Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «ФИРОРИ МАҒЗҲО» ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

«ФИРОРИ МАҒЗҲО» ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

15-03-2017, 10:22
Хабарро хонданд: 603 нафар
Назарҳо: 0
«ФИРОРИ МАҒЗҲО» ВА  АМНИЯТИ МИЛЛӢ
«Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, 20.01.2016)


Дар адабиёти илмӣ таърифҳои гуногуни мафҳуми «фирори мағзҳо» вуҷуд дорад. Зери мафҳуми мазкур одатан, раванди талафоти зеҳнӣ дар натиҷаи аз мамлакат рафтани кадрҳои илмӣ фаҳмида мешавад. Ба таври дигар, «фирори мағзҳо» ин аз даст додани сармояи ақлӣ-яке аз захираҳои нисбатан муҳими ҷомеаи муосир ба шумор меравад.
Муҳоҷирати зеҳнҳо моҳиятан чун зуҳуроти глобалӣ ташаккул ёфтааст, ки он дар ояндаи наздик ба тақсимшавии имконпазири қувваҳо (иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва ғ.) дар арсаи байналмилалӣ таъсири амиқ мерасонад. Дар чунин шароит муайян намудани стратегияи муносибати давлатҳо, хусусан дар соҳаи амният, бе дарки назариявии мафкураҳо ва нишондодҳо, ки ҳадафҳо ва доктринаҳои субъектҳои муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳанд, имконнопазир аст. Дар ин маврид масоили марбут ба нигоҳдорӣ ва рушди захираҳои зеҳнӣ дар кишвар ва хусусан, ҳалли мушкилоти «фирори мағзҳо» (ҳам дохилӣ, яъне гузариш аз соҳаи илм ба соҳаҳои дигари фаъолият ва ҳам берунӣ) аҳамияти муҳим пайдо мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки муҳоҷирати зеҳнҳо муваққатӣ ва доимӣ мешавад. Муҳоҷирати муваққатии зеҳнҳо-ин яке аз шаклҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, метавонад дар шаклҳои гуногун амалӣ шавад: мубодилаи илмӣ, таҳқиқотҳу коркардҳои муштараки илмӣ ва татбиқи амалии онҳо. Чун қоида, вай дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг амалӣ гардида, аслан аз хоҳиш ва иродаи кишваре, ки ба чунин шакли ҳамкорӣ майл дорад, вобаста аст.
Муҳоҷирати доимии зеҳнҳо, яъне муҳоҷирати зиёиёни илмӣ, ки симои фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаро муайян мекунанд, ба мамлакатҳои дигар ва ба муҳлатҳои зиёд (баъзан якумра), фаҳмида мешавад. Аз кишвар рафтани мутахассисони баландихтисос, инчунин донишҷӯён, аспирантҳо ва коромӯзон низ чун «фирори мағзҳо» арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ, тадқиқи масъалаи «фирори мағзҳо» дар марҳилае, ки илм ва технологияҳои нав барои рушди иқтисод ва беҳбудии иҷтимоии ҷомеа аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунад, ногузир зарурати баррасии ин падидаро дар чаҳорчӯбаи рушд ва амнияти миллии кишвар ба миён меорад.
Проблемаи муҳоҷирати зеҳнӣ дар пасманзари рушд ва амнияти ҷомеаи муосир, дар чорраҳаи ду қисмати масъалаҳои мураккаб: илм ва амният аз як тараф, муҳоҷират ва амният аз ҷониби дигар, қарор дорад. Дар иртибот ба қисмати аввал метавон гуфт, ки тавонмандии ҷомеа дар шароити имрӯза чун муҳимтарин омили амнияти миллии давлат зуҳур мекунад. Хусусияти хоси оғози садсолаи нав ин аст, ки аҳамияти муҳими дастовардҳои илмӣ дар ташаккули низоми амнияти байналмилалӣ, танҳо бо соҳаи мудофиавӣ маҳдуд намешавад. Илм дар маҷмӯъ, бунёди мафҳуми «амният»-ро ташкил медиҳад, бинобар ин, мушкилоти «фирори мағзҳо» аз кишварро наметавон бе дахолат намудан ба масоили амният таҳлилу арзёбӣ намуд.
Дар гузашта нақши илм дар доираи амният фақат аз нуқтаи назари ҳарбӣ баррасӣ мешуд. Вале дар заминаи пайдоиши донишҳои нав, ки бахусус, ба қарни ХХ хос буд, худи табиату моҳияти ҷанг ва ихтилофоти ҳарбӣ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Масалан, истифодаи аслиҳаи босуръат тактикаи бурдани амалиёти ҳарбиро ба куллӣ дигаргун сохт ва кашфи неруи атомӣ ва ба вуҷуд омадани аслиҳаи ядроӣ-ракетӣ дар миёнаҳои асри гузашта, ба характери глобалӣ гирифтани ҷанг мусоидат намуд. Пешрафти илмӣ-технологии даҳсолаи охир, қабл аз ҳама, ривоҷи васеи технолгияҳои нав ва афзудани омилҳои иттилоотӣ, боиси тағйироти навбатӣ дар ҷанбаҳои ихтилофоти ҳарбӣ гардид. Дар шароити муосир аслиҳаи ядроӣ ва қувваҳои мусаллаҳи қудратманд наметавонанд дар муқобили терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилона муқовимат нишон диҳанд. Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза нақши илм дар раванди амният на танҳо дар тавлиди аслиҳаи нав ифода меёбад, балки пешрафти илмӣ-техникӣ худи сохтори неруҳои мусаллаҳро муайян месозад.
Бояд зикр намуд, ки илм барои омилҳои ғайриҳарбии амнияти миллӣ низ нақши ҳалкунанда дорад. Таърихи замони муосир шаҳодат медиҳад, ки давлати аз нигоҳи ҳарбӣ хеле муқтадир, агар ҳифзи омилҳои ғайриҳарбии амнияти миллиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намонад, пешсафии худро дар арсаи ҷаҳонӣ аз даст медиҳад. Ба ҷумлаи чунин омилҳо метавон амнияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ, экологӣ ва дигар омилҳои амниятии муосирро дохил намуд, ки дар ташаккули онҳо дастовардҳои илми муосир нақши ҳалкунанда доранд. Маҳз ба ин хотир, илм ва амният чун маҷмӯи проблемаҳои махсусе шинохта мешаванд, ки дар доираи он баррасии масъалаи «фирори мағзҳо» аҳамияти муҳим пайдо мекунад.
Дар тафаккури сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи ғарбӣ кӯшиши иртибот додани муҳоҷират бо амният борҳо дар марҳалаҳои тағйироти харобиовари иҷтимоӣ ва таҳаввулоти азими иқтисодӣ, ки муҳоҷирати оммавии одамонро ба ҳамроҳ дошт, ба миён меомад. Масалан, буҳрони иқтисодӣ ва маҳдудшавии бозори меҳнат дар Аврупо дар оғози солҳои 1970 роҳбарияти кишварҳои аврупоиро водор намуд, ки сиёсати «дарҳои боз»-ро барои аҳли Осиё ва Африқо тағйир диҳанд. Он солҳо тафовути фарҳангӣ ба хубӣ ҳувайдо гардид, паҳншавии бемориҳои гуногун, афзудани бекорӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ ва дигар падидаҳои вобаста ба муҳоҷирати оммавӣ барои рушди ҷомеаи аврупоӣ хатар ба вуҷуд овард. Дарки таҳдид ба шаклҳои гуногуни амният дар солҳои 1980-1990 боиси ба вуҷуд омадани сиёсати нави кишварҳои Ғарб дар соҳаи муҳоҷират гардид, ки он ошкоро ҷанбаи маҳдудкунанда (ё интихобӣ) дошт.
Дар Русия ва кишварҳои узви ИДМ бошад, иртибот додани муҳоҷират бо амният баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, вобаста ба муҳоҷирати оммавии аҳолӣ дар қаламрави пасошӯравӣ ва берун аз ҳудуди он, дарк карда шуд. Маҳз дар ҳамин марҳила масъалаи мазкур мавриди таҳлилу таҳқиқи олимону коршиносон қарор гирифт. Ин барои ҷумҳуриҳои навтаъсис мушкили нав маҳсуб мешуд, чунки дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба ҷуз амалан манъ кардани муҳоҷират, сиёсати дигари муҳоҷиратӣ вуҷуд надошт. Бинобар ин, агар барои Ғарб таҳдидҳо вобаста ба мавҷи муҳоҷират аз Аврупои Шарқӣ аз таҷрибаи даҳсолаҳои пеши ин кишварҳо фарқияте надошта бошад, пас ин таҳдид барои Русия ва ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ нав буд. Гарчанде муҳоҷирати зеҳнҳо аз Русия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҷанбаи оммавӣ нагирифта бошад ҳам, вале ҷанбаи интихобӣ доштани сиёсати муҳоҷиратии Ғарб боиси рафтани кадрҳои баландихтисос аз ин кишварҳо гардид, ки ин, бешубҳа, барои амнияти онҳо як таҳдид ба шумор мерафт.
Дар сурати дар пасманзари амният то проблемаи муҳоҷирати зеҳнӣ маҳдуд кардани доираи тадқиқот, масъала содатар мешавад. Ҳатто ҳангоми баррасии аввалини «фирори мағзҳо», дар хусуси хатари он ба амният метавон натиҷагирӣ кард. Зеро ки миёни муҳоҷират ва амният робита ва вобастагии муайяни дуҷониба вуҷуд дорад. Яъне аз як тараф, амнияти ҷомеа ва давлат ва аз ҷониби дигар, амнияти одамон, ки мавҷи муҳоҷиратро ташкил медиҳанд, қарор мегирад. Аммо ҳангоми омӯзиши муҳоҷирати зеҳнҳо, маҳз амният дар сатҳи давлатӣ муҳим мебошад, чунки он на танҳо ба амнияти берунии давлат (қобилияти мудофиавии он), балки тавассути таъсиррасонӣ ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ-техникии ҷомеа, ба амнияти дохилии давлат низ таъсир мерасонад.
Бояд тазаккур дод, ки амнияти миллӣ аз амнияти ҳарбӣ, иқтисодӣ, демографӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ ва ғайра иборат аст. Вале аз кишвар рафтани кадрҳои баландихтисос барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ, ба ин ё он тарз, амниятҳои зикршударо халалдор месозад, чунки худи мавҷудият ва рушди минбаъдаи илмро таҳти хатар қарор медиҳад. Аз ин рӯ, масъалаи «фирори мағзҳо» дар пасманзари амнияти миллӣ аҳамияти муҳим пайдо мекунад.
Зимни баррасии масоили марбут ба «фирори мағзҳо» ва амнияти миллӣ дар адабиёти илмии муосири Ғарб ва Россия мафҳуми «амнияти зеҳнӣ» мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифтааст. Қобили қайд аст, ки мафҳуми мазкур то имрӯз аз ҷониби муаллифони ҷумҳурии мо мавриди истифода қарор дода нашудааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи «амнияти зеҳнӣ» дар чаҳорчӯби амнияти миллӣ барои Тоҷикистон дар замони муосир аҳамияти муҳим пайдо мекунад, ки ин сабабҳои худро дорад: аввалан, миқёс ва фарогирии худи масъалаи таъмини амнияти зеҳнӣ ва ҳамчун натиҷа мураккабии нигоҳдорӣ, зиёд намудан ва истифодаи самараноки нерӯи зеҳнии мамлакат; дуюм, амнияти зеҳнӣ, бешубҳа, яке аз рукнҳои муҳими амнияти миллӣ маҳсуб мешавад, ба он хотир, ки он таъминоти илмӣ ва фаъолияти ҷузъҳои дигари амнияти миллиро муайян мекунад.
Зери мафҳуми амнияти зеҳнӣ масоили марбут бо нерӯи зеҳнии миллат, нигоҳдории маҳсули меҳнати фикрӣ, ҳимояи моликияти зеҳнӣ фаҳмида мешавад. Нигоҳи олимон ва мутахассисон оид ба шарҳи мафҳуми «амнияти зеҳнӣ» мухталиф аст. Аксарият онро дар маънии маҳдуд, бо тавсифи баъзе ҷиҳатҳои ин мафҳуми гуногунпаҳлу баррасӣ менамоянд. Алоқаманд намудани амнияти зеҳнӣ бо фаъолияти фикрии инсон имконият медиҳад, ки дар ин замина ба масъалаи муҳоҷирати зеҳнҳо ё «фирори мағзҳо» дахл карда шавад. Маълум, ки дар ин росто масъалаи «фирори мағзҳо» яке аз мушкилоти асосии соҳаи мазкур маҳсуб мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ оид ба масъалаи мазкур таҳқиқоти мушаххас баргузор нашудаст ва дар сохторҳои дахлдори давлатӣ низ маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Лекин мушоҳида ва таҳлили вазъи имрӯзаи муассисаҳои илмӣ ва корхонаю ташкилотҳо метавонад далели арзёбии тахминии талафоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафтани олимону мутахассисон бошад. Масалан, тибқи маълумоти Раёсати марказии омори РСС Тоҷикистон соли 1985 аз теъдоди умумии кормандони илмӣ номзадҳои илм 3074 нафарро ташкил медоданд, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳолати имрӯза тақрибан 300 нафар зиёд аст. Дар сохтори Академияи илмҳои ҶТ бошад, дар ин давра (с.1985) миқдори кормандони илмӣ 1514 нафар, аз ҷумла 656 нафар номзади илм буданд. Вале тибқи ҳисобот оид ба фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ миқдори кормандони илмӣ 1061 нафар буда, аз ин 270 номзади илм мебошанд. Тавре ки мебинем, теъдоди умумии кормандони илмии Акдемияи илмҳо нисбат ба соли 1985 алҳол 453 нафар ва теъдоди номзадҳои илм 380 нафар кам аст.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки чунин вазъият танҳо хоси Академияи илмҳо набуда, балки дигар муассисаҳои илмии ҷумҳуриро низ фаро гирифтааст ва норасоии олимони соҳибунвон ва мутахассисони варзида ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфтааст, ки он метавонад ба шаклҳои мухталифи амният нақши муассир гузорад. Бояд таъкид намуд, ки нарасидани «зеҳнҳо»-олимону мутахассисон дар муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ имкон дорад боиси фаъолияти камсамари онҳо гардад. Камфаъолиятӣ ва камсамарии меҳнати олимону мутахассисон, кормандон ва сохторҳои марбута боиси заиф гардидани шаклҳои гуногуни амният-иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ гардида, дар маҷмӯъ, метавонанд ба амнияти миллӣ низ таъсири муайян расонад.
Раванди «фирори зеҳнҳо»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, бояд зикр кард, ки ин ҷо, моҳиятан дар бораи «гардиши мағзҳо», ки имрӯз дар адабиёти илмии Ғарб хеле маъмул аст, сухан рондан мушкил аст. Албатта, теъдоди муайяни ба ном «бозгаштагон», ки ин таҷриба дар кишварҳои дигар низ ҷой дорад, инчунин қисмати ками мутахассисонеро, ки аз кишварҳои хориҷӣ (Чин, Эрон, Афғонистон ва ғ.) муваққатан барои кор ё таҳсил ба Тоҷикистон меоянд, ба инобат гирифтан мумкин. Лекин инҳо ҳаргиз наметавонанд омили муҳими рушди иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ гардида, манзараи воқеиро тағйир диҳанд, зеро теъдоди онҳо ба теъдоди он муҳоҷироне, ки аз ҷумҳурӣ рафтаанд, муқоисанашаванда аст. Дар хусуси ҳамчун муҳоҷир ба кишвари мо омадани олимону мутахассисон аз кишварҳои рушдёфта ё хориҷаи дур маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Бинобар ин, «гардиши мағзҳо» ё «мубодилаи мағзҳо» ҳамчун раванди глобалӣ дар ҷумҳурии мо наметавонад нақши муайян дошта бошад, зеро ки мавҷудияти худи он мушоҳида намешавад.
Муҳоҷирати зеҳнҳо аз Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфта, айни ҳол идома дорад. Сабабҳое, ки боиси кӯчиши кадрҳо аз ҷумҳурӣ маҳсуб мешуданд, ҳанӯз рафъ нагаштаанд. Муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ дар марҳилаи аввали истиқлолият ба авзои сиёсии ҷумҳурӣ иртибот дошта бошад, пас солҳои минбаъда дар ин самт омилҳои дигар, дар мадди аввал, омили касбиро бояд ёдовар шуд, ки хусусият ва моҳияти меҳнати фикрӣ ба ин бештар мусоидат мекунад. Аз таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки аксарият хоҳиши ба хориҷа рафтани худро дар набудани имкониятҳо барои амалӣ намудани дониш ва нерӯи худ дар мамлакат вобаста медонистанд.
Бояд эътироф намуд, ки буҳрони имрӯзаи илми ватанӣ яке аз оқибатҳо ва ҳамзамон сабаби муҳоҷирати «зеҳнҳо» дар тӯли солҳои охир ба шумор меравад. Лекин ба масъалаи мазкур аз паҳлуи дигар назар афканем, манзараи дигаре пеши мо ҷилвагар мешавад. Олимони мо чун дастпарварони мактабҳои бузурги илмии Шӯравӣ берун аз кишвар, чи дар хориҷаи дур ва чи наздик, харидорони зиёд доранд ва ҳар кишвар онҳоро бо хоҳиши зиёд қабул менамояд. Ғайр аз ин, бо мақсади ҷалби онҳо ба кишварҳои манфиатдор (хориҷаи дур ва кишварҳои ИДМ) ташвиқот ва воситаҳои ҳавасмандӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин маврид, бешубҳа, масъалаи амнияти миллӣ зуҳур намуда, тарғибу ташвиқотро дар ин самт чун амали зараровари кишварҳои дигар арзёбӣ намудан мумкин аст.
Дар ёд дорем, ки дар замони шӯравӣ ва ҳатто солҳои аввали давлатдории навини тоҷикон ба хориҷа рафтан дар назари ҳамватанони мо ҳамчун хиёнат арзёбӣ мешуд, вале имрӯз муносибат шакли дигар гирифтааст. Аксарият онро на танҳо маҳкум намекунанд, балки онро ба пуррагӣ мепазиранд.
Имрӯз фазои ягонаи таҳсилот, ки илҳомбахш ва ташвиқкунандаи он кишварҳои аврупоӣ ва худи Амрико мебошанд, воситаи хуби ҷалби ҷавонони боистедод аз кишварҳои ақибмонда ва пур кардани ҷойҳои холӣ дар пажӯҳишгоҳ ва озмоишгоҳҳои илмии кишварҳои номбурда мебошад. Тибқи талаботи ин низоми таълим, ҷавонони лаёқатманд аз кадом кишваре набошанд, имкон пайдо мекунанд, ки дар Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ омада, дар муассисаҳои таълимии онҳо таҳсилро идома диҳанд ва барои зиндагию фаъолияти минбаъдаи худ ин кишварҳоро интихоб намоянд. Яъне ҷавононро ба зиндагии хуб тавассути муҳоҷират ҳавасманд месозанд. Аз ин ҳисоб кишварҳое, ки дар ҳолати ақибмонии иқтисодӣ қарор доранд, зарар мебинанд, зеро ки «зеҳнҳои» беҳтарини онҳо дар ҳамин кишварҳо мемонанд.
Мушкилоти дигари ин самт, ки дар ҷумҳурии мо бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, ин масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ мебошад. Бо рафтани олимони ҷавон ба хориҷа ё ба дигар соҳаҳои фаъолият гузаштани онҳо, ин масъала боз ҷиддитар мешавад, зеро дар соҳаи илми ҷумҳурӣ хавфи аз байн рафтани насли миёнаи олимон ба миён омадааст. Таҳлили фаъолияти сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба соҳаи илм собит месозад, ки дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонда мешаванд. Ин ҷо аз таъсиси технопаркҳо ва қабули як қатор барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди илм, тарбияи кадрҳои илмӣ ва ғайра ёдовар шудан мукин аст, ки онҳо то андозае барои пешгирӣ намудани «фирори мағзҳо» ва таъмини муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ бо олимону мутахассисон мусоидат хоҳанд кард. Аммо таҳлилҳо собит месозанд, ки ин тадбирҳо ҳанӯз наметавонанд ба пуррагӣ раванди муҳоҷирати «зеҳнҳо»-ро дар ҷумҳурӣ боздоранд. Барои ҳалли мушкилоти мазкур, дар мадди аввал, стратегияи комплексии амиқ ва илман асоснок зарур аст. Дар хусуси ба роҳ мондани сиёсати мақсаднок барои ҳалли ин масъала дар сатҳи вазорату идораҳо ҳанӯз тадбирҳо ва пешниҳодоти дақиқ вуҷуд надорад. Ҳатто барои муайян намудани маълумотномаи оморӣ оид ба масъалаи муҳоҷирати «зеҳнҳо» аз ҷониби мақомотҳои дахлдор кӯшишҳо мушоҳида намешаванд.
Бояд зикр намуд, ки масъалаи ба хориҷа рафтан ё нарафтан, аслан бояд дар ихтиёри ҳар як шаҳрванд бошад. Албатта, дар ҳалли масъалаи мазкур ба инобат нагирифтани озодии интихоб ғайриимкон аст. Зеро ки дар чаҳорчӯбаи кӯшишҳои бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ин хеле муҳим аст, лекин ин гуна озодӣ то ҳадде бояд риоя шавад, ки он ба манфиатҳои ҷомеа, соҳаи муайян ва ашхоси алоҳида зиён нарасонад.
Ин ҷо масъалаи идеология ба миён меояд ва аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар ин маврид он чандон мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтааст. Магар идеология дар тамоми давру замонҳо аслиҳаи тавонотарини мустаҳкамии давлат набуд? Оё дар аксари давлатҳои демократӣ ҳозир ҳам чунин мақом надорад? Магар ғояи умумимиллии мо-муттаҳидсозӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар ин замина таъмини пешравӣ ва рушди кишвар нест? Аз ин рӯ, мафҳумҳои ваҳдату ягонагӣ бояд дар маънои васеи он фаҳмида шавад ва он тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла теъдоди бузурги муҳоҷирон ва хусусан, «зеҳнҳое»-ро, ки имрӯз дар хориҷи кишвар қарор доранд, низ ба пуррагӣ фаро гирад. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар куҷое, ки набошанд, барои бунёди ҷомеаи пешқадаму замонавӣ дар ин сарзамин бояд саҳмгузор бошанд ва неруи созандаи худро баҳри рушди устувор ва таъмини амнияти комили Ватан сарф намоянд.

Абдураҳмон Қурбонов,
доктори илми фалсафа, Сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимои
МТС назди Президенти ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: