз ҳама дар бораи нигоҳ ба аҳолӣ аз нуқтаи назари таносуби зист – сол, фавт, таваллуд ва муҳоҷират андешаронӣ намуда, омори инсонро аз нуқтаи назари нишондиҳандаҳои гуногун ба тадқиқ гирифтааст.
Дарк кардани афзоиши нуфус вазифаи асосии илми демография буда, ин илм ба таври умум нақши афзояндаи раванди истеҳсолот ва ҷамъиятро муайян мекунад. Гуруҳе чунин мешуморад, ки демография танҳо дар бораи таваллуди фарзанд ва танзими оила асту бас. Ин ақида комилан нодуруст аст. Демография аз рӯйи сохти соҳавӣ назариявӣ, таърихӣ, этникӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра шуда, мувофиқи принсипҳои аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кардани мақсади сиёсии демографӣ, характери комплексии сиёсии демографӣ, самаранокии сиёсии демографӣ, инсонпарварии сиёсии демографӣ ва демографӣ будани сиёсати демографӣ амал мекунад. Демография ҳамчун илм дар навбати худ қонунҳои рушди нишондиҳандаҳои тавлиди аҳолӣ, фавти аҳолӣ, сифати аҳолӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ, никоҳ, пошхӯрии оила ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Саволе ба миён меояд, ки одам таваллуд мешавад, мемирад, яке даҳ фарзанд таваллуд мекунад, дигаре як ё ду. Инро чӣ тавр метавон ба доираи қонун даровард? Илми демография собит намудааст, ки агар рақамҳои бисёреро доир ба нишондиҳандаҳои демографӣ тарҳу ҷамъ карда, тамоюли онро дида бароем, қонуниятҳои номбаршударо мушоҳида кардан ва аз рӯйи ин қонуниятҳо тадқиқот бурдан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки то соли 2016 ҳам дар мамлакатҳои тараққикарда ва ҳам дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд коэффитсенти тавлиди аҳолӣ қариб ду баробар коҳиш ёфтааст. Ин раванд дар мамлакатҳои тараққикарда бештар ва дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ камтар ба назар мерасад. Дар аксар мамлакатҳои Аврупо таваллуд нисбат ба фавт камтар аст. Аз ин метавон хулоса кард, ки дар баробари пешравию тараққиёти иқтисодии давлатҳо шумораи таваллуд дар онҳо торафт камтар мешавад. Ин як қонуни демографист. Дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон дар миёни солҳои 1960-2016 ба ҳар ҳазор сар аҳолӣ таваллуд аз 33,7 то 20 нафар кам шудааст. Бинобар ин, суръати афзоиши аҳолӣ ҳам дар кураи Замин батадриҷ кам мешавад. Ин як қонуни демографист, ки ба тараққиёти ҷамъият вобастагӣ дорад.
Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна низ аз раванди коҳишёбии таваллуд дар канор набудаанд. Аз соли 1960 то соли 2016 аз 45,1 нафар таваллуд ба ҳар ҳазор сар аҳолӣ ба 26,6 нафар поён рафтааст. Аз ҷумла дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон – Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таваллуд торафт кам мешавад. Хоса баъди ҷанги шаҳрвандии соли 1992 дар ҷумҳурӣ якбора шумораи аҳолӣ коҳиш ёфт.
Мувофиқи як тадқиқоти сотсиологие, ки мо анҷом додем, ба саволҳои падару модари шумо чанд фарзанд доштанд, худи шумо чанд фарзанд доред ва маслиҳати шумо ба фарзандон чанд фарзанд доштан аст, маълум шуд, ки падару модар ба ҳисоби миёна 5,8 фарзанд, худи пурсидашудагон 3,5 фарзанд доштаанд ва маслиҳати онҳо ба фарзандонашон доштани 3 фарзанд будааст. Аз рӯйи натиҷаи ин тадқиқот муайян карда шуд, ки мардуми ҷумҳурӣ ба тадриҷ рақамҳои пасттари таваллудро интихоб мекунанд.
Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ, капиталистӣ ва демократӣ коэффитсенти фавт тафовут дорад. Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққии демократӣ дараҷаи фавти аҳолӣ нисбат ба мамлакатҳои тараққикардаи капиталистӣ ва сотсиалистӣ кам аст. Дар Тоҷикистон, ки дар асри гузашта нишондиҳандаи фавти аҳолӣ хеле баланд буд, айни замон кам шуда, ба ҳар ҳазор нафар 3,8- 4 нафар рост меояд.
Ҳоло дар ҷаҳон дар сабабҳои фавти аҳолӣ тағйироти калон ба мушоҳида мерасанд. Дар соли 1907 дар сабабҳои фавт ҷойи якумро касалиҳои узвҳои нафаскашӣ, ҷойи дуюмро системаи гардиши хун, ҷойи сеюмро инфексияи бактериявӣ ва ҷой чорумро саратон мегирифта бошанд, дар соли 2016 касалиҳои гардиши хун ба ҷойи аввал, бемориҳои номаълум ба ҷойи дуюм ва саратон ба ҷойи сеюм баромаданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои демографии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра 31 декабри соли 2009 Консепсияи сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 – ро қабул намуд. Натиҷаҳои иҷрои ин барнома, ки соли 2016 нашр гардид, аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо баҳои баланд гирифт.
Яке аз масъалаҳои муҳим ба таври дурусту аниқ дарк намудани моҳияти танзими оила ба шумор меравад. Танзими оила аз тарафи зану шавҳар озодона қабул намудани қарор оид ба теъдоди фарзандон дар оила, муайян кардани фосилаи таваллуди фарзандон мебошад. Дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон танзими оила аз тарафи давлат ба назар гирифта мешавад.
Танзими оиларо метавон ба се шакл ҷудо кард. Якум, шакли инсонбадбинӣ, агрессивӣ, Дуюм, шакли маъмурӣ, сеюм, шакли демократӣ. Тибқи он давлат бояд аҳолӣ ва сифати аҳолиро баланд бардошта, афкори демократии аҳолиро танзим диҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакл ҷорӣ шудааст ва вобаста ба ин дар танзими оила ва шумораи таваллуд ягон намуди фишороварӣ истифода бурда намешавад. Марду зан бо мақсади рушди ҷамъият ва бо салоҳдиди худ оиларо ба танзим медароранд.
Баланд шудани сифати аҳолӣ, инкишофи принсипҳои демократӣ дар ҷамъият ва оила, боло бардоштани сатҳи зиндагӣ омилҳое мебошанд, ки аз як тараф сабабгори камфарзандӣ ва аз тарафи дигар беҳтар шудани тарбияи фанзандон мегардад. Лекин бояд гуфт, ки на ҳамаи оилаҳо дар танзими оила иштирок мекунанд. Тибқи як назарпурсии мо доир ба сабабҳои серфарзандӣ миёни 1500 оила муайян карда шуд, ки 32,2 фоизи мардҳо ва 37,3 фоизи занҳо дар ин масъала ягон сабаб нишон дода наметавонанд.
Дар баробари рушди ҷомеа моделҳои демографӣ низ дигар мешаванд. Модели демографӣ гуфта таносуб миёни фавти аҳолӣ ва таваллули аҳолӣ фаҳмида мешавад. Дар Тоҷикистони мо то ҷанги шаҳрвандӣ шумораи таваллуд ба ҳар ҳазор нафар 43 нафар рост меомад. Ин ба модели анъанавӣ дохил мешавад. Тоҷикистон батадриҷ аз модели анъанавӣ ба модели прогрессивӣ мегузарад.
Афзоиши босуръати аҳолӣ ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Тарафи мусбаташ ин аст, ки дар оила теъдоди мададрасонҳо зиёд мешавад, иқтидори моддию маънавии оила афзун мегардад. Аз тарафи дигар, пешрафти замони муосир фарзандони дорои сифати баландро тақозо дорад, ки бисёрфарзандӣ на ҳамаша ин талаботро қонеъ гардонида метавонад. Яъне, пастшавии сатҳи таваллуд ба талаботи рушди ҷомеа пайваста амалӣ шуда истодааст.
Тадқиқоти демографӣ муайян карданд, ки яке аз омилҳои асосии баланд шудани раванди тавлиди аҳолӣ дар Тоҷикистон ба зиндагии аксарияти аҳолӣ дар деҳот вобаста мебошад. 73 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад ва сабаби серфарзандӣ дар деҳот нисбат ба шаҳр дар он аст, ки аҳамияти иқтисодии серфарзандӣ дар деҳот баланд буда, шарти асосии тараққиёти оилаҳо мебошад.
Оё суръати афзоиши аҳолии кишвар метавонад яке аз сабабҳои асосии буҳрони иқтисодӣ гардад? Бале, метавонад. Давлат барои дучор нашудан ба чунин буҳронҳо ва пешгирии онҳо қабл аз ҳама дараҷаи афзоиши аҳолиро бояд барои 10-20 соли оянда пешбинӣ намояд ва дар асоси он тадбирҳои мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ андешад.
Ба эътибор гиифтани илми демография ба рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои сармояорӣ ва соҳибкорӣ низ аҳамияти калон дорад.

Н. ХУДОЙБАХШОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: